Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 сентябри соли 2019 № 455 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015, № 493"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015, № 493

 

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади танзими фаъолият дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дар банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015, № 493 "Дар бораи татбиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2015, № 328" калимаҳои "Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии" ба калимаҳои "Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши" иваз карда шаванд.

2. Ба Низомномаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015, № 493 "Дар бораи татбиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2015, № 328" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- ба банди 2 пеш аз калимаи "шарт" калима ва аломати "талабот," илова карда шаванд;

- аз банди 4 калимаи "мукофотпулиҳои" хориҷ карда шавад;

- банди 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"6. Андозаи ҷоиза барои як давраи олимпӣ муайян гардида, дар давраи навбатии олимпӣ метавонад тағйир дода шавад.";

- банди 7 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"7. Ҷоиза ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шарафи варзишии давлатро ҳимоя намуда, дастовардҳояшон ба меъёр ва талаботи муқарраргардида ҷавобгӯ мебошанд, бо дар назар доштани қарори Комиссия дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.";

- банди 8 хориҷ карда шавад;

- банди 10 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 1 августа 2015 года, №493

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" и с целью урегулирования деятельности в сфере физической культуры и спорта, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. В пункте 2 постановления Правительства Республики Таджикистан от 1 августа 2015 года, №493 "О реализации указа Президента Республики Таджикистан от 9 января 2015 года, №328" слова "Комитет молодёжи, спорта и туризма" заменить словами "Комитет по делам молодёжи и спорта".

2. Внести в Положение о Премии Президента Республики Таджикистан победителям и призерам международных спортивных соревнований, утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 1 августа 2015 года, №493 "О реализации указа Президента Республики Таджикистан от 9 января 2015 года, №328", следующие изменения и дополнения:

- пункт 2 перед словом "условия" дополнить словом и знаком "требование,";

- из пункта 4 слово "денежных призов" исключить;

- пункт 6 изложить в следующей редакции:

"6. Размер премии определяется на один олимпийский цикл и может быть изменён в следующем олимпийском цикле.";

- пункт 7 изложить в следующей редакции:

"7. Премия присваивается гражданам Республики Таджикистан, которые защитили спортивную честь страны, их достижения соответствуют установленным нормам и требованиям, с учетом решения Комиссии, на основании распоряжения Президента Республики Таджикистан.";

- пункт 8 исключить;

- пункт 10 изложить в следующей редакции:

"10. Для установления премии спортивные организации, спортсмен и (или) спортивный тренер представляют следующие документы государственному уполномоченному органу в области физической культуры и спорта:

...