Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017, № 547
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба банди 9 Низомномаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017, №547 "Дар бораи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- сархати сенздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- бо тартиби муқарраргардида кормандони шоистаи кумита ва воҳидҳои сохтории онро барои сарфарозгардонӣ бо мукофотҳои давлатӣ барои хизматҳои махсуси меҳнатӣ дар назди ҷомеа ва давлат пешбарӣ менамояд;";
- сархатҳои чордаҳум ва понздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандонро барои дастовардҳои назаррас ва саҳмгузорӣ ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода бо мукофотҳои идоравӣ сарфароз мегардонад;
- ҷиҳати ҳавасмандгардонии кормандони кумита ва воҳидҳои сохтории он барои муваффақиятҳои меҳнатӣ дар рушди соҳа тибқи тартиби муқарраргардида нишонҳои сарисинагӣ ва мукофотҳои идоравиро таъсис медиҳад ва низомномаҳои онҳоро тасдиқ менамояд;".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 ноябри соли 2019 № 570
ш.Душанбе