Замимаи 1
ба фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 феврали соли 2020, №1463
Оинномаи муассисаи давлатии "Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"
1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Муассисаи давлатии "Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" (минбаъд - Академия) дар заминаи муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" таъсис дода шудааст.
2. Академия муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти баъд аз муассисаи олии таълимӣ буда, барномаи таълимӣ, корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибаомӯзии мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ ва фармоиши давлатиро оид ба тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос, таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
3. Муассиси Академия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ваколатҳои муассис (ғайр аз ваколатҳои истисноии муассис) аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
4. Академия шахси ҳуқуқӣ буда, дорои тавозуни муҳосибии мустақил ва суратҳисоб бо пули миллӣ дар хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва барои амалисозии амалиёти ҳисоббаробаркунӣ ва қарзӣ аз ин суратҳисоб истифода мебарад.
5. Академия дар асоси ҳуқуқи идоракунии оперативӣ дорои молу мулк мебошад, аз номи худ ухдадориҳо қабул ва иҷро мекунад ва дар суд ба сифати даъвогар ва ҷавобгар баромад мекунад.
6. Академия дорои муҳри мудаввар бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи пурраи худ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, логотип, муҳри чоркунҷа, бланк ва дигар аломатҳои муайянкунанда мебошад.
7. Маблағгузории фаъолияти Академия аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, маблағҳои махсуси Академия ва дигар манбаъҳои маблағгузорие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.
8. Академия дорои ҳуқуқи фаъолияти таълимӣ, илмиютадқиқотӣ, табъу нашр, гузаронидани курсҳои таълимӣ ва ҳамчунин хизматрасониҳои пулакие мебошад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
9. Номи расмӣ:
- бо забони тоҷикӣ - муассисаи давлатии "Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон", дар шакли ихтисоршуда -АИД назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бо забони русӣ - государственное учреждение "Академия государственного управления при Президенте Республики Таджикистан", дар шакли ихтисоршуда - АГУ при Президенте Республики Таджикистан;
- бо забони англисӣ - state institution "Academy of Public Administration under the President of the Republic of Tajikistan", дар шакли ихтисоршуда - АРА under the Republic of Tajikistan.
10. Суроғаи ҳуқуқии Академия: 734003, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи ба номи Саид Носир, 33, Тел. +992 (37) 224-17-86. Факс (37) 228-92 20. (info@ара.tj).
2.ВАЗИФА ВА САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ АКАДЕМИЯ
11. Академия барои пеш бурдани фаъолияти илмӣ, илмию методӣ, таълимӣ ва таҳлилию тадқиқотӣ дар самти идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ таъсис дода шуда, вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:
- тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ;
- тайёркунии мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ;
- гузаронидани тадқиқоти олимон дар соҳаи идоракунии давлатӣ, хизмати давлатӣ ва масоили дигари ба он алоқаманд;
- таҳияи пешниҳоду тавсияҳо оид ба такмили низоми идоракунии давлатӣ, хизмати давлатӣ ва масоили дигари ба он алоқаманд;
- хизматрасонии иттилоотию тахдилӣ, машваратӣ ва тадқикотӣ оид ба идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ;
- баланд бардоштани ифтихори миллию ватандорӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасот, урфу одат ва фарҳанги миллӣ;
- таъминоти илмию таҳлилии барнома ва лоиҳаҳо дар самти идоракунии давлатӣ, хизмати давлатӣ ва масоили дигари ба он алоқаманд.
12.Самтҳои асосии фаъолияти Академия:
- таълимӣ ва таълимию методӣ;
- илмию таҳқиқотӣ;
- иттилоотию таҳлилӣ;
- таҳририю интишорӣ;
- молиявию хоҷагидорӣ;
- робитаҳои байналмилалӣ ва иқтисодии хориҷӣ.
3. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ АКАДЕМИЯ
13.Академия фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру фармоишҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаи мазкур ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
14.Академия ҳуқуқҳои зерин дорад:
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти таълимӣ, таълимию методӣ, илмию-тадқиқотӣ, молиявию хоҷагӣ, табъу нашр ва фаъолияти дигарро амалӣ намояд;
- мустақил ва якҷо бо мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ, муассисаҳои дигари таълимӣ ва илмӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ симпозиумҳо, конференсияҳо, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои илмию тадқиқотӣ, илмию методӣ гузаронад;
- тартиби истифодаи маблағҳои аз сарчашмаҳои дигари буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ба суратҳисоби Академия воридгаштаро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кунад;
- фармоиши давлатиро оид ба тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ ба роҳ монад;
- бо розигии муассис дар доираи маблағҳои пешбинишудаи Академия муассисаҳои таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ, раёсатҳо, факултетҳо, шуъба, марказҳо, бахшҳо, нашриёт, нуқтаҳои фурӯши адабиёти таълимӣ, методӣ, илмӣ, оммавӣ, парки технологӣ, намудҳои дигари хизматрасонии таълимиро ташкил намояд;
- дар лоиҳаҳои байналмилалии таълимӣ, илмӣ, таҳқиқотӣ ва ғайра иштирок намояд.
15.Академия бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгариро барои нигохдории ҳуҷҷатҳо (идоракунӣ, молиявию хоҷагидорӣ, кадрӣ ва ғайра) ба ухдаи худ мегирад.
16.Академия ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад.
17.Дахолати мақомоти давлатӣ ба фаъолияти таълимӣ, илмию- таҳқиқотӣ, молиявию хоҷагӣ ва фаъолияти дигари Академия танҳо дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
4.СОХТОРИ ИДОРАКУНИИ АКАДЕМИЯ
18.Академия ба воситаи мақомоти он идора карда мешавад, ки аз инҳо иборатанд:
- мақоми олии идоракунӣ - муассис;
- мақоми иҷроияи дастаҷамъӣ - шӯрои олимон;
- мақоми иҷроия - ректор.
19.Ба ваколатҳои истисноии мақоми олии идоракунии Академия инҳо дохил мешаванд:
- тасдиқ ва ворид намудани тағйирот ба оиннома ва сохтори Академия;
- таъини ректор ба мансаб ва озод намудани ӯ;
- қабули қарор дар бораи таъсисдиҳӣ, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Академия;
- тасдиқ ва ворид намудани тағйирот ба буҷети солонаи Академия;
- тасдиқи стратегияи рушди Академия барои давраҳои муайян;
- ваколатҳое дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи мазкур пешбинӣ намудааст.
20. Ваколатҳои зерини муассис аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад:
- иштирок ва назорат дар идораи корҳои Академия;
- мувофиқи тартиби муқаррарнамуда гирифтани маълумот дар бораи фаъолияти Академия;
- санҷиш ва баҳогузорӣ ба фаъолияти Академия, тасдиқи ҳисобот ва қабули қарори дахлдор доир ба ҳолатҳои алоҳидаи он;
- шинос шудан бо дафтарҳои муҳосибию ҳуҷҷатҳои дигари Академия;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
21. Мақоми иҷроияи дастаҷамъии Академия шӯрои олимон мебошад, ки барои идораи фаъолияти таълимӣ, илмӣ, таҳқиқотӣ, методӣ, иқтисодӣ, молиявию хоҷагӣ ва фаъолияти дигари сохтории Академия таъсис дода мешавад.
22. Ҳайати шӯрои олимони Академия бо фармоиши ректори Академия таъин карда шуда, роҳбарии онро ректори Академия ба уҳда дорад.
23.Ваколати шӯрои олимони Академия:
- доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба оинномаи Академия ба муассис пешниҳод манзур менамояд;
- доир ба ташкили раванди таҳсил, корҳои илмию тадқиқотӣ дар Академия қарор қабул менамояд;
- буҷети Академия, тавозун ва ҳисоботи молиявии онро ҳамасола мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор медиҳад;
- натиҷаҳои фаъолияти солонаи таълимӣ ва илмию таҳқиқотиро ҷамъбаст намуда, барои беҳтар намудани онҳо тавсияҳо медиҳад;
- масъалаҳои таъсис ва барҳам додани донишкада, раёсатҳо, факултетҳо, кафедраҳо, шуъбаҳо, марказу бахшҳоро баррасӣ ва пешниҳод манзур менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида нақша-ҷадвали ҳарсолаи курсҳои тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатиро бо дар назар доштани пешниҳодҳои мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ ва дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд;
- нақшаҳои кории Академияро тасдиқ менамояд;
- масъалаҳои ташкили раванди таълим, аз ҷумла тағйирёбии таносуби машғулиятҳои гуногуни таълимӣ, илмӣ, илмию методӣ, таҷрибаомӯзӣ, корҳои мустақилона ва амалии донишҷӯён, магистрантҳо ва шунавандагонро ҳаллу фасл менамояд;
- меъёрҳои намунавии вақтро барои ҳисоби ҳаҷми умумии корҳои таълимӣ, илмию методӣ, ки аз ҷониби ҳайати профессорону омӯзгорон иҷро мешаванд, мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тағйир медиҳад ва пурра мегардонад;
- масъалаҳои ташкил ва гузаронидани симпозиумҳо, конференсияҳо ва чорабиниҳои дигари илмию фарҳангиро муайян мекунад;
- номзадҳоро барои дохил шудан ба магистратура, докторантура ва доктор аз рӯи ихтисос баррасӣ ва нисбати онҳо қарор қабул карда, гузаронидан ба вазифаҳои ходими хурд ва калони илмӣ, инчунин додани рухсатии эҷодии 3моҳа, 6-моҳа барои ба анҷом расонидани рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, таҳияи китобҳои дарсӣ ва васоити дигари таълимро тавсия намуда, мавзӯи рисолаҳои номзадиву докториро тасдиқ менамояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имконияти молиявии Академия музди маоши кормандонро аз суратҳисоби махсуси Академия зиёд менамояд;
- ҷиҳати ишғоли вазифаҳои озоди профессорию омӯзгорӣ, вазифаҳои илмӣ ва мудирони кафедраҳо озмун мегузаронад;
- қоидаҳои ҳавасмандгардонии кормандони Академияро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд;
- тартиби ишғол намудани унвонҳои илмӣ ва вазифаҳои кормандони илмию таълимиро баррасӣ ва тасдиқ мекунад;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ба ходимони намоён додани унвони "Доктори фахрии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуда, низомномаи онро тасдиқ менамояд;
- дастурамали фаъолияти илмии Академияро тасдиқ мекунад;
- низомномаҳои воҳидҳои сохтории Академияро тасдиқ менамояд;
- масъалаҳои дигари илмию таълимии вобаста ба фаъолияти Академияро баррасӣ менамояд.
24. Муҳлати ваколати шӯрои олимони Академия 3 сол аст.
25. Фаъолияти шӯрои олимон Академия мутобиқи нақшаи корӣ сурат мегирад, ки он бо пешниҳоди ректори Академия дар ҷаласаи шӯрои олимон баррасӣ ва тасдиқ карда мешавад.
26. Ҷаласаи шӯрои олимон Академия дар сурати иштироки аз се ду ҳиссаи аъзои он салоҳиятнок ҳисобида мешавад.
27. Қарорҳои шӯрои олимони Академия бо овоздиҳии ошкоро ва ҷонибдории аксарияти иштирокчиёни ҷаласа қабул карда мешаванд. Ҳангоми баробарии овозҳо, овози ректори Академия ҳалкунанда мебошад.
28. Ҳангоми гузаронидани озмун барои ишғоли вазифаҳои пешбинишуда овоздиҳӣ пинҳонӣ сурат мегирад. Тартиби овоздиҳӣ дар ҷаласаи шӯрои олимони Академия муайян карда мешавад.
29. Ҷаласаи шӯрои олимон Академия бо протоколҳо ба расмият дароварда мешаванд, ки ба онҳо раиси шӯрои олимон Академия ва котиби он имзо мегузоранд.
30. Ба мақоми иҷроияи Академия ректор роҳбарӣ мекунад.
31. Ваколатҳои ректори Академия:
- ба фаъолияти Академия, муассисаҳои зертобеъ ва воҳидҳои сохтории он роҳбарӣ менамояд;
- дар доираи шумораи воҳидҳои муқаррарнамуда ва тибқи сохтори тасдиқгардида басти вазифаҳо ва музди меҳнат, тақсимоти ухдадориҳои вазифавии омӯзгорон ва кормандони дигари Академияро тасдиқ менамояд;
- қоидаҳои қабули довталабонро ба Академия тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд;
- низомномаи комиссияи қабул, ҳайати комиссияи қабул ва комиссияи имтиҳонҳои давлатиро тасдиқ мекунад;
- мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи мазкур ба фаъолияти таълимӣ, таълимию методӣ, илмию-тадҳиқотӣ, таҳририю интишорӣ, робитаҳои байналмилалӣ ва иқтисодии хориҷӣ, молиявӣ ва хоҷагидорӣ роҳбарӣ менамояд;
меъёрҳои сарбории таълимии профессорону омӯзгоронро тасдиқ мекунад;
- манфиатҳои Академияро дар мақомоти давлатӣ, бонкҳо, ташкилотҳои дигар ва дар назди шахсони воқеӣ ҳимоя менамояд;
- моликият ва маблағҳои пулии Академияро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёрдорӣ мекунад;
- фаъолияти молиявию хоҷагидории Академияро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;
- чораҳои ҳавасмандкуниро дар Академия амалӣ месозад;
- ба шартномаҳо имзо мекунад, ваколатномаҳо медиҳад;
- барои ҳамоҳанг намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ дар самти тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, таҷрибаомӯзӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ ба мақоми ваколатдор дар соҳаи хизмати давлатӣ ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодот манзур менамояд;
- ба фармоишҳое имзо мекунад, ки иҷрояшон барои кормандони Академия ҳатмӣ мебошанд;
- дар доираи маблағҳои пешбинигардида ва тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори Академияро такмил дода, барои тасдиқ ба муассис пешниҳод менамояд;
- дар мувофиқа бо муассис ноиби якум (оид ба таълим) ва ноибони ректори Академияро ба вазифа таъин ва озод менамояд;
- байни ноиби якум (оид ба таълим) ва ноибони ректори Академия вазифаҳоро тақсим мекунад;
- дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон директорони муассисаҳои таълимӣ ва илмиро ба вазифа таъин ва озод менамояд;
- роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони дигари Академияро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва озод менамояд;
- бо кормандони Академия шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ мебандад ва дар ҳолати зарурӣ онҳоро мувофиқи қонунгузорӣ бекор менамояд;
- шӯрои олимон ва ректорат (раёсат)-ро роҳбарӣ менамояд;
- қабул, хориҷ, барқарор, гузариш ва хатми шунавандагон, донишҷӯён, коромӯзон, унвонҷӯён, аспирантҳо ва докторантҳоро амалӣ менамояд;
- бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба тайёр намудан ва бозомӯзии мутахассисон бо дар назар доштани пардохти харҷҳои таҳсил шартнома мебандад;
- оид ба назорат ва иҷрои қарорҳои қабулнамудаи шӯрои олимони Академия ҳар шаш моҳ ба шӯрои олимон ҳисобот медиҳад;
- дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ менамояд.
32. Ректори Академия барои иҷрои ваколатҳои ба зимааш гузошташуда дар самти муқарраргардидаи фаъолият ва ташкили кор дар Академия масъулияти шахсӣ дорад.
33. Барои баррасии масъалаҳои таъҷилии фаъолияти Академия мақоми раёсат (ректорат) Академия таъсис дода мешавад.
34. Шакли асосии фаъолияти раёсати Академия гузаронидани ҷаласаҳо ба шумор меравад. Ҷаласаҳои раёсат вобаста ба зарурати корӣ аз тарафи ректори Академия даъват карда мешавад.
35. Ба ҳайати раёсати Академия ректори Академия, ноиби якуми ректор, ноибони ректор, директорони муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ, сардорони раёсатҳо, деканҳои факултетҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дигари Академия дохил мешаванд.
36. Ректорат ба таври таъҷилӣ масъалаҳои фаъолияти Академияро баррасӣ ва ҳал менамояд.
37. Ҳайати раёсат (ректорат) ва дастури фаъолияти онро ректори Академия тасдиқ мекунад.
38. Дар Академия бо мақсади ташкили раванди таълиму тарбия нуқтаи хизматрасонии тиббӣ фаъолият мекунад.
39. Дар Академия бо мақсади ҳифзи ҳуқукҳои иҷтимоии кормандон ва донишҷӯён ташкилоти иттифоқи касаба таъсис дода мешавад, ки фаъолияташро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.
5.ТАШКИЛИ РАВАНДИ ТАЪЛИМ ДАР АКАДЕМИЯ
40. Дар Академия тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии мутахассисон ба роҳ монда мешавад. Раванди таълим мутобиқи стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
41. Хизматчиёни давлатӣ дар курсҳои тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ дар асоси фармоиши давлатӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
42. Академия тайёркунии касбиро дар шакли бакалавр, мутахассис, магистратура, доктор аз рӯи ихтисос, аспирантура ва унвонҷӯй (шаклҳои рӯзона, ғоибона, шабона ва таҳсилоти дуюм) ба роҳ мемонад. Тартиби ташкил ва таҳсил дар бакалавриат, мутахассис, магистратура, доктор аз руи ихтисос, аспирантура ва унвонҷӯй мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
43. Тайёркунии мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар зинаи таҳсилоти дуюми олии касбӣ дар Академия аз рӯи дараҷаи "мутахассис" омода карда мешаванд.
44. Қабули довталабон ба зинаи магистратура ва таҳсилоти дуюми олии касбии Академия новобаста ба ихтисоси хатмкардаашон ба роҳ монда мешавад.
45. Академия барои таъмини раванди таълими донишҷӯён ва хизматчиёни давлатӣ нақшаи таълимӣ, барномаҳои таълимӣ, ҷадвали дарсҳо ва маводи таълимию методӣ таҳия менамояд.
46. Нақшаҳои таълимӣ, ҷадвали дарсҳо ва барномаҳои Академия мувофиқи талаботи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва стандартҳои дигари зинаи таҳсилоти дахлдор, инчунин дархости фармоишдиҳандагон таҳия ва амалӣ гардонида мешавад.
47. Академия усулҳои бештар пешрафта ва фаъоли раванди таълимро аз рӯи самтҳо, равияҳо, ихтисосҳо дар асоси барнома ва нақшаҳои амалишавандаи таълим муайян мекунад.
48. Соли таҳсил дар Академия барои шакли таҳсили рӯзона шабона, ғоибона ва фосилавӣ аз 1 сентябр то 31 август дар шуъбаи аспирантура аз 1 январ то 31 декабр сурат мегирад.
49. Дар Академия барномаҳои таълимӣ метавонанд дар шакли таҳсили рӯзона, шабона, ғоибона ва фосилавӣ аз худ карда шаванд.
50. Муҳлати таҳсил тибқи қонунгузорӣ дар Академия чунин муқаррар карда шудааст:
- барои дарёфти тахассуси (дараҷаи) "бакалавр" на камтар аз чор сол;
- барои дарёфти тахассуси (дараҷаи) "мутахассис" на камтар аз панҷ сол;
- барои дарёфти тахассуси (дараҷаи) "магистр" на камтар аз ду сол.
51. Тайёркунии касбии хизматчиёни давлатӣ дар доираи шартномаҳо ва бурсияҳои байналмилалӣ дар Академия барои дарёфти тахассуси (дараҷаи) "магистр" на камтар аз як сол ба роҳ монда мешавад.
52. Раванди таълим дар Академия бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, сурат мегирад.
53. Раванди таҳсил дар Академия дар як вақт бо таҳқиқоти илмӣ ташкил карда мешавад.
54. Реҷаи машғулиятҳои донишҷӯён тибқи нақшаҳои таълимӣ ва қоидаҳои тартиботи дохилии Академия муайян карда мешаванд.
55. Академия ба хатмкунандагони аз санҷишҳои ҷамъбастӣ бомуваффақият гузашта ҳуҷҷати намунаи давлатӣ (диплом, шаҳодатнома, гувоҳнома) медиҳад.
56. Ба донишҷӯе, ки барномаи таҳсилоти олии касбиро пурра аз худ накардааст, маълумотномаи академӣ тибқи қоидаҳои тасдиқшуда дода мешавад.
57. Муносибати Академия, сохторҳои таркибии он бо донишҷӯён тибқи қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоиш ва дастурҳои роҳбарияти Академия, қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва қоидаҳои зист дар хобгоҳ ба роҳ монда мешавад.
6. ҲАЙАТИ АКАДЕМИЯ
58. Ҳайати Академияро роҳбарият, профессорону омӯзгорон, ҳайати ёрирасон ва техникӣ, донишҷӯён, шунавандагон, коромӯзон, магистрантҳо, унвонҷӯён, аспирантҳо ва докторантҳо ташкил медиҳанд.
59. Кормандони Академия (ба истиснои ҳайати роҳбарикунанда ва ёрирасон) дар асоси озмун тибқи талаботи пешбининмудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва озод карда мешаванд.
60. Ҳуқуқу уҳдадориҳои кормандони Академия бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаи мазкур, низомномаи воҳидҳои сохторӣ, қоида ва тартиботи дохилии меҳнатӣ ва шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ ба танзим дароварда мешаванд.
61. Академия тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ метавонад олимон ва мутахассисони ватанӣ ва хориҷиро ба фаъолияти омӯзгорӣ ва илмӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намояд.
62. Кафолати иҷтимоии кормандони Академия тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
7. ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ, ИЛМИЮ МЕТОДӢ ВА ТАҲРИРИЮ ИНТИШОРИИ АКАДЕМИЯ
63. Академия таҳқиқоти илмӣ ва илмию методӣ мегузаронад.
64. Омӯзгорон ва кормандони илмии Академия дар мувофиқа бо ректори Академия дар симпозиумҳо, конференсияҳо, семинарҳо ва чорабиниҳои дигари илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок менамоянд.
65. Академия фаъолияти таҳририю интишорӣ, аз ҷумла нашри рӯзнома, маҷалла, маводи таълимӣ, илмӣ ва методиро амалӣ менамояд. Фаъолияти таҳририю интишорӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
66. Академия дорои сомонаи расмии худ буда, дар он мунтазам иттилооти зарурӣ нашр карда мешавад (www.apa.tj).
8.ТАЙЁР КАРДАНИ КАДРҲОИ ИЛМӢ ВА ИЛМИЮ ПЕДАГОГӢ ВА ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ КОРМАНДОНИ АКАДЕМИЯ
67. Ҳайати кормандони илмию омӯзгории Академия тавассути таҳсил дар аспирантура ва доктор аз рӯи ихтисос, коромӯзӣ ва унвонҷӯйӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии касбӣ, илмию таҳқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи он тайёр карда мешаванд. Пешниҳоди рухсатиҳои эҷодӣ ба кадрҳои илмӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
68. Бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ дар Академия шӯрои ҳимояи рисолаҳои илмӣ (диссертатсияҳо) ташкил карда мешавад.
69. Такмили ихтисоси кормандони Академия дар шаклҳои зерин амалӣ мегардад:
- омӯзиш ва таҷрибаомӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи он;
- фаъолияти эҷодӣ аз рӯи нақшаҳои тасдиқгардидаи илмии Академия ва нақшаҳои инфиродии ҳайати профессорону омӯзгорон, унвонҷӯён, аспирантҳо ва докторантҳо.
9. РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ИҚТИСОДИИ ХОРИҶИИ АКАДЕМИЯ
70. Академия робитаҳои байналмилалии худро дар доираи сиёсати байналмилалии давлат, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои хориҷию байналмилалӣ дар асоси шартҳои мутақобилан судманд амалӣ менамояд.
71. Академия ҳуқуқ дорад, ки робитаҳои байналмилалиро дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, баъд аз таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии иловагӣ, фаъолияти илмӣ ва фаъолияти дигар дар шаклҳои зайл амалӣ гардонад:
- даъват намудани омӯзгорон ва мутахассисони варзидаи хориҷӣ барои фаъолияти педагогӣ ва илмӣ;
- фиристодани омӯзгорон, магистрантҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва унвонҷӯёни Академия барои гузаронидани таҳқиқоти илмӣ, таҷрибаомӯзӣ, такмили ихтисос, инчунин ба аспирантура, докторантура ва ба муассисаҳои илмӣ ва таҳсилотии давлатҳои хориҷӣ барои таҷрибаомӯзӣ ва унвонҷӯйӣ;
- иштирок дар барномаҳои дутарафа ва бисёртарафаи мубодилаи донишҷӯён ва кормандони Академия бо дигар давлатҳо дар асоси шартнома (2+2 барои зинаи бакалавриат ва 1+1 барои зинаи магистратура);
- амалӣ намудани лоиҳаҳои таҳқиқотии муштарак;
- таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ дар Академия;
- амалӣ намудани хизматрасониҳои таълимӣ, таълимию методӣ ва илмию машваратӣ бо ташкилотҳо ва шаҳрвандони хориҷӣ;
- гузаронидани конгрессу симпозиумҳо, конференсияҳо, семинарҳо, машваратҳо ва намоишҳои байналмилалӣ;
- таҳкими заминаи муосири таълимию методӣ ва илмии Академия дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ;
- шомил гаштан ба иттиҳодияҳо, ассотсиатсияҳо ва созмонҳои дигари касбии байналмилалӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ба роҳ мондани шӯроҳои дифои муштарак;
- ҳамкорӣ дар шаклҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст.
10. МОЛУ МУЛК ВА ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИЮ ХОҶАГИДОРИИ АКАДЕМИЯ
72. Шарту шароити пардохти музди меҳнати кормандони Академия аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ба шарту шароити пардохти музди меҳнати кормандони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар мебошад.
73. Маблағгузории корҳои таълимӣ, таълимию методӣ, илмию таҳқиқотӣ, иттилоотию таҳлилӣ ва хоҷагӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва махсус амалӣ карда мешавад.
74. Академия аз ҳисоби маблағҳои махсус метавонад ба маоши вазифавии кормандон иловапулӣ муқаррар намояд. Ҳаҷми иловапулӣ ва пардохтҳои дигарро ректори Академия бо дар назар доштани самаранокии фаъолияти корманд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
75. Академия бо мақсади ҷалби мутахассисиони соҳибтаҷриба ва омӯзгорони унвондор аз ҳисоби маблағҳои махсуси Академия дар асоси шартнома маоши тафриқавӣ муайян менамояд.
76. Молу мулки Академия аз фондҳои асосӣ ва маблағҳои гардон, инчунин аз дигар ашё, ки арзиши онҳо дар тавозуни мустақили он сабт гардидааст, иборат мебошад.
11. БАҲИСОБГИРӢ ВА ҲИСОБОТДИҲИИ АКАДЕМИЯ
77. Академия мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи натичаҳои фаъолияти кории худ ҳисоботи муҳосибиро омода мекунад ва аз рӯи шакли муқарраршуда баҳисобгирии муҳосибӣ ва омориро пеш бурда, ҳисоботро дар муҳпати муқарраргардида ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
78. Вазифаи асосии баҳисобгирии муҳосибӣ инҳо мебошанд:
- гирифтани иттилооти дақиқ оид ба фаъолияти хоҷагидорӣ, натиҷаҳои фаъолият ва идоракунии оперативӣ;
- таъмини назорат оид ба мавҷудият ва гардиши пули накд, воситаҳои молиявӣ, меҳнатӣ ва воситаҳои дигар мувофиқи меъёр, ченакҳо ва харҷномаҳо;
- огоҳонидани саривақтӣ аз зуҳуроти номатлуб дар фаъолияти молиявию хоҷагӣ ва сафарбар намудани захираҳои дохилии Академия.
79. Давраи ҳисоботӣ барои Академия аз 1 январ то 31 декабри ҳар сол муқаррар карда мешавад.
80. Академия тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои буҷетиро дар суратҳисоби хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ медорад.
81. Академия баҳисобгирии муҳосибии худро мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.
82. Роҳбарияти Академия ва шахсони дигари масъул барои вайрон кардани тартиби ҳисоботдиҳӣ масъулият доранд.
12. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
83. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи мазкур бо қарори муассис тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
84. Азнавташкилидиҳӣ ва барҳамдиҳии Академия бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Замимаи 2
ба фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 феврали соли 2020, №1463
Сохтори муассисаи давлатии "Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Роҳбарият
Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ
Пажӯҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавӣ
Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ
Маркази омӯзиши "Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон"
Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва корҳои махсус
Раёсати таълим
Раёсати молия ва баҳисобгирӣ
Факултети идоракунии давлатӣ
Факултети дипломатия ва сиёсат
Факултети таҳсилоти фосилавӣ ва таҳсилоти дуюми олии касбӣ
Котибот ва ёвари ректор
Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ
Шуъбаи муҳофизат
Шуъбаи иқтисод ва банақшагирӣ
Шуъбаи хоҷагӣ
Китобхонаи илмӣ
Бунгоҳи тиббӣ
Меҳмонхона
Парки технологӣ