Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории зиддитеррористӣ дар мавриди мубодилаи иттилоот бо истифода аз маълумоти моҳворавии таҳқиқоти фосилавӣ тавассути зонди баландпарвоз
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории зиддитеррористӣ дар мавриди мубодилаи иттилоот бо истифода аз маълумоти моҳворавии тадқиқоти фосилавӣ тавассути зонди баландпарвоз маъқул дониста шавад.
2. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳуми мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли имзои Ёддошти тафоҳуми мазкурро бо ҷониби Чин мувофиқа намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 12 июни соли 2019 № 297
ш.Душанбе
Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории зиддитеррористӣ дар мавриди мубодилаи иттилоот бо истифода аз маълумоти моҳворавии таҳқиқоти фосилавӣ тавассути зонди баландпарвоз
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки (минбаъд "Тарафҳо" номида мешаванд),
Баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳои мутақобиларо дар соҳаи амният ва мубориза бо терроризм зарур шуморида,
бо мақсади минбаъд таҳким бахшидани ҳамкорӣ оид ба мубодилаи иттилоот бо истифода аз маълумоти моҳворавии таҳқиқоти фосилавӣ тавассути зонди баландпарвоз,
дар асоси муқаррароти Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм, сепаратизм ва ифротгароӣ аз 2 сентябри соли 2003,
ба мувофиқаи зайл расиданд:
Моддаи 1
1. Идораҳои салоҳиятдори масъули ҳамоҳангсозии иҷрои муқаррароти Ёддошти тафоҳуми мазкур Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошанд.
2. Мақомоти ваколатдори масъули амалисозии Ёддошти тафоҳуми мазкур Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти миллии кайҳонии Чин мебошанд.
Моддаи 2
1. Ҷониби Чин дар асоси дархости ҷониби Тоҷикистон ва кординатҳои пешниҳоднамудаи он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аксгирии моҳворавии фосилавиро амалӣ менамояд. Ин аксҳо баъд аз муайянкунӣ ба ҷониби Тоҷикистон пешкаш мегарданд.
2. Баъд аз ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳуми мазкур, Тарафҳо ба ҳамкорӣ шурӯъ менамоянд. Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази назорати рӯи замин ва коркарди маълумоти назди Маъмурияти миллии кайҳонии Чин мутобиқи Ёддошти тафоҳуми мазкур Созишномаи ҳамкориро ба имзо расонида, қисмҳои алоҳидаи онро мувофиқа менамоянд.
3. Мутобиқи муқаррароти Ёддошти тафоҳуми мазкур Тарафҳо бо мусоидати мақомоти ваколатдори худ мубодилаи координатҳои ҷойгиршавӣ ва аксҳоро бо роҳҳои барои Тарафҳо мақбул, бо низоми махфият ва дар шакли бехатар амалӣ менамоянд.
Моддаи 3
Координатҳои ҷойгиршавӣ ва аксҳое, ки аз ҷониби як Тараф пешниҳод мегарданд, аз Тарафи дигар бояд махфӣ нигоҳ дошта шуда, ба тарафи сеюм супорида нашаванд.
Моддаи 4
Баҳсу ихтилофоте, ки вобаста ба тавсифи Ёддошти тафоҳуми мазкур ба миён меоянд, Тарафҳо бо роҳи машварат танзим менамоянд.
Моддаи 5
1. Ёддошти тафоҳуми мазкур пас аз гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ эътибор пайдо мекунад ва ба муҳлати як сол амал менамояд.
2. Бо розигии мутақобила Тарафҳо метавонанд ба Ёддошти тафоҳуми мазкур тағйиру иловаҳо ворид намоянд, ки бо протоколҳои алоҳида ба расмият дароварда мешаванд ва қисми ҷудонашавандаи Ёддошти тафоҳуми мазкур ба ҳисоб мераванд.
3. Муҳлати амали Ёддошти тафоҳуми мазкур худ ба худ ба як соли минбаъда тамдид мегардад, агар ҳеҷ яке аз Тарафҳо на камтар аз се моҳ ба охир расидани муҳлати амал, Тарафи дигарро оид ба нияти қатъ намудани амали он дар шакли хаттй огоҳ насозад.
Ёддошти тафоҳуми мазкур дар шаҳри Душанбе "____"___________ соли 2019 дар ду нусхаи асл, ҳар кадом бо забонҳои тоҷикӣ, чинӣ ва русӣ ба имзо расонида шуд, зимнан ҳамаи матнҳо эътибори якхела доранд.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин |
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷагропромэкспорт"
Мутобиқи моддаи 125 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи корхонаҳои давлатӣ" ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷагропромэкспорт" таъсис дода шавад.
2. Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷагропромэкспорт"-ро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал намояд.
3. Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷагропромэкспорт"-ро бо бино таъмин намояд.
4. Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории фаъолияти корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷагропромэкспорт"-ро оид ба харид, захира, нигоҳдорӣ, борпечонӣ ва содироти маҳсулоти рақобатпазир ба хориҷи кишвар аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ҳал намояд.
5. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2018, №396 "Дар бораи Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
- банди 2 дар таҳрири нав ифода карда шавад:
"2. Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ ва номгӯи ташкилотҳои системаи Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1,2,3 ва 4).";
- замимаи 4 илова карда шавад (замима мегардад).
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 27 майи соли 2020 № 297
ш. Душанбе