Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018, № 287
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018, № 287 "Дар бораи Номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд" тасдиқ шудааст, банди 17 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"17. Маҳсулоти нафтӣ: бензини автомобилӣ, сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ.".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 9 июли соли 2019 № 350
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении дополнения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 31 мая 2018 года, №287
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Дополнить Перечень социально значимых товаров и продукций, цены на которые подлежат государственному регулированию, утверждённый постановлением Правительства Республики Таджикистан от 31 мая 2018 года, №287 "О Перечне социально значимых товаров и продукций, цены на которые подлежат государственному регулированию", пунктом 17 следующего содержания:
"17. Нефтепродукты: автомобильный бензин, дизельное топливо и сжиженный газ.".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 9 июля 2019 года, №350