Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2020 №125 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, №107"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, №107

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, №107 "Дар бораи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт" дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"2. Шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ба миқдори 318 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз чумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 36 воҳид муқаррар карда шавад, ки аз он 250 воҳид аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла дастгоҳи марказӣ 36 воҳид ва 68 воҳид аз ҳисоби маблағҳои махсуси хадамот маблағгузорӣ карда шавад.".

2. Ба замимаи 1 Низомномаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, №107 тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:

- аз банди 1 калимаи "ҳавоӣ," хориҷ карда шавад;

- аз сархатҳои якум, сеюм ва шашуми банди 5 калимаҳои ",ҳавоӣ", "ва ҳавоӣ", "фаъолият оид ба хизматрасонии техникӣ ҳангоми парвози нақлиёти ҳавоӣ, фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии техникии нақлиёти ҳавоӣ" ва "ҳавоӣ ва" хориҷ карда шаванд;

- аз сархатҳои сеюм, даҳум ва ёздаҳуми банди 6 калимаҳои "парвозҳо,", "ва ҳавоӣ,", "ва санҷиши қонуншиканиҳои имконпазири қонунгузории ҳавоӣ ва қоидаҳои асосии авиатсионӣ", инчунин сархатҳои дувоздаҳум ва сенздаҳум хориҷ карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон

аз 27 феврали соли 2020 № 125

ш. Душанбе