Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, №313
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, №313 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кумакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кумакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд" тағйироти зерин ворид карда шаванд:
- номи қарор дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Дар бораи Тартиби ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнати корманд дар ҳамаи ҳолатҳо (пардохти кафолатнок ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, ҳангоми пардохти музди муҳлати рухсатӣ, ҳангоми пардохти музди меҳнати давраи гузаронидан ба кори дигар), ба ғайр аз музди миёнаи меҳнат ҳангоми таъйин намудани нафақа";
- дар муқаддимаи қарор рақами "116" ба рақами "172" иваз карда шавад.
- банди 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1. Тартиби ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнати корманд дар ҳамаи ҳолатҳо (пардохти кафолатнок ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, ҳангоми пардохти музди муҳлати рухсатӣ, ҳангоми пардохти музди меҳнати давраи гузаронидан ба кори дигар), ба ғайр аз музди миёнаи меҳнат ҳангоми таъйин намудани нафақа тасдиқ карда шавад (замима мегардад).".
2. Ба Қоидаҳои ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кумакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кумакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, №313 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
а) номи Қоидаҳо дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Тартиби ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнати корманд дар ҳамаи ҳолатҳо (пардохти кафолатнок ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, ҳангоми пардохти музди муҳлати рухсатӣ, ҳангоми пардохти музди меҳнати давраи гузаронидан ба кори дигар) ба ғайр аз музди миёнаи меҳнат ҳангоми таъйин намудани нафақа";
б) дар банди 1 калимаҳои "Ҳамин Қоидаҳо тартиби" ба калимаҳои "Тартиби ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнати корманд дар ҳамаи ҳолатҳо (пардохти кафолатнок ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, ҳангоми пардохти музди муҳлати рухсатӣ, ҳангоми пардохти музди меҳнати давраи гузаронидан ба кори дигар), ба ғайр аз музди миёнаи меҳнат ҳангоми таъйин намудани нафақа (минбаъдТартиби мазкур) қоидаҳои" иваз карда шаванд;
в) дар бандҳои 2, 6, 8, 18 ва 26 калимаҳои "Қоидаҳои" ва "Қоидаҳо" мувофиқан ба калимаҳои "Тартиби" ва "Тартиб" иваз карда шаванд;
г) дар банди 4:
- дар зербанди б) рақами "90" ба рақами "101" иваз карда шавад;
- зербанди б) зербанди в) ҳисобида шуда, зербанди б) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"б) дар давраи рухсатии меҳнатии асосии ҳарсола ба корманд ба андозаи на камтар аз музди миёнаи меҳнат пардохт кафолат дода мешавад;".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 27 феврали соли 2020 № 126
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 1 июня 2007 года, №313
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 1 июня 2007 года, №313 "Об утверждении Правил исчисления среднего заработка для оплаты трудовых отпусков, выходных пособий, пособий по временной нетрудоспособности и в других случаях, связанных с выплатой средней заработной платы" следующие изменения:
- название постановления изложить в следующей редакции:
"Об утверждении Порядка исчисления среднего заработка, причитающегося работнику во всех случаях (производство гарантийных выплат при выполнении государственных или общественных обязанностей, при оплате времени отпуска, при выплате заработка за время перевода на другую работу), за исключением среднего заработка при назначении пенсии";
- в преамбуле постановления цифру "116" заменить цифрой "172";
- пункт 1 изложить в следующей редакции:
"1. Утвердить Порядок исчисления среднего заработка, причитающегося работнику во всех случаях (производство гарантийных выплат при выполнении государственных или общественных обязанностей, при оплате времени отпуска, при выплате заработка за время перевода на другую работу), за исключением среднего заработка при назначении пенсии (прилагается).".
2. Внести в Правила исчисления среднего заработка для оплаты трудовых отпусков, выходных пособий, пособий по временной нетрудоспособности и в других случаях, связанных с выплатой средней заработной платы", утвержденные постановлением Правительства Республики Таджикистан от 1 июня 2007 года, №313, следующие изменения и дополнения:
а) название Правил изложить в следующей редакции:
"Порядок исчисления среднего заработка, причитающегося работнику во всех случаях (производство гарантийных выплат при выполнении государственных или общественных обязанностей, при оплате времени отпуска, при выплате заработка за время перевода на другую работу), за исключением среднего заработка при назначении пенсии";
б) в пункте 1 слова "Настоящие Правила" заменить словами "Порядок исчисления среднего заработка, причитающегося работнику во всех случаях (производство гарантийных выплат при выполнении государственных или общественных обязанностей, при оплате времени отпуска, при выплате заработка за время перевода на другую работу), за исключением среднего заработка при назначении пенсии (далеенастоящий Порядок)";
в) в пунктах 2, 6, 8, 18 и 26 слова "настоящие Правила", "настоящих Правил" и "настоящими Правилами" заменить соответственно словами "настоящий Порядок", "настоящего Порядка" и "настоящим Порядком";
г) в пункте 4:
- в подпункте б) цифру "90" заменить цифрой "101";
- подпункт б) считать подпунктом в), дополнить подпунктом б) в следующей редакции:
"б) за период ежегодного основного трудового отпуска работнику гарантируется оплата в размере не ниже среднего месячного заработка;".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 27 февраля 2020 года, №126