Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023 аз 30 августи соли 2019 № 469

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 августи соли 2019, № 439

тасдиқ шудааст

 

Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023 (минбаъд - Барнома) қисми ҷудонопазири Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 маҳсуб ёфта, барои амалӣ намудани сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва такмили бозори меҳнат, тавассути паст кардани шуғли ғайрирасмӣ дар мамлакат, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқҳои меҳнатии кормандон бо дар назар доштани принсипҳои асосӣ ва ҳуқуқ дар соҳаи меҳнат, моҳияти муҳими иҷтимоӣ-иқтисодӣ дорад.

2. Барнома барои ошкор ва бартарафсозӣ, инчунин муайян ва аз байн бурдани шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ), ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои давлатӣ дар ин самт, ташкили корҳои маълумотдиҳӣ ба аҳолӣ доир ба оқибатҳои манфии чунин намуди шуғл дар ҷомеа, таъмини системаи устувор, риоя кардани расмиёти андоз ва мукаммалнамоии сиёсати андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст.

3. Барнома дар асоси тартиби Тавсияҳои 204 Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат "Дар бораи гузариш аз иқтисоди ғайрирасмӣ ба иқтисоди расмӣ" ва Ҳадафҳои Рушди Устувори Созмони Милали Муттаҳид то соли 2030 таҳия шудааст.

2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲО

4. Мақсади асосии Барнома аз баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои меҳнатӣ, васеъ намудани имконият ба шуғли аҳолӣ, амалигардонии сиёсати ҳадафмандонаи давлатӣ барои кам намудани шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар бозори меҳнат, таъмини кафолатҳои ҳуқуқии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии кормандон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

5. Ба вазифаҳои Барнома дохил мешаванд:

- ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба ошкорсозӣ, огоҳкунӣ ва пешгирии шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар бозори меҳнат;

- пурзӯр намудани ҳамоҳангсозии фаъолияти идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва шарикони иҷтимоӣ дар самти амалисозии чорабиниҳо оид ба пастшавии шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ);

- такмили низоми батанзимдарории бозори меҳнат, инчунин рушди идораи он;

- эҷоди низоми ҳавасмандгардонӣ барои расмикунонии муносибатҳои меҳнатӣ;

- пурзӯр намудани назорат барои таъмини риояи қонунгузории меҳнат;

- ташкили баргузории чорабиниҳои ташвиқотӣ барои ба аҳолӣ додани маълумот оид ба таъсири манфии шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) ва баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ дар ин самт.

3. ШУҒЛИ БАҚАЙДГИРИФТАНАШУДА (ҒАЙРИРАСМӢ) ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА МУШКИЛОТИ ОН

6. Масъалаҳои фаъолияти ғайрирасмии иқтисодӣ дар бахши расмии иқтисодӣ ва иқтисоди ғайрирасмӣ падидаи нав набуда, дар ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон мавҷуд мебошад. Бахши ғайрирасмӣ бевосита ҳам ба шуғли аҳолӣ ва ҳам ба иқтисодиёти мамлакат дар умум таъсири манфӣ расонида, ба ҷузъи мустақили бозори меҳнат табдил ёфтааст. Афзоиши ҳиссаи бахши ғайрирасмӣ тайи даҳсолаҳои охир дар иқтисодиёт таваҷҷуҳи ҳарчи бештари давлатҳои ҷаҳон, шарикони рушд, ташкилотҳои байналмилалӣ ва доираҳои илмиро барои ҳалли масъалаҳои мазкур, ҳамзамон зарурати дарёфти талошҳои умумро тавассути ҷустуҷӯи роҳҳои сиёсӣ ва муносибатҳои инноватсионӣ дар ин самт ҷалб менамояд.

7. Дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ сатҳи замонавии рушди инкишофи ҷамъиятӣ дар дигаршавии босуръати муносибатҳои иҷтимоӣ ва инкишофи илму техника инъикос ёфта, муносибатҳои меҳнатӣ ба дигаргуниҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ шудааст. Дар ин раванд рушди робототехника, автоматикунонии равандҳои истеҳсолӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар ҳамаи самтҳои фаъолияти иқтисодӣ ва дар заминаи онҳо ба вуҷуд омадани шаклҳои нави муносибатҳои меҳнатӣ нақши муҳим мебозанд. Бинобар ин, ҳалли масъалаҳо дар самти қонунигардонии муносибатҳои меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва иҷтимоии кормандон, зарурати баррасии масъалаҳоро дар матни пешниҳоднамудаи Консепсияи меҳнати арзанда, ки дар аввали асри 21 аз ҷониби Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат пешниҳод шудааст, тақозо мекунад.

8. Ташкилотҳои пешоҳанги байналмилалӣ, аз ҷумла Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат, Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид, Ташкилоти Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Рушд ва монанди инҳо ҳангоми гузаронидани таҳлили ҳарсолаи ҳисоботи оморӣ ва дурнамои маълумот доир ба бозори меҳнат динамикаи шумораи шахсоне, ки аз нуқтаи назари иҷтимоӣ дар ҷойҳои кории ҳифзнашаванда кор мекунанд, диққати асосӣ медиҳанд. Ҳамин тавр, аз рӯи маълумоти таҳлилгарони байналмилалӣ дар ҷаҳон аз нисф зиёди аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол 1,8 миллиард нафар бе бастани шартномаҳои меҳнатӣ, яъне бидуни системаи ҳифзи иҷтимоӣ кор мекунанд. Аммо тадқиқот нишон медиҳад, ки аксари кормандон барои ба расмият даровардани муносибатҳои меҳнатӣ ҳавасманд мебошанд ва мақоми "ғайрирасмӣ" барои онҳо маҷбурӣ ё ин ки муваққатӣ мебошад. Чун қоида ба ин вазъ шахсоне, бахусус ҷавонон, занон ва нафарони сатҳи тахассусашон паст қаноатманд мешаванд, ки барои мутобиқ шудан дар бозори меҳнат мушкилӣ доранд.

9. Аз як тараф мушаххас вайрон кардани қонунгузориҳо ҳангоми мавҷуд будани шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) то андозае ба афзоиш ёфтани шуғлнокӣ, имконияти ба даст овардани фоида ва паст кардани шиддатнокӣ дар бозори меҳнат мусоидат намояд ҳам, аз тарафи дигар ба таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқи меҳнатии кормандон, пардохти андозҳо ва кумакҳои иҷтимоӣ монеа эҷод намуда, ҳамчун натиҷаи касри буҷет маънидод мегардад ва дар маҷмӯъ ба рушди иқтисодии мамлакат таъсири манфӣ мерасонад.

10. Феълан дар ҷаҳони муосир доир ба моҳияти иқтисодиёти ғайрирасмӣ ва шуғли ғайрирасмӣ нуқтаи назари ягона вуҷуд надошта, гарчанде ин мафҳумҳо ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти иқтисодиро дар бар мегиранд ва аз ҳамдигар тафовут доранд. Сарфи назар аз ин, Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар чаҳорчӯбаи стандартҳои байналмилалии мавҷуда ва тавсияҳо фарзияи муносибати ягонаро барои ҳалли масъалаи мазкур муайян намудааст.

Дар иртибот ба ин, аз шумораи санадҳои байналмилалии дар ин самт қабулшуда 8 конвенсияи бунёдии Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат, ки соли 2015 дар Конференсияи Байналмилалии Меҳнат 104 қабул шудааст, Тавсияҳои 204 "Дар бораи гузариш аз иқтисодиёти ғайрирасмӣ ба расмӣ", инчунин қарорҳои қабулгардида дар конференсияҳои 15 ва 17 байналмилалии оморчиёни меҳнат дар солҳои 1993 ва 2003 аҳамияти махсус доранд.

11. Мутобиқи Тавсияҳои зикршуда бахши ғайрирасмии иқтисодӣ дар таркиби фаъолияти кормандон ва воҳидҳои иқтисод, ки дар асоси қонунгузорӣ ё дар таҷриба умуман фарогир нестанд ва ё бапуррагӣ муносибатҳои расмиро дар бар намегиранд, дохил мешаванд.

12. Аз нуқтаи назари муносибатҳои ғайрирасмӣ бо мақсади инъикоси он ҳангоми коркард ва иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ин самт, ҳамчунин татбиқи чораҳои сиёсӣ ва дигар намуди чораҳо барои мусоидат намудан ҷиҳати гузариш ба иқтисоди расмии равонакардашуда, баҳои воқеӣ додан ба ташхиси омилҳо, хусусиятҳои хос, сабабҳо ва вазъ аз нуқтаи назари муносибатҳои ғайрирасмӣ дар матни миллӣ аҳамияти калон дорад.

13. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар худ мафҳуми бештар васеъ дорад. Ҳамин тавр, шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) бо бахши ғайрирасмии иқтисодиёт алоқамандии зич дорад, ки айни замон дар доираи иқтисоди Тоҷикистон хеле пурвусъат аст.

14. Дар ин замина ҳудудҳои иқтисоди ғайрирасмӣ ва хусусиятҳои онро баҳогузорӣ кардан мумкин аст.

Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи аҳолии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 1 январи соли 2018 8,9 миллион нафарро ташкил медиҳад. Суръати афзоиши ҳарсолаи аҳолии мамлакат тайи 27 соли охир ба ҳисоби миёна дар сатҳи 2,0 - 2,2 фоиз боқӣ мемонад.

15. Омили калидии макроиқтисодии рушди иқтисод дар ин давра расонидани таъсири калон барои нигоҳ доштани ҷараёни умумииқтисодии зиёд намудани истеҳсолот аз ҳисоби захираҳои дохилӣ мебошад. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии исеҳсолшуда дар соли 2017 тибқи маълумот маблағи 61093, 6 млн сомониро ташкил мекард, ки дар муқоиса бо соли 2016 бо нархҳои муқоисакунанда 107,1 фоизро дар бар мегирад. Афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсолот дар соҳаҳои савдо, кишоварзӣ ва хизматрасониҳо таъсири бештар расонд. 16. Қайд кардан бамаврид аст, ки пажӯҳишҳо доир ба ҳудудҳои шуғли ғайрирасмӣ бо андозаҳои зиёд дар Тоҷикистон дар натиҷаи таҳқиқоти қувваи корӣ дар солҳои 2004, 2009 ва 2016 нишон дода шуда буданд. 17. Аз рӯи натиҷаҳои таҳқиқоти қувваи корӣ дар соли 2004 шумораи умумии кормандоне, ки дар иқтисодиёт машғул буданд 2452,6 ҳазор нафар, шумораи шахсони худиштиғол 1117,8 нафар, ҳамкориҳои оилавӣ 7,85 ҳазор нафар ва дигар касбҳо 6,0 ҳазор нафар, дар маҷмӯъ 1131,7 ҳазор нафар ё ин ки 46 фоизи аҳолиро дар иқтисодиёт ташкил мекард. Ба ибораи дигар, 46 фоизи аҳолии дар иқтисодиёт машғул дар бахши ғайрирасмӣ қарор доштанд.

18. Аз шумораи умумии кормандони шуғлдошта танҳо 80,4 фоиз дар асоси шартномаҳои меҳнатӣ фаъолият дошта, 19,6 фоиз ё ин ки 175,7 ҳазор нафар дар асоси шартномаҳои шифоҳӣ бо корфармоён бо дар назар доштани он воқеият, ки ҳиссаи аҳолии шуғлдошта дар бахши ғайрирасмии иқтисодиёт ба 53,2 фоиз (1307,4 ҳазор нафар) рост меояд, кор мекарданд.

Дар бахши ғайрирасмии иқтисодиёт дар бозори меҳнат 42,3 фоизро занон ташкил намудаанд.

19. Шарҳи муфассал дар бораи баҳодиҳӣ ба шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ)-ро дар Тоҷикистон шарҳи таҳқиқоти қувваи корӣ дар соли 2009 дар бар мегирад. Таҳқиқоти мазкур аз тарафи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ гузаронида шудааст, ки дар он баҳои шуғли бақайдгирифтанашудаи (ғайрирасмии) чунин нишондиҳандаҳо, ба монанди нишондиҳандаҳои тақсимот дар бахши иқтисоди расмӣ ва ғайрирасмӣ дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо дар мутобиқат бо нишондиҳандаҳои гендерӣ, намудҳои фаъолияти иқтисодӣ, сатҳи таҳсилот, синну сол ва ҷойи кор мебошад.

20. Мувофиқи натиҷаи тадқиқоти қувваҳои корӣ дар соли 2009 дар бахши ғайрирасмии иқтисодиёт (бе назар доштани бахши кишоварзӣ) 49 фоизи аҳолии машғул (426,8 ҳазор нафар) ва 51 фоиз дар бахши расмии иқтисодиёт (446,1 ҳазор нафар) фаъолият доштанд.

21. Аз шумораи аҳолии дар бахши ғайрирасмии иқтисодиёт машғул бештар аз 77 фоизи аҳолиро шаҳрвандони худиштиғол ташкил медиҳанд.

22. Дар баробари ин, 420,0 ҳазор ё 9,4 фоиз аз шумораи умумии кормандони ғайрирасмӣ (бе бастани шартномаҳои хаттӣ) дар бахши иқтисоди расмӣ машғуланд.

23. Вазъи баамаломадаро ба инобат гирифта, дар доираи натиҷаҳои таҳқиқоти мазкур дар маҷмӯъ сатҳи шуғли ғайрирасмӣ (бе бахши кишоварзӣ) дар ҷумҳурӣ 53,8 фоиз (470,6 ҳазор нафар)-ро ташкил медиҳад.

24. Шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) асосан дар соҳаи савдо (93,5 фоизи машғули кор дар ин соҳа), сохтмон (91,2 фоиз), меҳмонхона ва тарабхонаҳо (81 фоиз), нақлиёт (70,8 фоиз), ташкилотҳои ғайридавлатӣ (69,1 фоиз) ва ҳамчунин миёни ҷавонони аз 15 то 29 - сола (61,8 фоиз) мушоҳида мешавад.

25. Дар минтақаҳо шуғли ғайрирасмӣ бештар дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 57,2 фоиз, вилояти Хатлон 56,2, вилояти Суғд 55,5 фоиз, фоиз паҳн гаштааст. Дар шаҳри Душанбе 48,2 фоиз ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистни Бадахшон 32,8 фоизро ташкил медиҳад.

Сатҳи шуғли ғайрирасмӣ миёни мардҳо 60,4 фоиз ва занон 37,4 фоизро ташкил медиҳад.

26. Мувофиқи натиҷаи тадқиқоти қувваҳои корӣ дар соли 2016 249536 нафар дар ҷойи кори асосиашон машғул буданд.

27. Аз шумораи умумии машғулбуда 116177 нафар (13,7 фоиз) дар бахши расмии иқтисодиёт ва 133359 нафар (15,7 фоиз) дар бахши ғайрирасмии иқтисоди ғайрирасмӣ машғул буд.

28. Шуғли ғайрирасмӣ асосан дар соҳаҳои сохтмон (76,2 фоиз), саноати коркард (41,9 фоиз), меҳмонхона ва тарабхонаҳо (39,1 фоиз), нақлиёт (51,1 фоиз) ва дигар намудҳои фаъолияти хизматрасонӣ (37,9 фоиз) паҳн шудааст.

Сатҳи шуғли ғайрирасмӣ дар ин самт миёни мардҳо 33,2 фоиз ва занон 21,7 фоиз мебошад.

29. Сатҳи шуғли ғайрирасмӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 13,4 фоиз, вилояти Хатлон 35,0 фоиз, вилояти Суғд 31,7 фоиз, шаҳри Душанбе 22,2 фоиз ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 25,1 фоизро ташкил медиҳад.

30. Мувофиқи нишондоди таҳқиқоти қувваи корӣ дар соли 2016 сатҳи шуғли ғайрирасмӣ дар ҷумҳурӣ 29,4 фоизро ташкил намуд, ки дар муқоиса нисбат ба соли 2009 (53,8 фоиз) 24,4 фоиз коҳиш ёфтааст.

4. САМТҲОИ АСОСИИ БАРНОМА

31. Самтҳои асосии Барнома аз инҳо иборатанд:

- мукаммал намудани заминаҳои қонунгузорӣ ва меъёрии ҳуқуқӣ дар самти шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ);

- бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тахассусҳо дар бозори меҳнат, ташкил намудани заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои коркард ва ҷорӣ намудани стандартҳои касбӣ ва тахассусии ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ, инчунин омода намудани пешниҳодҳо доир ба таҳияи таснифоти миллии тахассусҳо.

32. Чораҳое, ки барои беҳтар намудани системаи идоракунӣ равона карда мешаванд:

- такмил додани системаи қарздиҳӣ барои инкишофи соҳибкории хурд ва миёна, соддатар намудани тартиби дастрасии гирифтани воситаҳои қарздиҳӣ ва ҳамчунин ҷорӣ намудани системаи қарзҳои имтиёзнок;

- такмили фаъолияти мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ва Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, баланд бардоштани сифати захираҳои кадрӣ ва заминаҳои моддӣ-техникӣ;

- баланд бардоштани самаранокии чораҳои фаъол дар бозори меҳнат, васеъ намудани имкониятҳои шуғлнокии аҳолӣ, мукаммал намудани тартиби шаҳодатномакунонӣ (валидатсия) ва эътирофи малакаҳои қувваи корӣ.

33. Баланд бардоштани самаранокии системаи назорат ва нозирот ҷиҳати амалӣ намудани қонунгузории меҳнат бо мақсади таъмини шаффофияти ҷорӣ намудани тартиби назорати видеоӣ ва протоколҳои электронӣ ҳангоми гузаронидани санҷишҳо.

34. Мукаммал намудани системаи мониторинг ва баҳодиҳии вазъ дар бозори меҳнат:

- ташкил ва гузаронидани пурсишҳо доир ба таҳқиқи фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, инчунин таҳқиқи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар бозори меҳнат;

- такмил додани тартиби маълумоти омории бозори меҳнат вобаста ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ;

- такмил додани тартиби мониторинг ва ҳисоботи омории қувваи кории хориҷӣ дар бозори меҳнат ва муҳоҷирати меҳнатии дохилӣ, инчунин шахсоне, ки барои кор ба хориҷи кишвар мераванд.

35. Ташкил намудани механизми ҳамоҳангсозии байниидоравӣ доир ба паст кардани шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) ва тақвияти муколамаи иҷтимоӣ дар ин самт:

- ҳарсола такмилу таҳия ва пурзӯр намудани назорат вобаста ба татбиқи Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсия иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 бо инъикос намудани масъалаҳои бартарафсозии шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар он;

- мукаммал намудани созишномаҳои муштараки байниҳукуматӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ва бартарафсозии шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ);

- омӯзиш ва ҷорӣ намудани таҷрибаи байналмилалӣ ва табодули таҷрибаи пешқадам бо давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир ба масъалаҳои шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ);

36. Ташкили чорабиниҳои маълумотдиҳӣ ва тарғиботӣ оид ба бартарафсозии шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ);

- баргузор кардани чорабиниҳои васеи маълумотдиҳӣ ва тарғиботӣ барои мубориза бо шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ);

- ташкил ва гузаронидани семинарҳо доир ба масъалаҳои бартарафсозии шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ);

- дар байни ҷомеа гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба мавқеи қонунгузории меҳнат, бартарии шуғли расмӣ ва камбудиҳои шуғли бақайдгирифтанашуда;

- ташкили чорабиниҳои ҷамъиятии барои субъектҳои фаъолияти иқтисодӣ, ки аз қонунигардонии фаъолияти худ саркашӣ менамоянд;

- омода ва муаррифӣ намудани видеороликҳои рекламавӣ, гӯшаҳо, мақолаҳо ва варақаҳои маълумотӣ, ки масъалаҳои мубориза бо шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ)-ро инъикос менамоянд.

5. НАТИҶАҲОИ ИҶРОИ ЧОРАБИНИҲОИ БАРНОМА ДАР СОЛҲОИ 2019-2023

37. Ба даст овардани натиҷаҳои зерин ҳангоми амалӣ намудани Барнома:

- кам гардидани шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ);

- ҷалб гардидани шаҳрвандони қобили меҳнат ба шуғли расмӣ;

- зиёд гардидани воситаҳои буҷети давлатӣ ҷиҳати амалисозии барномаҳои мушаххас барои беҳтар намудани некуаҳволии шаҳрвандон;

- маблағгузории иловагии воситаҳои буҷетӣ дар буҷети суғуртаи иҷтимоӣ;

- кам гардидани маблағгузории иловагии воситаҳои буҷетӣ дар буҷети суғуртаи иҷтимоӣ;

- зиёд гардидани сарчашмаҳои нави андозбандишаванда дар буҷети давлатӣ ва буҷети суғуртаи иҷтимоӣ;

- таъмини шаҳрвандон ба ҳифзи иҷтимоии арзанда дар шароити пиронсолӣ, маъюбӣ ва дигар ҳолатҳое, ки қонунгузорӣ муайян кардааст;

- ташаккули механизми баҳисобгирии воқеии ҷойҳои корӣ ва тартиби барҳамдиҳии ҷойҳои корӣ.

6. САРЧАШМАИ МАБЛАҒГУЗОРӢ

38. Маблағгузории Барномаи мазкур дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва аз ҳисоби сарчашмаҳои дигари ғайрибуҷетӣ амалӣ карда мешавад.

Замимаи 2

Приложение 1

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 30 августа 2019 года, №439

Программа по снижению уровня незарегистрированной (неформальной) занятости в Республике Таджикистан на 2019 - 2023 годы

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Программа по снижению уровня незарегистрированной (неформальной) занятости в Республике Таджикистан на 2019 - 2023 годы (далее-Программа) являясь неотъемлемой частью Государственной стратегии развития рынка труда Республики Таджикистан, до 2020 года имеет важное социально - экономическое значение в реализации государственной политики содействия занятости и совершенствования рынка труда, посредством сокращения неформальной занятости в стране, обеспечения социальной защиты и трудовых прав работников, включая основополагающие принципы и права в сфере труда.

2. Программа направлена на выявление и предотвращение, а так же незарегистрированной (неформальной) занятости, координацию деятельности государственных учреждений в этой области, организацию информирования населения о негативных последствиях такой занятости в обществе, обеспечение устойчивой системы и соблюдение налоговых процедур и совершенствование налоговой политики Республики Таджикистан.

3. Программа разработана в соответствии с положениями Рекомендаций 204 Международной Организации Труда "О переходе от неформальной к формальной экономике" и Целями Устойчивого Развития Организации Объединённых Наций до 2030 года.

2. ЦЕЛИ И ЗАДАЧИ

4. Основной целью Программы является повышение эффективности использования трудовых ресурсов, расширение возможностей занятости населения, реализация государственной политики, нацеленной на сокращение незарегистрированной (неформальной) занятости на рынке труда, обеспечение гарантий трудовых прав и социальной защиты работников и повышение уровня жизни населения Республики Таджикистан.

5. Цели Программы включают:

- организация и проведение мер по выявлению, предупреждению и сокращению незарегистрированной (неформальной) занятости на рынке труда;

- усиление координации деятельности государственных структур, негосударственных учреждений и социальных партнеров в сфере реализации мероприятии по сокращению незарегистрированной (неформальной занятости);

- совершенствование системы регулирования рынка труда, а также его институциональное развитие;

- создание системы стимулирования  формализации трудовых отношений;

- усиление надзора за обеспечению соблюдением трудового законодательства;

- организация проведения пропагандистских мероприятий для информирования населения о негативном воздействии незарегистрированной (неформальной занятости), повышение информированности населения в этом направлении.

3. НЕЗАРЕГИСТРИРОВАННАЯ (НЕФОРМАЛЬНАЯ) ЗАНЯТОСТЬ В РЕСПУБЛИКЕ ТАДЖИКИСТАН И ЕГО ПРОБЛЕМЫ

6. Проблемы неформальной экономической деятельности в формальном секторе экономики и неформальной экономики не являются новыми явлениями, которые существуют во всех странах мира, и Таджикистан не является исключением. Сегодня неформальный сектор, непосредственно оказывая негативное влияние как на занятость населения, так и на экономику страны в целом, превратился в самостоятельный сегмент рынка труда. Рост доли неформального сектора за последние десятилетия в мировой экономике, привлекает все большее внимание мировых государств, социальных партнеров, международных организаций и научных кругов к решению этой проблемы, а так же обуславливает необходимость, посредством всеобщих усилий поиска новых политических и инновационных подходов в этом направлении.

7. В глобальном мире современный уровень общественного развития выражается в ускоренном преобразовании социальных отношений, развитии науки и техники. Сегодня с полной уверенностью можно сказать, что трудовые отношения подверглись серьезным преобразованиям. Большую роль при этом играет развитие робототехники, автоматизация производственных процессов, внедрение инновационных технологий во все сферы экономической деятельности, и на основе этого возникновение новых форм трудовых отношений. Именно поэтому решение проблем в сфере легализации трудовых отношений, защиты трудовых и социальных прав работников обуславливает необходимость рассмотрения этих вопросов в контексте, выдвинутом Международной Организацией Труда в начале 21 века Концепции достойного труда.

8. Ведущие международные организации, в том числе Международная Организация Труда, Программа Развития Организации Объединённых Наций, Организация Экономического Сотрудничества и Развития и так далее при проведении анализа ежегодной статистической отчетности и прогнозных данных по рынку труда уделяют особое внимание динамике численности лиц, работающих на незащищенных с социальной точки зрения рабочих местах. Так, по данным международных экспертов в мире более половины экономически активного населения, 1,8 миллиард человек работают без заключения трудового договора, т.е. вне системы социальной защиты. Однако, исследования показывают, что многие работники заинтересованы в формализации трудовых отношений и статус "неформального" для них является вынужденным или временным. Как правило, этим статусом удовлетворяются лица, сталкивающиеся с трудностями адаптации на рынке труда, в особенности молодежь, женщины и лица с низкой квалификацией.

9. С одной стороны являясь конкретным нарушением законодательства, наличие незарегистрированной (неформальной) занятости в какой-то степени способствует расширению занятости, возможности получения дохода и снижению напряженности на рынке труда, с другой стороны препятствует обеспечению социальной защиты и трудовых прав работников, выплате налоговых и социальных выплат, и как результат обуславливает бюджетный дефицит и оказывает отрицательное влияние на экономическое развитие страны в целом.

10. В настоящее время в современном мире нет единой точки зрения на значение неформальной экономики и неформальной занятости, поскольку эти значения охватывают различные аспекты экономической деятельности и различаются друг от друга. Однако, Международная Организация Труда в рамках существующих международных стандартов и рекомендаций сформулировала единый концептуальный подход к решению данной проблемы.

В числе принятых в этой связи международных документов особое значение приобретают 8 фундаментальных конвенций Международной Организации Труда, принятых на 104 Международной Конференции Труда в 2015 году 204 Рекомендации "О переходе от неформальной экономики к формальной", а также резолюции, принятые в 1993 и 2003 годах на 15-ой и 17-ой международной конференции статистиков труда.

11. В соответствии с указанной Рекомендацией неформальный сектор экономической деятельности включает деятельность работников и экономических единиц, которые в силу законодательства или на практике вовсе не охватываются или охватываются не в полной мере формальными отношениями.

12. При этом, большое значение имеет осуществление надлежащей оценки и диагностики факторов, особенностей, причин и обстоятельств с точки зрения неформальных отношений в национальном контексте, с тем чтобы отразить их при разработке и исполнении нормативных правовых актов в этой области, а также реализации политических и других мер, нацеленных на содействие переходу к формальной экономике.

13. В Республике Таджикистан сфера незарегистрированной (неформальной) занятости включает в себя более широкое понятие. Таким образом, незарегистрированной (неформальной) занятость тесно связана с неформальным сектором экономики, который в настоящее время достаточно масштабен в рамках экономики Таджикистана.

14. В этом контексте можно оценить масштабы неформальной экономики и ее характер.

По данным Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан, численность постоянного населения Республики Таджикистан на 1 января 2018 года составила 8,9 миллион человек. Ежегодный темп роста населения страны, за последние 27 лет, остается в среднем на уровне 2,0% - 2,2%.

15. Ключевым макроэкономическим фактором развития экономики в этот период было сохранение значительного влияния на общеэкономическую динамику увеличения производства за счет внутренних ресурсов. Произведенный валовый внутренний продукт за 2017 год по оперативным данным сложился в сумме 61093,6 млн.сомони, что по сравнению с 2016 годом в сопоставимых ценах составляет 107,1%. Наибольшее влияние на рост валового внутреннего продукта оказало увеличение объемов производства в торговле, сельском хозяйстве и услугах.

16. Следует отметить, что обследования по масштабу неформальной занятости в Таджикистане в значительной степени были выявлены в результатах обследования рабочей силы в 2004, 2009 и 2016 годах.

17. По результатам обследования рабочей силы в 2004 году общее число работников, занятых в экономике - 2452,6 тысяч человек, число самозанятых составляло - 1 117,8 человек, семейные партнерства - 7,85 тысяч человек и другие профессии - 6,0 тысяч человек, в общей сложности - 1131,7 тысяч человек или 46% населения в экономике. Другими словами, 46% населения, занятого в экономике, находилось в неформальном секторе.

18. Из общего числа занятых работников только 80,4% работали по трудовым договорам, 19,6% или - 175,7 тысяч человек работали на основе устных контрактов с работодателями, принимая во внимание тот факт, что доля занятого населения в неформальном секторе экономики приходится 53,3% (1307,4 тысяч человек).

В неформальном секторе экономики на рынке труда женщины составляли 42,3%.

19. Подробный обзор об оценке незарегистрированной (неформальной) занятости в Таджикистане представляет собой обзор обследования рабочей силы в 2009 году. Данное обследование было проведено Агентством по статистике при Президенте Республики Таджикистан при поддержке Всемирного Банка, в котором незарегистрированной (неформальной) оценка таких следующих показателей как: распределение в формальном и неформальном секторах экономики в областях, городах и районах в соответствии с тендерными показателями, виды экономической деятельности, уровень образования, возраст и место работы.

20. Соответственно, по результатам обследования рабочей силы в 2009 году в неформальном секторе экономики (без сельскохозяйственного сектора) было занято 49% (426,8 тысяч человек) населения и 51% (446,1 тысяч человек) в официальном секторе экономики.

21. В числе занятого населения в неформальном секторе экономики более 77% населения составляют самозанятые граждане.

22. В то же время 420,0 тысяч или 9,4%) от общего числа работающих заняты неформально (без письменного заключения трудовых договоров) в формальном секторе экономики.

23. Учитывая эту ситуацию, в рамке результатов данного обследования в целом уровень неформальной занятости (без сельскохозяйственного сектора) в стране составляет 53,8% (470,6 тысяч человек),

24. Незарегистрированной (неформальной) занятость в основном наблюдается в сфере торговли (93,5% работающих в этой области), строительстве (91,2%), гостиницах и ресторанах (81%), транспорте (70,8%), негосударственных организациях {69%), а так же среди молодежи от 15 до 29 лет (61,8%).

25. На уровне регионов уровень неформальной занятости распрастронился в городах и районах республиканской подчиненности 57,2%, Согдийской области 55,5%, Хатлонской области 56,2%, в городе Душанбе 48,2% и в Горно-Бадахшанской Автономной Области 32,8%).

Уровень неформальной занятости среди мужчин составляет 60,4%) и женщин - 37,4%.

26. Согласно результатам обследования рабочей силы в 2016 году 249536 человек неформально работали на основном рабочем месте.

27. Из общего числа занятых, 116177 человек (13,7%) были в официальном секторе экономики, и 133359 (15,7%) были заняты в неформальном секторе неформальной экономики:

28. Неформальная занятость в основном распространена в отраслях строительства (76,2%), обрабатывающей промышленности (41,9%), отелях и ресторанах (39,1%), транспорте (51,1%) и других видах услуг (37,9%).

Уровень неформальной занятости в этом направлении среди мужчин 33,2%, и женщин составляет - 21,7%.

29. Уровень неформальной занятости составляет в Горно-Бадахшанской Автономной Области 13,4%, Хатлонской области- 35,0, Согдийской области 31,7, городе Душанбе - 22,2% и 25,1% в городах и районах республиканского подчинения.

30. Согласно исследованию рабочей силы в 2016 году уровень неформальной занятости в стране составил 29,4%, который снизился на 24,4% по сравнению с 2009 годом (53,8%).

4. ОСНОВНЫЕ НАПРАВЛЕНИЯ ПРОГРАММЫ

31. Основными направлениями Программы являются:

- совершенствование законодательной и нормативно - правовой базы в направлении незарегистрированной (неформальной) занятости;

- в целях повышения квалификаций на рынке труда создания нормативно - правовой базы для разработки и внедрения профессиональных и квалификационных стандартов, отвечающих международным требованиям, а так же подготовки предложений по разработке национальной рамки квалификаций;

32. Меры, направленные на улучшение системы управления:

- совершенствование системы кредитования для развития малого и среднего бизнеса, облегчения процедуры доступности получения кредитных средств, а так же введение системы льготных кредитов;

- совершенствование деятельности государственных органов занятости населения и Государственной службы по надзору в сфере труда, миграции и занятости населения, повышение качества их кадрового потенциала и материально-технической базы;

- повышение эффективности активных мер на рынке труда, расширение возможностей занятости населения, совершенствование системы сертификации (валидации) и подтверждения навыков рабочей силы.

33. Повышение эффективности системы контроля и надзора за применением трудового законодательства в целях обеспечения прозрачности внедрения системы видеонаблюдения и электронных протоколов при проведении проверок.

34. Совершенствование системы мониторинга и оценки ситуации на рынке труда:

- организация и проведение на регулярной основе опросов по обследованию экономической активности населения, а так же обследований незарегистрированной (неформальной) на рынке труда;

- совершенствование в соответствии с международными стандартами системы статистических данных рынка труда;

- совершенствование системы мониторинга и статистической отчетности иностранной рабочей силы на рынке труда и внутренней трудовой миграции, а так же лиц, выезжающих на работу за рубеж.

35. Создание координационного межведомственного механизма по сокращению незарегистрированной (неформальной) занятости и усилению социального диалога в этой области:

- ежегодное совершенствование разработки и усиления контроля за выполнением Генерального соглашения между Правительством Республики Таджикистан, Федерацией независимых профсоюзов Таджикистана и Объединением работодателей Таджикистана на 2018-2020 годы путем устранения в нём вопроса незарегистрированной (неформальной)занятости;

- совершенствование двухсторонних межправительственных соглашений в области трудовой миграции и предотвращения незарегистрированной (неформальной) занятости;

- изучение и внедрение международного опыта, и обмен передовым опытом со странами - членами Союза Независимых Государств по вопросам предотвращения незарегистрированной (неформальной) занятости.

36. Организация информационно - пропагандистских мероприятий по предотвращению незарегистрированной (неформальной) занятости:

- проведение широкомасштабной информационной и пропагандистской мероприятий по борьбе с незарегистрированной (неформальной) занятостью;

- организация и проведение семинаров по вопросам предотвращения незарегистрированной (неформальной) занятости;

- проведение информационной работы среди общественности о положениях трудового законодательства, преимуществах формальной занятости и недостатках неформальной занятости;

- организация кампании общественного порицания субъектов экономической деятельности, уклоняющихся от легализации своей деятельности;

- подготовка и презентация рекламных и видео роликов, стендов, брошюр и информационных листов, отражающих вопросы по борьбе с незарегистрированной (неформальной) занятостью.

5. РЕЗУЛЬТАТЫ ВЫПОЛНЕНИЯ МЕР ПРОГРАММЫ В 2019-2023 ГОДАХ

37. Следующие результаты достигаются при реализации этой Программы:

- сокращение незарегистрированной (неформальной) занятости;

- официальное трудоустройство компетентных трудоспособных граждан;

- увеличение средств государственного бюджета на реализацию конкретных программ по улучшению благосостояния гражданам;

- дополнительное финансирование бюджетных средств бюджета социального страхования;

- сокращение дополнительного финансирования бюджетных средств в бюджете социального страхования;

- увеличение новых налогооблагаемых источников в государственном бюджете и бюджете социального страхования;

- обеспечение граждан ценным социальным обеспечением в контексте преклонного возраста, инвалидности и других случаев, определенных законодательством;

- разработка механизма фактического учета рабочих мест и порядка ликвидации рабочих мест.

6. ИСТОЧНИК ФИНАНСИРОВАНИЯ

38. Финансирование данной Программы осуществляется в рамках государственного бюджета и других внебюджетных источников.

*Приложение