Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 феврали соли 2020 № 1458 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба армони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, № 647"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба армони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, № 647

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади такмили низоми интихоби кадрҳои хизмати давлатӣ, фармон медиҳам:

Ба Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, № 647 карда шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1) банди 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"2. Озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ (минбаъд-озмун) ҷиҳати таъмиии баробарҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-шаҳрвандон) ҳангоми дохил шудан ба хизмати давлатӣ, интихоби кадрҳои баландихтисосу қобилиятнок ба хизмати давлатӣ ва таъминн болоравии мансабии хизматчиёни давлатӣ гузаронида мешавад.";

2) дар банди 4:

- дар сархати ҳафтум пас аз аломати "-" калимаҳои "ҳангоми барқарор намудан ба мансаб ва" илова карда шавад;

- сархати ҳаштум хориҷ карда шавад;

- сархати нуҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- ҳангоми барҳам додан, азнавташкилдиҳӣ, таҷдиди мақоми давлатӣ, ихтисори шумора ё воҳидҳои корӣ бо розигии хаттии хизматчии давлатӣ таъин намудан ба мансаби баробар ё пасттар дар мақоми давлатии азнавташкилёфта, ҳамон мақоми давлатӣ ё дигар мақомоти давлатӣ;";

- сархати даҳум хориҷ карда шавад;

- дар сархати сенздаҳум баъди калимаи "аввал" калимаҳои "танҳо дар мансабҳои категорияи ҳафтум" илова карда шаванд:

3) дар банди 6 калимаҳои "қарори (фармоиши, амри)" ба калимаҳои "фармоиши (қарори, амри)" иваз карда шаванд;

4) сархати сеюми банди 10 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- таъмини болоравии мансабии хизматчиёни давлатӣ.";

5) дар сархатҳои шашум ва ҳафтуми банди 11 ва минбаъд дар тамоми матн калимаҳои "сӯҳбат" ва "баҳогузорӣ" мувофиқан ба калимаҳои "суҳбат" ва "баҳодиҳӣ" иваз карда шаванд;

6) дар ҷумлаҳои якум ва дуюми банди 14 калимаҳои "қарори (фармоиши, амри)" ба калимаҳои "фармоиши (қарори, амри)" иваз карда шаванд;

7) дар ҷумлаи чоруми банди 16 калимаҳои "ҳуқуқи овоздиҳӣ" ба калимаҳои "ҳуқуқи баҳодиҳӣ" иваз карда шаванд;

8) дар ҷумлаи дуюми банди 19 калимаҳои "ҳуқуқи овоз доданро" ба калимаҳои "ҳуқуқи баҳодиҳӣ" иваз карда шаванд;

9) ҷумлаи дуюми банди 22 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Котиби комиссияи озмун ва аъзои гурӯҳи мусоидат ҳуқуқи баҳодиҳии довталабонро надоранд.";

10) дар банди 27:

- дар сархати шашум рақами "086" ба рақамҳои "038" иваз карда шаванд;

- сархати ҳаштум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ;";

11) банди 33 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"33. Суҳбат бо довталабон дар вақт ва маҳалли муқарраргардида гузаронида мешавад. Дар ҳолати бо сабаби узрнок тағйир ёфтани санаи гузаронидани суҳбат бо довталабон (минбаъд - суҳбат), бо қарори комиссияи озмун суҳбат ба вақти дигар гузаронида шуда, дар ин хусус Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ, аъзои комиссияи озмун ва довталабон огоҳонида мешаванд.";

12) банди 34 хориҷ карда шавад;

13) дар банди 36 калимаҳои "сатҳи дониш ва омодагии касбии" ба калимаҳои "сифатҳои касбӣ ва қобилияти кории" иваз карда шуда, ҷумлаи охир бо мазмуни зерин илова карда шавад; "Баҳои кори хаттӣ ҳангоми суҳбат ба назар гирифта мешавад.";

14) банди 37 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"37. Суҳбат бо ҳар як довталаб алоҳида гузаронида мешавад. Дар рафти суҳбат сатҳи донишҳои касбӣ ва қобилияти кории довталабон, ки дар варақаи баҳодиҳии сифатҳои касбӣ ва қобилияти кории довталабон пешбинӣ шудаанд, муайян карда мешавад (замимаи 2). Меъёри баҳодиҳӣ аз 2 то 5 хол муқаррар мегардад. Аз натиҷаи суҳбат барои занон ва ҳамчунин шахсоне, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо намуда, бори аввал ба хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот қабул мегардаид, се хол илова карда мешавад.";

15) ба баиди 39 ҷумлаи нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Дар чунин ҳолат таъин бояд дар муҳлати то шаш моҳ амалӣ карда шавад.";

16) замимаи 2 Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, № 647 тасдиқ шудааст, дар таҳрири нав ифода карда шавад (замима карда мешавад).

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

18 феврали соли 2020 № 1458

Замима