Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008, № 531
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Дар зербанди б) банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008, № 531 "Дар бораи пардохти хароҷоти сафарҳои хизматии хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ба кишварҳои хориҷӣ, инчунин дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 ноябри соли 2019 № 567
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 31 октября 2008 года, №531
В соответствии со статьёй 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
В подпункте б) пункта 1 постановления Правительства Республики Таджикистан от 31 октября 2008 года, №531 "Об оплате расходов служебных командировок государственных служащих, работников государственных организаций и учреждений в зарубежные страны, а также в пределах Республики Таджикистан" слова "Совета юстиции Республики Таджикистан" заменить словами "Центральной комиссии по выборам и референдумам Республики Таджикистан".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 1 ноября 2019 года, №567