Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тартиби литсензиякунонии фаъолият ва хизматрасонӣ дар энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи энергетика", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи замимашудаи тартиби литсензиякунонии фаъолият ва хизматрасонӣ дар энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
2. Вазифаи мақомоти иҷроияи литсензиякунонии фаъолият ва хизматрасонӣ дар энергетика ба зиммаи Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.
Муқаррар карда шавад, ки литсензияҳо барои истеҳсоли манбаҳои энергетикӣ (ҷустуҷӯ, кашф ва баистифодадиҳии конҳои ангиштсанг, нафт, газ, манбаҳои геотермалӣ ва ғайраҳо) дар мавзею майдонҳои кашфгардида ва ҳамчунин баистифодадиҳии объектҳои энергетикӣ, ки аҳамияти муҳими давлатӣ доранд, аз тарафи Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.
3. Сархати дуюми банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 маи соли 1997 № 239 "Дар бораи литсензиядиҳӣ барои истифодаи қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо калимаҳои зерин пурра карда шавад:
" ба ғайр аз истеҳсоли манбаҳои энергетикӣ (ҷустуҷӯ, кашф ва баистифодадиҳии конҳои ангиштсанг, нафт, газ, манбаҳои геотермалӣ ва ғайраҳо) дар мавзею майдонҳои кашфгардида"
4. Ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки фаолият ва хизматрасониро дар энергетика анҷом медиҳанд, то 1 маи соли 2002 дар Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи талаботи ҳамин қарор литсензияро ба расмият дароранд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 60 фоизи маблағҳое, ки аз додани литсензия гирифта мешаванд, барои хароҷоти Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба литсензиякунонӣ ва 40 фоиз ба ҳисоби даромади буҷети ҷумҳуриявӣ равона намояд.
6. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи надози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми ташкили кор дар доираи ваколатҳои худ бо шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки дар энергетика фаъолият ва хизматрасониро анҷом медиҳанд, дар онҳо мавҷудияти ҳатмии литсензияи дахлдори Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро тафтиш намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 30 декабри соли 2001 № 591
ш. Душанбе
ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
"О ПОРЯДКЕ ЛИЦЕНЗИРОВАНИЯ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ И УСЛУГ В ЭНЕРГЕТИКЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"
В соответствии с Законом Республики Таджикистан "Об энергетике", Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить прилагаемое Положение о порядке лицензирования деятельности и услуг в энергетике Республики Таджикистан.
2. Возложить функции исполнительного органа лицензирования деятельности и услуг в энергетике на Министерство энергетики Республики Таджикистан. Установить, что лицензии на производство энергетических ресурсов (поиск, разведку и эксплуатацию месторождений угля, нефти, газа, геотермальных источников и других) на выявленных структурах и площадях, а также эксплуатацию объектов энергетики, имеющих важное государственное значение, выдаются Министерством энергетики Республики Таджикистан только по решению Правительства Республики Таджикистан.
3. Абзац второй пункта 1 постановления Правительства Республики Таджикистан от 26 мая 1997 года № 239 "О лицензировании пользования недрами Республики Таджикистан" дополнить словами: "кроме производства энергетических ресурсов (поиска, разведки и эксплуатации месторождений угля, нефти, газа, геотермальных источников и других) на выявленных структурах и площадях".
4. Всем юридическим и физическим лицам, осуществляющим деятельность и услуги в энергетике, в срок до 1 мая 2002 года оформить в Министерстве энергетики Республики Таджикистан лицензию согласно требованиям настоящего постановления.
5. Министерству финансов Республики Таджикистан направлять 60 процентов средств, получаемых от выдачи лицензий, на расходы Министерства энергетики Республики Таджикистан, связанные с лицензированием, а 40 процентов в доход республиканского бюджета.
6. Министерству финансов Республики Таджикистан, Налоговому комитету при Правительстве Республики Таджикистан, Таможенному комитету при Правительстве Республики Таджикистан, правоохранительным органам при организации в рамках своей компетенции работы с юридическими и физическими лицами, осуществляющими деятельность и услуги в энергетике, проверять обязательное наличие у них соответствующей лицензии Министерства энергетики Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э.Рахмонов
от 30 декабря 2001 года № 591
г.Душанбе