Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018 № 287 "Дар бораи Номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд"

Санаи амалкуни: 29.08.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 9.07.2019 № 350, аз 25.06.2020 № 396, аз 29.08.2023 № 403)

Мутобиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи рақобат" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 31 майи соли 2018 № 287

ш.Душанбе

 

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "31" майи соли 2018, № 287

 

Номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд

1. Орд (навъҳои 1 ва 2)

2. Нони аз орди навъҳои 1 ва 2 истеҳсолгардида

3. Маҳсулоти макаронӣ

4. Гандум

5. Биринҷ

6. Картошка

7. Сабзавот: сабзӣ, пиёз, карам

8. Қанди сафед, шакар

9. Равғани растанӣ: равғани пахта ва равғани офтобпараст, равғани маска

10. Маҳсулоти ширӣ: шир, кефир, қаймоқ, сметана, творог

11. Наск, нахуд, марҷумак, кашк, ярмаи ҷав

12. Гӯшт: гӯшти гов, гӯшти гусфанд, гӯшти мурғ

13. Тухми мурғ

14. Намак

15. Чой: навъи сабз ва сиёҳ

16. Ғизои кӯдаконa

17. Маҳсулоти нафтӣ: бензини автомобилӣ, сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 9.07.2019 № 350)

18. Маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 25.06.2020 № 396)

19. Нуриҳои минералӣ, органикӣ ва химиявӣ барои соҳаи кишоварзӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.06.2020 № 396)  

20. Ангишт ва ангишти бӯр (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.08.2023 № 403)

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Перечне социально значимых товаров и продукций, цены на которые подлежат государственному регулированию

(в редакции пост. Правительства РТ от 09.07.2019г.№350, от 25.06.2020г.№396, от 29.08.2023 №403)

В соответствии со статьёй 15 Закона Республики Таджикистан "О защите конкуренции" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Перечень социально значимых товаров и продукций, цены на которые подлежат государственному регулированию (прилагается).

2. Контроль за исполнением настоящего постановления возложить на Антимонопольную службу при Правительства Республики Таджикистан.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 31 мая 2018 года, №287

Приложение

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 31 мая 2018 года, №287

Перечень социально значимых товаров и продукций, цены на которые подлежат государственному регулированию

1. Мука (1 и 2 сортов)

2. Хлеб, изготовляемый из муки 1 и 2 сортов

3. Макаронные изделия

4. Пшеница

5. Рис

6. Картошка

7. Овощи: морковь, лук, капуста

8. Сахар, сахарный песок

9. Масло растительное: масло хлопковое и масло подсолнечное, масло сливочное

10. Молочные продукции: молоко, кефир, каймак, сметана, творог

11. Чечевица, горох, гречка, каша, перловка

12. Мясо: говядина, баранина, курятина

13. Куриные яйца

14. Соль

15. Чай: зелёный и чёрных сортов

16. Детское питание

17. Нефтепродукты: автомобильный бензин, дизельное топливо и сжиженный газ (в редакции пост. Правительства РТ от 09.07.2019г.№350).

18. Лекарственные средства и медицинские товары

19. Минеральные, органические и химические удобрения для сельскохозяйственной отрасли (в редакции постановления Правительства РТ от 25.06.2020г.№396).

20. Уголь и бурый уголь (в редакции пост. Правительства РТ от 29.08.2023 №403).