Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тарифҳои неруи барқ ва гармӣ
Мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи инҳисороти табиӣ", моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади мусоидат намудан ба рушди соҳаи электроэнергетика, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тарифҳои неруи барқ ва гармӣ, ки аз ҷониби ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ба истифодабарандагон интиқол дода мешавад (ба истиснои корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати алюминийи Тоҷик"), тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" нархномаи №09-01-2019 "Тарифҳои неруи барқ ва гармӣ"-ро таҳия намояд.
3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2018, № 473 "Дар бораи тарифҳои неруи барқ ва гармӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.
4. Қарори мазкур аз 1 сентябри соли 2019 мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 22 июни соли 2019 № 329
ш.Душанбе
Замима