Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидорие, ки дар сармояи оинномавии онҳо саҳми давлат зиёда аз 20 дарсадро ташкил медиҳад
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2024 № 189)
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 30 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад :
1. Номгӯйи корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидорие, ки дар сармояи оинномавии онҳо саҳми давлат зиёда аз 20 дарсадро ташкил медиҳад, тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4) .
2. Корхонаҳои дар банди 1 қарори мазкур зикргардида ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд:
- ҳисоботи молиявии семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солона, ки мутобиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ таҳия шудаанд ;
- ҳамасола то 31 декабри баъд аз соли ҳисоботӣ дурнамои фаъолияти корхона барои давраи миёнамуҳлат ва нақшаи молиявӣ бо риояи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
- хулосаи аудити ҳатмии солона барои соли ҳисоботӣ .
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- таҳлил ва мониторинги мунтазами фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои дар банди 1 ҳамин қарор зикргардидаро анҷом дода, ҳар семоҳа оид ба фаъолияти молиявию хоҷагидории онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти таҳлилии ҷамъбастӣ пешниҳод намояд ;
- тартиби гузаронидани таҳлили фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои дар банди 1 ҳамин қарор зикргардидаро муайян ва тасдиқ карда, хулосаи аудити берунаи онҳоро дар сомона ҷойгир намояд.
3(1). Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола то 1 феврал ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рчйхати корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидориеро, ки дар сармояи оинномавии онҳо саҳми давлат зиёда аз 20 дарсадро ташкил медиҳад, пешниҳод намоянд .
4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 сентябри соли 2008, № 454 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 588" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 28 декабри соли 2019 № 632
ш.Душанбе
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2019, № 632
Номгӯи корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ дорад
№ | Номгуйи корхонаҳои азими давлатӣ | Саҳми давлат дар сармояи оинномавӣ |
1 | Корхонаи воҳиди давлатии Тоҷикаэронавигатсия» | 100 дарсад |
2 | Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» | 100 дарсад |
3 | Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» | 100 дарсад |
4 | Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандобуканал» | 100 дарсад |
5 | Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» | 100 дарсад |
6 | Корхонаи воҳиди давлатии «Фулузоти нодири Тоҷикистон» | 100 дарсад |
7 | Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» | 100 дарсад |
8 | Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» | 100 дарсад |
9 | Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» | 100 дарсад |
10 | Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» | 100 дарсад |
11 | Корхонаи воҳиди давлатии «Ангишти Тоҷик» | 100 дарсад |
12 | Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» | 100 дарсад |
13 | Корхонаи воҳиди давлатии комплекси табъу нашри «Шарқи озод» | 100 дарсад |
14 | Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷагропромэкспорт» | 100 дарсад |
15 | Корхонаи фаръии «Шахтаи Фон-Яғноб» | 100 дарсад |
16 | Корхонаи фаръии «Кони ангишти Зиддӣ» | 100 дарсад |
17 | Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсоз» | 100 дарсад |
18 | Корхонаи воҳиди давлатии «Экспедитсияи ҷустуҷўию аксбардории геологӣ» | 100 дарсад |
19 | Корхонаи воҳиди давлатии хизматрасонии корпуси дипломатӣ «Дипсервис» | 100 дарсад |
20 | Корхонаи воҳиди давлатии «Кохи афсарон» | 100 дарсад |
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2024 № 189)
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 марти соли 2024, № 189
Номгуйи ҷамъиятҳои хоҷагидорие, ки дар сармояи оинномавии онҳо саҳми давлат 100 дарсадро ташкил медиҳад
|
№ | Номгуйи ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ | Саҳми давлат дар сармояи оинномавӣ |
1 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» | 100 дарсад |
2 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» | 100 дарсад |
3 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» | 100 дарсад |
4 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» | 100 дарсад |
5 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Обёрии Данғара» | 100 дарсад |
6 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктрансгаз» | 100 дарсад |
7 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» | 100 дарсад |
8 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Кўлоб» | 100 дарсад |
9 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» | 100 дарсад |
10 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар» | 100 дарсад |
11 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Осоишгоҳи Хоҷа Обигарм» | 100 дарсад |
12 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Маркази савдои Тоҷикистон» | 100 дарсад |
13 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Маркази савдо ва хизматрасонии Душанбе Мол» | 100 дарсад |
14 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик» | 100 дарсад |
15 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корхонаи бойгардонии Такоб» | 100 дарсад |
16 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Суғднафтугаз» | 100 дарсад |
17 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нафтугаз» | 100 дарсад |
18 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Экспедитсияи нақлиётии роҳи оҳан» | 100 дарсад |
19 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «ПИЛҶ САНИИОСП» | 100 дарсад |
20 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корезлоиҳа» | 100 дарсад |
21 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бофандаи Норак» | 100 дарсад |
22 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тамохуш» | 100 дарсад |
23 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Комбинати фулузоти нодири Ленинобод» | 100 дарсад |
24 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Заводи таъмири механикӣ» | 100 дарсад |
25 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Чароғ» | 100 дарсад |
26 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт» | 100 дарсад |
27 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нилуфар» | 100 дарсад |
28 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Суғдиён» | 100 дарсад |
29 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Комбинати маъдантозакунии Адрасмон» | 100 дарсад |
30 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Таъминоти моҳӣ» | 100 дарсад |
31 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Манзили обод-2015» | 100 дарсад |
32 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Матбааи Қурғонтеппа» | 100 дарсад |
33 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Меҳмонхонаи фарҳанг» | 100 дарсад |
34 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Экспедитсияи геофизикии ҷанубӣ» | 100 дарсад |
35 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Экспедитсияи инкишофи геологии ҷанубӣ» | 100 дарсад |
36 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ташхисгоҳи геологӣ» | 100 дарсад |
37 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Меҳмонсаройи Тоҷикистон» | 100 дарсад |
38 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Саноатсоз» | 100 дарсад |
39 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шаҳрофар» | 100 дарсад |
40 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишти Камароб» | 100 дарсад |
41 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Алюминсохтмон» | 100 дарсад |
42 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Душанбегаз» | 100 дарсад |
Замимаи 3
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикитсон
аз 28 марти соли 2024, № 189
Номгуйи ҷамъиятҳои хоҷагидорие, ки дар сармояи оинномавии онҳо саҳми давлат зиёда аз 50 дарсадро ташкил медиҳад
| Номгуйи ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ | Саҳми давлат дар сармояи оинномавӣ |
1 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун» | 98 дарсад |
2 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» | 95 дарсад |
3 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Телерадиоком» | 95 дарсад |
4 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корхонаи кимиёвӣ»-и шаҳри Исфара | 60 дарсад |
5 | Ҷамъияти муштараки Тоҷикистону Канадагии дорои масъулияти маҳдуди «Апрелевка» | 51 дарсад |
6 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Осоишгоҳи Зайрон» | 51 дарсад |
Замимаи 4
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикитсон
аз 28 марти соли 2024, № 189
Номгуйи ҷамъиятҳои хоҷагидорие, ки дар сармояи оинномавии онҳо саҳми давлат зиёда аз 20 то 50 дарсадро ташкил медиҳад
№ | Номгуйи ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ | Саҳми давлат дар сармояи оинномавӣ |
1 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Талко Голд» | 50 дарсад |
2 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «ТАУЗ ГИДРО» | 50 дарсад |
3 | Ҷамъияти саҳомии пушидаи «Тоҷикистон ВИС» | 30 дарсад |
4 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «БИОРТ» | 30 дарсад |
5 | Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Корхонаи муштараки «Зарафшон» | 30 дарсад |
6 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Сангтўда-1» | 25 дарсад |
7 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Дустӣ» | 25 дарсад |
8 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Умед-1» | 25 дарсад |
9 | Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бодом» | 20 дарсад |
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2024 № 189)
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ дорад
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 30 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" бо мақсади амалигардонии Стратегияи идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои давлатӣ барои солҳои 2016-2020, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Номгӯи корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ дорад, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Корхонаҳои дар банди 1 қарори мазкур зикргардида ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд:
- ҳисоботҳои семоҳа ва солона оид ба фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ;
- ҳамасола то 31 декабри баъд аз соли ҳисоботӣ дурнамои фаъолияти корхона барои давраи миёнамуҳлат ва нақшаи молиявӣ бо риояи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
- хулосаи аудити беруна барои соли ҳисоботӣ.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- мониторинги мунтазами фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои дар банди 1 ҳамин қарор зикргардидаро анҷом дода, ҳар семоҳа оид ба фаъолияти молиявию хоҷагидории онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти таҳлилии ҷамъбастӣ пешниҳод намояд;
- тартиби гузаронидани таҳлили фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои дар банди 1 ҳамин қарор зикргардидаро муайян ва тасдиқ карда, хулосаи аудити берунаи онҳоро дар сомона ҷойгир намояд.
4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 сентябри соли 2008, № 454 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 588" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 28 декабри соли 2019 № 632
ш.Душанбе
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "28" декабри соли 2019, № 632
Номгӯи корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ дорад
1. Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик"
2. Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик"
3. Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон"
4. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷик Эйр"
5. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктелеком"
6. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Телерадиоком"
7. Корхонаи воҳиди давлатии "Ангишти Тоҷик"
8. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Сементи Тоҷик"
9. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктрансгаз"
10. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе"
11. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб"
12. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд"
13. Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикаэронавигатсия"
14. Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ"
15. Корхонаи воҳиди давлатии "Обу Корези Душанбе"
16. Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии "Хуҷандобуканал"
17. Корхонаи воҳиди давлатии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул"
18. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Корхонаи кимиёвӣ"-и шаҳри Исфара
19. Корхонаи воҳиди давлатии "Фулузоти нодири Тоҷикистон"
20. Корхонаи фаръии давлатии "Алюминсохтмон"
21. Ҷамъияти муштараки Тоҷикистону канадагии дорои маъсулияти маҳдуди "Апрелевка"
22. Ҷамъияти дорои маъсулияти маҳдуди корхонаи муштараки "Зарафшон"
23. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "НБО Роғун"
24. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "НБО Сангтӯда-1"
25. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк"
26. Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"
27. Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиксуғурта"