Тартиби таҳияи дурнамоҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ояндаи кӯтоҳмуҳлат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат аз 10 июни соли 2019 № 279

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.04.2023 № 168 аз эътибор соқит дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "10" июни соли 2019, № 279

тасдиқ шудааст

ТАРТИБИ ТАҲИЯИ ДУРНАМОҲОИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ОЯНДАИ КӯТОҲМУҲЛАТ, МИЁНАМУҲЛАТ ВА ДАРОЗМУҲЛАТ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби таҳияи дурнамоҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ояндаи кӯтоҳмуҳлат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат мутобиқи муқаррароти моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳия гардида, барои муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисодӣ, раванди иҷрои барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии давлатӣ, маҳаллӣ ва соҳавӣ, инчунин вазъи ояндаи имконпазири иҷтимоию иқтисодӣ равона карда шудааст.

2. Иштирокчиёни таҳияи дурнамоҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ояндаи кӯтоҳмуҳлат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, корхонаю муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият ба ҳисоб мераванд.

2. РАВАНДИ ТАҲИЯИ ДУРНАМОҲОИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ОЯНДАИ КӯТОҲМУҲЛАТ, МИЁНАМУҲЛАТ ВА ДАРОЗМУҲЛАТ

3. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дурнамосозии давлатии рушди иҷтимоию иқтисодӣ корҳои зеринро ба анҷом мерасонад:

- санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро оид ба ташкили корҳо дар самти таҳияи нишондиҳандаҳои дурнамои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодӣ таҳия менамояд;

- номгӯи нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодиро бо дар назар доштани равандҳои муосир муайян намуда, якҷо бо тавсияҳои методӣ барои таҳияи дурнамои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ барои солҳои дахлдор ба иштирокчиёни таҳияи дурнамо ирсол менамояд;

- баҳодиҳии пешакии дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои дахлдор, бо дар назар доштани тамоюли вазъи рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар солҳои гузашта ва самтҳои асосии сиёсати иқтисодии кишвар, омода менамояд.

4. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар асоси пешниҳодҳои субъектҳои хоҷагидор ва маълумоти оморӣ корҳои зеринро ба анҷом мерасонанд:

- дурнамои нишондиҳандаҳои рушди соҳаҳо, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳоро дар муҳлатҳои муқарраргардида бо дар назар доштани омилҳо ва хатарҳои дохилию берунии ба иқтисодиёт таъсиррасонанда, истифодаи самараноки захираву имкониятҳои дохила, муқаррароти консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳои давлатӣ, соҳавӣ ва маҳаллии рушди иҷтимоию иқтисодӣ таҳия менамоянд;

- нишондиҳандаҳои дурнамои рушди соҳавиро дар ҷаласаҳои ҳайати мушовараи вазорату идораҳо ва рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳоро дар ҷаласаҳои маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо баррасӣ ва тасдиқ менамоянд;

- дар муҳлатҳои муқарраргардидаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурӣ дурнамои нишондиҳандаҳои худро ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дурнамосозии давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, муаррифӣ ва ҳимояи нишондиҳандаҳои дурнаморо таъмин менамоянд;

- аз ташкилоти зертобеъ, субъектҳои хоҷагидорӣ дар маҳалҳо ҷойгирбуда, ки маълумот пешниҳод намудаанд, асосноккунии таҳияи нишондиҳандаҳои дурнаморо талаб менамоянд;

- ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дурнамосозии давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳар як нишондиҳандаҳои дурнамоҳои рушди соҳаҳо, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо асосноккунӣ пешниҳод менамоянд;

- дар ҳолати пайдо шудани зарурат дар ҷараёни мувофиқасозии дурнамоҳо, ба нишондиҳандаҳои худ тағйиру иловаҳо ворид менамоянд;

- мониторинги рафти иҷрои нишондиҳандаҳои дурнамоҳои қабулшударо анҷом дода, дар семоҳаи якуми ҳар сол ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дурнамосозии давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти дахлдорро барои таҳлил ва натиҷагирӣ пешниҳод менамоянд;

- дар мавриди ғайриқаноатбахш арзёбӣ гардидани иҷрои нишондиҳандаҳои дурнамоҳои қабулшудаи соҳавию маҳаллӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дурнамосозии давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо, беҳтар намудани раванди таҳияи дурнамо, асоснок ва сифатнок таҳия намудани нишондиҳандаҳои дурнамо, инчунин таъмини иҷрои минбаъдаи он чораҳои зарурӣ меандешанд;

- бо мақсади иҷрои саривақтии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ташкили корҳо дар самти таҳияи нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои солҳои дахлдор, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилиидоравии худро оид ба танзими ҷараёни омодасозии дурнамо таҳия менамоянд.

5. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дурнамосозии давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маълумоти пешниҳоднамудаи иштирокчиёни таҳияи дурнамо корҳои зеринро ба анҷом мерасонад:

- лоиҳаи дурнамои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ояндаи кӯтоҳмуҳлат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат дар асоси нишондиҳандаҳои ҳуҷҷатҳои стратегӣ бо назар доштани таҳлили маҷмӯии натиҷаҳо, афзалиятҳо, имкониятҳо ва дигар масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути моделҳои дурнамосозии рушди иҷтимоию иқтисодӣ таҳия менамояд;

- дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи дурнамои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои давраи дахлдор барои баррасӣ ва тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- мониторинги иҷрои нишондиҳандаҳои дурнамои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом дода, онро дар ҷаласаҳои ҳайати мушовараи худ мавриди баррасӣ қарор медиҳад ва маълумоти мувофиқашударо бо таклифҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- дигар вазифаҳоро дар самти таҳияи дурнамои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи ӯ вогузор шудааст, иҷро менамояд.

6. Бо мақсади сари вақт ва босифат таҳия намудани лоиҳаи дурнамои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодӣ иштирокчиёни таҳияи дурнамо ва мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дурнамосозии давлатии рушди иҷтимоию иқтисодӣ аз мақомоти омор ва сохторҳои минтақавии он маълумоти омории лозимаро дастрас менамоянд.

3. МУҚАРАРОТ ОИД БА ТАҲИЯИ ДУРНАМОҲОИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ОЯНДАИ КӯТОҲМУҲЛАТ, МИЁНАМУҲЛАТ ВА ДАРОЗМУҲЛАТ

7. Нишондиҳандаҳои асосии дурнамо суръат ва таносуби афзоиши иқтисодӣ, ҷараёни истеҳсолот ва сохтори соҳавии он, ҳаҷми истеҳсоли намудҳои асосии мол, кор ва хизматрасонӣ дар шакли молӣ, фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, дараҷаи шуғл ва сифати зиндагии аҳолӣ, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ, сайёҳӣ, инчунин индекси афзоиши нарх ва тарифҳоро дарбар мегурад.

8. Ба нишондиҳандаҳои дурнамои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодӣ аз ҷониби иштирокчиёни таҳияи дурнамо тавзеҳот бо таҳлили вазъи нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии давраҳои гузашта замима мешавад.

9. Дурнамоҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ аз ҷониби иштирокчиёни таҳияи дурнамо дар асоси маълумоти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар охири давраи ҳисоботӣ, мониторинг ва баҳодиҳии иҷрои дурнамои давраи гузашта, тамоюли рушди соҳаҳои афзалиятнок ва захираву иқтидорҳои маҳаллӣ пеш аз таҳияи лоиҳаи буҷети давлатӣ таҳия мегардад.

10. Нишондиҳандаҳои дурнамои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҳангоми таҳияи лоиҳаи буҷети давлатӣ барои муайян намудани ҳаҷми даромад ва хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ истифода бурда мешавад.

11. Ҳангоми таҳияи дурнамои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодӣ маълумоти омори расмии давлатӣ ва идоравӣ, маълумоти тибқи тартиби муқарраршудаи қонунгузорӣ пешниҳодгардидаи ташкилот ва корхонаҳои дар ҳудуди ҷумҳурӣ амалкунанда, захира ва имкониятҳои воқеан мавҷудбуда, инчунин омилҳои дигари таъсиррасонанда ба инобат гирифта мешаванд.

12. Бо мақсади дуруст муайян намудани рушди воқеии иқтисодиёти кишвар нишондиҳандаҳои дурнамо дар шакли ҷадвал бо нархҳои дурнамо ва муқоисавӣ барои ояндаи кӯтоҳмуҳлат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат пешниҳод карда мешаванд.

13. Дурнамои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои ояндаи миёнамуҳлат маълумотҳоро оид ба тамоюли рушди миёнамуҳлати иқтисодиёт ва соҳаҳои иҷтимоӣ, омилҳои манфии ба иқтисодиёт таъсиррасонанда ҷиҳати андешидани чораҳои саривақтии дахлдор дар бар гирифта, ҳангоми ташаккули барномаи миёнамуҳлати хароҷоти давлатӣ ва буҷети давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад.

14. Дурнамои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои ояндаи миёнамуҳлат тибқи қонунгузорӣ барои то панҷ сол бо тақсимбандӣ ба солҳо таҳия карда, онро ҳар сол такмил медиҳад.

15. Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти даълатӣ, мақомоти дигар, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати сари вақт пешниҳод намудани маводи таҳлилию омории дақиқ барои таҳияи дурнамоҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошанд.

4. ШӯРОИ МЕТОДӢ ОИД БА ДУРНАМОСОЗИИ НАЗДИ МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ДУРНАМОСОЗИИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

16. Шӯрои методӣ оид ба дурнамосозии назди мақоми ваколатдорӣ давлатӣ оид ба дурнамосозии давлатии рушди иҷтимоию иқтисодӣ вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

- фаъолияти вазорату идораҳоро оид ба таҳияи дурнамоҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ҳамоҳанг месозад;

- рушди иқтисодиётро арзёбӣ менамояд;

- пешниҳодҳоро барои ворид намудани тағйирот ба нишондиҳандаҳои дурнамоҳо таҳия менамояд;

- дурнамоҳоро аз нуқтаи назари илмӣ таҳлил менамояд;

- методологияи дурнамоҳоро таҳия менамояд;

- равандҳои муосири дурнамосозиро дар ҷаҳон мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода, дар ин замина ҷиҳати такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дурнамосозӣ тавсияҳои илман асоснокшударо пешниҳод менамояд.

17. Низомнома дар бораи Шӯрои методӣ оид ба дурнамосозии назди мақоми ваколатдори давлатӣ доир ба дурнамосозии давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

18. Нишондиҳандаҳои дурнамои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ояндаи кӯтоҳмуҳлат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат аз ҷониби иштирокчиёни таҳияи дурнамо бо дар назар доштани таъмини иҷрои муқаррароти консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳои қабулгардидаи давлатию соҳавӣ ва минтақавии рушди иҷтимоию иқтисодӣ таҳия карда мешавад.