Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи табдил додани муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба муассисаи давлатии "Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"
(фармони Президенти ҶТ аз 15.07.2025
№1047)
Мутобиқи моддаҳои 58 ва 59 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
1. Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба муассисаи давлатии "Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" табдил дода шавад.
2. Оиннома ва сохтори муассисаи давлатии "Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1 ва 2).
3. Вазоратҳои маориф ва илм, молия, рушди иқтисод ва савдо бо тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявии марбут ба муассисаи давлатии "Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро ҳал намоянд.
4. Шумораи умумии воҳидҳои кории муассисаи давлатии "Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" 480 нафар (бо дар назар доштани ҳайати хизматрасон) муқаррар ва маблағгузории он аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ тибқи қабули шумораи донишҷӯён амалӣ карда шавад (№1047).
5. Лимити мошинҳои хизматӣ барои муассисаи давлатии "Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба микдори 5 адад муқаррар карда шавад.
6. Маоши кормандони муассисаи давлатии "Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо маоши хизматчиёни давлатии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар карда шавад.
7. Фармонҳои зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:
- аз 26 августи соли 2013, №1502 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- аз 6 марти соли 2014, №174 "Дар бораи Оинномаи Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
29 феврали соли 2020 № 1463