Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, № 115
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, № 115 "Дар бораи низомнома ва сохтори намунавии дастгоҳи раис, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лимити шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар муқаддимаи қарор пас аз калимаҳои "ҳокимияти давлатӣ" калимаҳои "ва моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот"" илова карда шаванд;
- дар банди 1 пас аз рақами "1" аломат ва рақами ",1(1)’" илова карда шаванд;
- замимаи 1(1) илова карда шавад (замима мегардад).
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 14 ноябри соли 2019 № 577
ш.Душанбе
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2011, № 115
Низомномаи намунавии дастгоҳи ҷамоати шаҳрак ва деҳот
Низомномаи намунавии дасттоҳи ҷамоати шаҳрак ва деҳот (минбаъд - Низомнома) мақсад, вазифа, ташкили фаъолият, сохтор, ваколатҳо ва вазъи ҳуқуқии дастгоҳи ҷамоати шаҳрак ва деҳотро муайян менамояд.
1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" дастгоҳи ҷамоат сохтори ёрирасон ва таъминкунандаи фаъолияти раис мебошад.
2. Дастгоҳ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳорр эътироф кардааст, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, қарору амрҳои раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятхо, шаҳру ноҳияҳо, қарору супоришҳои ҷамоат, шӯрои ҷамоат, раиси ҷамоат ва ҳамин Низомномаро ба роҳбарӣ мегирад.
2. ДАСТГОҲИ ҶАМОАТ
3. Сохтор, шумораи кормандон ва низомномаи дастгоҳи ҷамоат дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" ва тибқи сохтори намунавии тасдиқгардида дар доираи лимити шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди раиси ҷамоат аз тарафи маҷлиси ҷамоат тасдиқ карда мешаванд.
4. Дастгоҳи ҷамоат бо дар назар доштани шумораи аҳолии ҷамоат аз раиси ҷамоат, муовини (муовинони) раиои ҷамоат, котиби ҷамоат, сармутахассисон, мутахассисони пешбар, нозири мизи харбии бақайдгирӣ ва мутахассисон иборат мебошад.
3. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ДАСТГОҲ
5. Дастгоҳи ҷамоатро раиси ҷамоат ташкил ва роҳбарӣ менамояд.
6. Таъмини шароити зарурӣ барои аз ҷониби раиои ҷамоат амалӣ намудани ваколатҳоро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот", қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи онҳо, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, қарору амрҳои раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, қарорҳои ҷамоат, шӯрои ҷамоат, раиси ҷамоат ва ҳамин Низомнома муқаррар кардааст.
7. Дар дастгоҳи ҷамоат тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" муовини (муовинони) раис ва котиби ҷамоат бо пешниҳоди раиси ҷамоат дар маҷлиси ҷамоат аз ҳайати вакилони он бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон интихоб ва озод карда мешаванд.
8. Сармутахассисон, мутахассисони пешбар, нозири мизи ҳарбии бақайдгирӣ, мутахассисони ҷамоат дар асоси озмун ва кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасон бо қарори раиси ҷамоат таъин карда мешаванд.
9. Хизматчиёни давлатии дастгоҳи ҷамоат фаъолияти худро дар асоси дастурамали мансабӣ ба роҳ мемонанд.
10. Дастурамали мансабӣ тибқи тартиби муқарраршуда таҳия гардида, аз ҷониби раиси ҷамоат тасдиқ карда мешавад.
11. Бастани шартномаи меҳнатӣ бо хизматчиёни давлатии дастгоҳ ва кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасон мувофиқи тартиби муайяннамудаи қонунгузории амалкунанда анҷом дода мешавад.
4. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ ДАСТГОҲИ ҶАМОАТ
12. Дастгоҳи ҷамоат бо мақсади таъминоти иттилоотию таҳлилӣ, ташкилию ҳуқуқӣ ва моддию техникии фаъолияти ҷамоат ташкил карда мешавад.
13. Вазифаҳои дастгоҳи ҷамоат аз инҳо иборатанд:
- таъминоти иттилоотию таҳлилӣ, ташкилию ҳуқуқӣ ва моддию техникии ҷамоат;
- таҳияи лоиҳаи қарорҳои ҷамоатё, шӯрои ҷамоат ва раиси ҷамоат;
- омода намудани маърӯзаҳо, ҳисоботи раиси ҷамоат ва масъалаҳои дар ҷамоат муҳокимашаванда;
- мусоидат намудан дар амалигардонии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи онҳо, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, қарору амрҳои раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, қарорҳои ҷамоат, шӯрои ҷамоат, раиси ҷамоат, ки ба фаъолияти мақомоти худидоракунӣ дар шаҳру ноҳияҳо дахл доранд;
- омода намудани ҷаласаҳои назди раиси ҷамоат ва вохӯрию маҷлисҳои дигар, инчунин таъмини баргузории онҳо;
- тибқи тартиби муқарраргардида ташкил ва пешбурди ҳуҷҷатгузорӣ, ба расмият даровардани қарорҳо, инчунин ба маълумоти иҷрокунандагон расонидани дастуру супоришҳои раиси ҷамоат ва назорати иҷрои онҳо;
- омода кардани нақшаҳои фаъолияти нимсола ва солонаи ҷамоат ва барои тасдиқ пешниҳод намудани онҳо ба раиси ҷамоат;
- мусоидат барои дар сатҳи зарурӣ ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои худфаъолияткунандаи ҷамъиятӣ дар ҳудуди шаҳрак ё деҳот;
- ташкили қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, бақайдгирӣ, таҳлил, баррасӣ ва пешбурди назорати доимӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории амалкунанда;
- омода ва пешниҳод намудани маълумотнома ва ҳисобот ба мақомоти дахлдор;
- ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои расмӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва оммавӣ дар ҳудуди шаҳрак ё деҳот дар мувофиқа бо мақомоти дахлдор;
- ба роҳ мондани робита ва ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ;
- назорати риояи интизоми меҳнат дар байни хизматчиёни давлатӣ ва кормандони дигар;
- назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои молиявие, ки барои нигоҳдории дастгоҳи ҷамоат пешбинӣ шудаанд;
- мусоидат дар ташкили комиссияҳои интихоботӣ, баргузории интихобот ва раъйпурсӣ;
- ҳалли масъалаҳои дигари марбут ба фаъолияти ҷамоат.
5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
14. Молу мулки ба дастгоҳи ҷамоат вобасташуда моликияти ҷамоати шаҳрак ва деҳот ба ҳисоб рафта, тақсимнашаванда мебошад.
15. Маблағгузории хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи ҷамоат аз ҳисоби маблағҳои буҷети пешбинишудаи шаҳрак ва деҳот ва манбаъҳои дигари молиявӣ бо қонунгузорӣ пешбиникардашуда анҷом дода мешавад.
16. Тағйиру иловаҳо ба низомномаи дастгоҳи ҷамоати шаҳрак ва деҳот тибқи тартиби муқарраршуда бо қарори маҷлиси ҷамоат ворид карда мешаванд.