Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнати корманд дар ҳамаи ҳолатҳо (пардохти кафолатнок ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, ҳангоми пардохти музди муҳлати рухсатӣ, ҳангоми пардохти музди меҳнати давраи гузаронидан ба кори дигар), ба ғайр аз музди миёнаи меҳнат ҳангоми таъйин намудани нафақа
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.02.2020 № 126)
Мутобиқи моддаи 172 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2007 № 219 "Оид ба зиёд намудани маоши вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ ва андозаи нафақаи иҷтимоӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад :
1. 1. Тартиби ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнати корманд дар ҳамаи ҳолатҳо (пардохти кафолатнок ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, ҳангоми пардохти музди муҳлати рухсатӣ, ҳангоми пардохти музди меҳнати давраи гузаронидан ба кори дигар), ба ғайр аз музди миёнаи меҳнат ҳангоми таъйин намудани нафақа тасдиқ карда шавад(замима мегарданд) .
2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2006 № 308 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои ҳисоби музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ, кӯмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 1 июни соли 2007 № 313
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об утверждении Порядка исчисления среднего заработка, причитающегося работнику во всех случаях (производство гарантийных выплат при выполнении государственных или общественных обязанностей, при оплате времени отпуска, при выплате заработка за время перевода на другую работу), за исключением среднего заработка при назначении пенсии
(в редакции постановления Правительства РТ от 27.02.2020г.№126)
В соответствии со статьёй 172 Трудового кодекса Республики Таджикистан и во исполнение Указа Президента Республики Таджикистан от 16 марта 2007 года, № 219 "Об увеличении должностных окладов работников бюджетных учреждений и организаций и размеров социальной пенсии" Правительство Республики Таджикистан постановляет
1. Утвердить Порядок исчисления среднего заработка, причитающегося работнику во всех случаях (производство гарантийных выплат при выполнении государственных или общественных обязанностей, при оплате времени отпуска, при выплате заработка за время перевода на другую работу), за исключением среднего заработка при назначении пенсии (прилагается)
2. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 4 июля 2006 года № 308 "Об утверждении Правил исчисления среднего заработка для оплаты трудовых отпусков, выходных пособий, пособий по временной нетрудоспособности и в других случаях, связанных с выплатой средней заработной платы".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от 1 июня 2007 года №313
г. Душанбе