Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019 № 439 "Дар бораи Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023

 

Мутобиқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайдгарифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023" ва нақшаи амалигардонии Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайдтирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Вазорату идораҳои дахдлор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои саривақтӣ ва пурраи чорабиниҳои Барномаи мазкур ва нақшаи амалигардонии онро таъмин намоянд.

3. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни иҷрои қарори мазкур охири ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

 

 

аз 30 августи соли 2019 № 439

ш. Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Программе по снижению уровня незарегистрированной (неформальной) занятости в Республике Таджикистан на 2019-2023 годы

В соответствии со статьей 10 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозированиях, концепциях, стратегиях и программах социально - экономического развития Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Программу по снижению уровня незарегистрированной (неформальной) занятости в Республике Таджикистан на 2019-2023 годы и план реализации Программы по снижению уровня незарегистрированной (неформальной) занятости в Республике Таджикистан на 2019 - 2023 годы (приложения 1 и 2).

2. Соответствующим министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти ГорноБадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов республиканского подчинения обеспечить своевременное и полное выполнение мероприятий настоящей Программы и его плана реализации.

3. Министерству труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в конце каждого года Правительству Республики Таджикистан предоставлять информацию о ходе реализации настоящего постановления.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 30 августа 2019 года, №439