Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2015, № 328
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.09.2019 № 455)
Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи сояи 2015, № 328 "Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, Ҳайати Комиссия ва Меъёрҳои талабот ва андозаи мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
2. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози татбиқи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ муайян карда шавад .
3. Маблағгузории Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 августи соли 2015 № 493
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О реализации Указа Президента Республики Таджикистан от 9 января 2015 года, №328
(в редакции постановления Правительства РТ от 06.09.2019г.№455)
В соответствии со статьей 6 Закона Республики Таджикистан "О физической культуре и спорте", с целью реализации Указа Президента Республики Таджикистан от 9 января 2015 года, №328 "О Премии Президента Республики Таджикистан победителям и призерам международных спортивных соревнований", Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Положение, Состав Комиссии, Нормы требования и денежные размеры Премии Президента Республики Таджикистан победителям и призерам международных спортивных соревнований (приложения 1, 2 и 3).
2. Определить Комитет по делам молодёжи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан координатором по реализации Премии Президента Республики Таджикистан победителям и призерам международных спортивных соревнований
3. Финансирование Премии Президента Республики Таджикистан победителям и призерам международных спортивных соревнований осуществлять за счет средств резервного фонда Президента Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Pecпублики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 1 августа 2015 года, № 493