Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2019 № 273 "Дар бораи Андоза ва тартиби пардохти стипендия ба донишҷӯён, аспирантон ва докторантон аз рӯи ихтисос, докторантон ва постдокторантон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва илмию таҳқиқотӣ"

Санаи амалкуни: 30.03.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Андоза ва тартиби пардохти стипендия ба донишҷӯён, аспирантон ва докторантон аз рӯи ихтисос, докторантон ва постдокторантон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва илмию таҳқиқотӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2023 № 86, аз 30.03.2024 № 207, аз 26.12.2024 № 680)

Мутобиқи моддаи 45 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Андоза ва тартиби пардохти стипендия ба донишҷӯён, аспирантон ва докторантон аз рӯи ихтисос, докторантон ва постдокторантон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва илмию таҳқиқотӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Маблағгузории стипендия ба донишҷӯён, аспирантон ва докторантон аз рӯи ихтисос, докторантон ва постдокторантон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва илмию таҳқиқотӣ дар доираи маблағҳои буҷетии барои соҳаи маориф пешбинишуда амалӣ карда шавад.

3. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва ташкилотҳои дигаре, ки дар сохтори худ муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, инчунин муассисаҳои илмию таҳқиқоти доранд, пардохти стипендия ба донишҷӯён, аспирантон ва докторантон аз рӯи ихтисос, докторантон ва постдокторантон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва илмию таҳқиқотиро тибқи қарори мазкур ба роҳ монанд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 31 майи соли 2019 № 273

ш.Душанбе

 

 

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "31" майи соли 2019, № 273

тасдиқ шудааст

 

Андоза ва тартиби пардохти стипендия ба донишҷӯён, аспирантон ва докторантон аз рӯи ихтисос, докторантон ва постдокторантон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва илмию таҳқиқотӣ

 

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Андоза ва тартиби пардохти стипендия ба донишҷӯён, аспирантон ва докторантон аз рӯи ихтисос, докторантон ва постдокторантон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва илмию таҳқиқотӣ (минбаъд - Тартиб) тартиби пардохти стипендияи давлатии академӣ ба донишҷӯёни (бакалавр, мутахассис, магистр (минбаъд - донишҷӯён) муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва стипендияи давлатӣ ба аспирантон ва докторантон аз рӯи ихтисос, докторантон ва постдокторантон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмию таҳқиқотиро муайян менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2023 № 86).

2. Стипендияҳои давлатии академӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва илмию таҳқиқотӣ, инчунин стипендияҳои давлатӣ барои аспирантон ва докторантон аз рӯйи ихтисос, докторантон ва посдокторантони гурӯҳҳои буҷетии шуъбаи рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва илмию таҳқиқотӣ бо мақсади ҳавасманд гардондан ва дастгирии иҷтимоии онҳо барои 12 моҳ муқаррар карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2023 № 86).

3. Стипендияи давлатии академӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва стипендияи давлатӣ ба аспирантон ва докторантон аз рӯи ихтисос, докторантон ва постдокторантон бо пешниҳоди садорати факултетҳо ва сохторҳои илмӣ аз ҷониби комиссияи стипендиядиҳии муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва илмию таҳқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

4. Комиссияи стипендиядиҳӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, аспирантон ва докторантон аз рӯи ихтисос, докторантон ва постдокторантон бо фармоиши роҳбари муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва илмию таҳқиқотӣ таъсис дода мешавад. Ба ҳайати комиссия намояндагони қисми таълим, маркази бақайдгирӣ ва машварат, садорати факултетҳо, сохторҳои илмӣ, кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён, созмони ҷавонон ва муҳосибот дохил мешаванд.

5. Рӯйхати донишҷӯён, аспирантон ва докторантон аз рӯи ихтисос, докторантон ва постдокторантоне, ки ба онҳо стипендия таъин мегардад, дар асоси қарори комиссияи стипендиядиҳӣ бо фармоиши роҳбари муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва илмию таҳқиқотӣ тасдиқ карда мешавад.

6. Донишҷӯён, аспирантон ва докторантон аз рӯи ихтисос, докторантон ва постдокторантоне, ки бо қарори комиссияи стипендиядиҳӣ ба фармоиши роҳбари муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва илмию таҳқиқотӣ оид ба таъини стипендия дохил нагардидаанд ва аз ин қарор розӣ нестанд, метавонанд ба роҳбари муассиса бо ариза муроҷиат намоянд. Комиссияи стипендиядиҳӣ бо супориши роҳбари муассиса масъаларо баррасӣ намуда, қарори дахлдор қабул менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2023 № 86).

2. ТАРТИБИ ПАРДОХТИ СТИПЕНДИЯИ ДАВЛАТИИ АКАДЕМӢ БА ДОНИШҶУЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ВА ОЛИИ КАСБӢ

7. Стипендияи давлатии академӣ дар асоси ҷамъбасти натиҷаҳои сессияҳои имтиҳонӣ (зимистона ва тобистона) бо дар назар доштани дастовардаҳои таълимии донишҷӯён ҳангоми азхудкунии барномаҳои таълимии фанҳо, соҳиб гардидани рейтинги баланди академӣ, натиҷаҳои назарраси илмию таҳқиқотӣ ва иштироки фаъолонаи ӯ дар корҳои ҷамъиятии муассисаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ таъин ва тариқи ғайринақдӣ пардохт карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2023 № 86аз 26.12.2024 № 680).

8. Фонди стипендияи давлатии академӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба андозаи 60 фоизи шумораи умумии донишҷӯён муқаррар карда мешавад. Ин таносуб ба донишҷӯёне, ки аз ҳисоби буҷети давлат дар шуъбаи рӯзона таҳсил мекунанд, тааллуқ дорад.

9. Барои донишҷӯёне, ки дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсил мекунанд, стипендия тибқи муқаррароти шартнома аз тарафи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ таъин ва тариқи ғайринақдӣ пардохт карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.12.2024 № 680).

10. Стипендияҳои давлатии академӣ ба донишҷӯёни курси якум (бакалавр, мутахассис) дар нимсолаи аввали соли таҳсил (семестри 1) аз рӯйи натиҷаи холҳои (баҳо) бадастовардааш дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаи таълимӣ таъин карда мешавад.

11. Аз нимсолаи дуюми соли таҳсил ба донишҷӯёни курси якум (бакалавр, мутахассис) ва дар курсҳои болоӣ таҳсилкунанда стипендияҳои давлатии академӣ дар асоси натиҷаи ҷамъбасти сессияи имтиҳони фаъол таъин карда мешаванд. Натиҷаи баҳои таҷрибаомӯзӣ ва лоиҳаи кори курсӣ зимни муайян намудани стипендия ба инобат гирифта намешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2023 № 86).

12. хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2023 № 86).

13. Ба донишҷӯёне, ки баҳои Ғх, Ғ (ғайриқаноатбахш) гирифтаанд, ё ин ки дар имтиҳонҳо иштирок накардаанд ва қарздор мондаанд, баъди итмоми сессияи имтиҳонӣ, новобаста аз он ки кадом баҳои мусбатро мегиранд, стипендияи давлатии академӣ дода намешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2023 № 86).

14. Барои донишҷӯёни ятиму бепарастор, маъюбони гурӯҳҳои I ва II стипендияи давлатии академӣ, новобаста ба натиҷаи таҳсил, тариқи ғайринақдӣ пардохт карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2023 № 86аз 26.12.2024 № 680)

15. Ба донишҷӯёне, ки аз дигар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ё аз як факултет ба факултети дигар интиқол шудаанд, аз таҳсилоти ғоибона ба таҳсилоти рӯзона гузаштаанд, баъд аз бартараф кардани тамоми қарзҳо мувофиқи нақшаи таълимӣ вобаста аз натиҷаи охирини сессияи имтиҳонӣ стипендияи давлатии академӣ амалӣ карда мешавад.

16. Дар давраи рухсатии академӣ ба донишҷӯён стипендияи давлатии академӣ пардохт карда намешавад. Баъди бозгашт аз рухсатии академӣ пардохти стипендия мувофиқи натиҷаи сессияи имтиҳонии охирин (то баромадан ба рухсатии академӣ) тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.12.2024 № 680).

17. Ба донишҷӯёне, ки бо сабабҳои гуногун дар курсашон такроран мондаанд ё хориҷ гардидаанд, баъди барқарор гардидани онҳо стипендияҳои давлатии академӣ аз рӯйи натиҷаи ҷамъбасти сессияи имтиҳонии фаъол таъин карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2023 № 86).

18. Ба донишҷӯёне, ки нафақапулӣ ё дигар намуди кумаклулӣ мегиранд, стипендияи давлатии академӣ аз рӯи талаботи умумӣ мувофиқи тартиби мазкур таъин ва тариқи ғайринақдӣ пардохт карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.12.2024 № 680).

3. ТАРТИБИ ПАРДОХТИ СТИПЕНДИЯИ ДАВЛАТӢ БА АСПИРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОН АЗ РӯИ ИХТИСОС, ДОКТОРАНТОН ВА ПОСТДОКТОРАНТОН ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ВА ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТӢ

19. Ба аспирантон ва докторантон аз рӯи ихтисос, докторантон ва постдокторантони шуъбаи рӯзонаи гурӯҳҳои буҷетӣ дар асоси қарори шӯрои олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмию таҳқиқотӣ стипендияи давлатӣ таъин карда мешавад.

20. Ба аспирантоне, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмию таҳқиқотӣ таҳсил мекунанд, дар муддати рухсатӣ стипендияи давлатиро муассисаҳои мазкур пардохт менамоянд.

21. Таъмини постдокторантон бо стипендияи давлатӣ дар постдокторантураи мақсаднок ба зиммаи муассисае, ки онҳоро ба постдокторантура равон намудааст, вогузор гардида, ҳангоми мавҷуд будани созишномаҳои байнидавлатӣ амалӣ карда мешавад.

4. АНДОЗАИ СТИПЕНДИЯИ ДАВЛАТИИ АКАДЕМӢ БА ДОНИШҶӯЁН, СТИПЕНДИЯИ ДАВЛАТӢ БА АСПИРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОН АЗ РӯИ ИХТИСОС, ДОКТОРАНТОН ВА ПОСТДОКТОРАНТОН ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАЮ ОЛИИ КАСБӢ ВА ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТӢ

22. Андозаи стипендияи давлатии академӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, стипендияи давлатӣ ба аспирантон ва докторантон аз рӯи ихтисос, докторантон ва постдокторантон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуда, дар мавриди қабули фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба зиёдшавии стипендияҳои мазкур тағйир меёбад.

23. Стипендияи давлатии академӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба андозаи зерин муқаррар карда мешавад:

- ба дорандагони баҳоҳои А, А- ("аъло") - 270 сомонӣ дар як моҳ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2023 № 86);

- ба дорандагони баҳоҳои В+, В, В ("хуб") ва А, А- ("аъло") 188 сомонӣ дар як моҳ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2023 № 86);

- ба дорандагони баҳоҳои В+, В, В, С+, С, С- ("аъло", "хуб" ва "қаноатбахш"), ки миқдори баҳои "қаноатбахш"-и онҳо аз 20 фоиз зиёд набошад, 72 сомонӣ дар як моҳ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2023 № 86).

24. Стипендияи давлатии академӣ барои донишҷӯёни зинаи бакалаври муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба андозаи зерин муқаррар карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2023 № 86):

- ба дорандагони баҳоҳон А, А- ("аъло") - 373 сомонӣ дар як моҳ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2023 № 86);

- ба дорандагони баҳоҳои В+, В, В ("хуб") ва А, А- ("аъло")270 сомонӣ дар як моҳ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2023 № 86);

- ба дорандагони баҳоҳои В+, В, В: С+; С, С- "аъло", "хуб" ва "қаноатбахш", ки миқдори баҳои "қаноатбахш"-и онҳо аз 20 фоиз зиёд набошад, 100 сомонӣ дар як моҳ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2023 № 86).

25. Стипендияи давлатии академӣ барои донишҷӯёни зинаи магистратураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмию таҳқиқотӣ ба андозаи зерин муқаррар карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2023 № 86аз 30.03.2024 № 207):

- ба дорандагони баҳоҳои А, А- ("аъло") - 449 сомонӣ дар як моҳ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2023 № 86);

- ба дорандагони баҳоҳои В+, В, В- ("хуб") ва А, А- ("аъло")359 сомонӣ дар як моҳ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2023 № 86).

25(1). Стипендияи давлатии академӣ барои интернҳо ва магистрҳо-ординаторони клиникӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ дар як моҳ ба андозаи зерин муқаррар карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2024 № 207):

- барои интернҳо 917 сомонӣ;

- барои магистрҳо-ординаторони клиникӣ 1018 сомонӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2024 № 207).

26. Ба аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмию таҳқиқотӣ стипендияи давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ дар як моҳ 880 сомонӣ тариқи ғайринақдӣ пардохт карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2023 № 86аз 26.12.2024 № 680).

27. Ба докторантон аз рӯи ихтисос ба андозаи стипендияи давлатии барои аспирантон муқарраргардида стипендияи давлатӣ тариқи ғайринақдӣ пардохт карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.12.2024 № 680).

28. Ба докторантон ва постдокторантон ба андозаи на камтар аз маоши дотсент стипендияи давлатӣ тариқи ғайринақдӣ пардохт карда мешавад. Стипендияи мазкур аз тарафи муассисае, ки докторант ва ё постдокторантро фиристодааст, ҷудо карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.12.2024 № 680).

29. Ба аспирантон ва докторантон аз рӯи ихтисос, докторантон ва постдокторантон муассиса метавонад аз ҳисоби маблағҳои махсус тариқи озмун стипендияҳои иловагиро дар доираи имконият муқаррар намояд.

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Андоза ва тартиби пардохти стипендия ба донишҷӯён, аспирантон ва докторантон аз рӯи ихтисос, докторантон ва постдокторантон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва илмию таҳқиқотӣ

 

Мутобиқи моддаи 45 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Андоза ва тартиби пардохти стипендия ба донишҷӯён, аспирантон ва докторантон аз рӯи ихтисос, докторантон ва постдокторантон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва илмию таҳқиқотӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Маблағгузории стипендия ба донишҷӯён, аспирантон ва докторантон аз рӯи ихтисос, докторантон ва постдокторантон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва илмию таҳқиқотӣ дар доираи маблағҳои буҷетии барои соҳаи маориф пешбинишуда амалӣ карда шавад.

3. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва ташкилотҳои дигаре, ки дар сохтори худ муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, инчунин муассисаҳои илмию таҳқиқоти доранд, пардохти стипендия ба донишҷӯён, аспирантон ва докторантон аз рӯи ихтисос, докторантон ва постдокторантон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва илмию таҳқиқотиро тибқи қарори мазкур ба роҳ монанд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 31 майи соли 2019 № 273

ш.Душанбе

 

 

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "31" майи соли 2019, № 273

тасдиқ шудааст

 

Андоза ва тартиби пардохти стипендия ба донишҷӯён, аспирантон ва докторантон аз рӯи ихтисос, докторантон ва постдокторантон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва илмию таҳқиқотӣ

 

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Андоза ва тартиби пардохти стипендия ба донишҷӯён, аспирантон ва докторантон аз рӯи ихтисос, докторантон ва постдокторантон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва илмию таҳқиқотӣ (минбаъд - Тартиб) тартиби пардохти стипендияи давлатии академӣ ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва стипендияи давлатӣ ба аспирантон ва докторантон аз рӯи ихтисос, докторантон ва постдокторантон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмию таҳқиқотиро муайян менамояд.

2. Стипендияи давлатии академӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва стипендияи давлатӣ ба аспирантон ва докторантон аз рӯи ихтисос, докторантон ва постдокторантони гурӯҳҳои буҷетии шуъбаи рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва илмию таҳқиқотӣ бо мақсади ҳавасманд гардонидан ва дастгирии иҷтимоии онҳо дар давраи азхудкунии барномаи таълимӣ муқаррар карда мешавад.

3. Стипендияи давлатии академӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва стипендияи давлатӣ ба аспирантон ва докторантон аз рӯи ихтисос, докторантон ва постдокторантон бо пешниҳоди садорати факултетҳо ва сохторҳои илмӣ аз ҷониби комиссияи стипендиядиҳии муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва илмию таҳқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

4. Комиссияи стипендиядиҳӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, аспирантон ва докторантон аз рӯи ихтисос, докторантон ва постдокторантон бо фармоиши роҳбари муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва илмию таҳқиқотӣ таъсис дода мешавад. Ба ҳайати комиссия намояндагони қисми таълим, маркази бақайдгирӣ ва машварат, садорати факултетҳо, сохторҳои илмӣ, кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён, созмони ҷавонон ва муҳосибот дохил мешаванд.

5. Рӯйхати донишҷӯён, аспирантон ва докторантон аз рӯи ихтисос, докторантон ва постдокторантоне, ки ба онҳо стипендия таъин мегардад, дар асоси қарори комиссияи стипендиядиҳӣ бо фармоиши роҳбари муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва илмию таҳқиқотӣ тасдиқ карда мешавад.

6. Донишҷӯён, аспирантон ва докторантон аз рӯи ихтисос, докторантон ва постдокторантоне, ки бо қарори комиссияи стипендиядиҳӣ ба фармоиши роҳбари муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва илмию таҳқиқотӣ оид ба таъини стипендия дохил нагардидаанд ва аз ин қарор розӣ нестанд, ҳуқуқ доранд ба роҳбари муассиса бо ариза муроҷиат намоянд. Комиссияи стипендиядиҳӣ бо супориши роҳбари муассиса масъаларо баррасӣ намуда, қарори дахлдор қабул менамояд.

2. ТАРТИБИ ПАРДОХТИ СТИПЕНДИЯИ ДАВЛАТИИ АКАДЕМӢ БА ДОНИШҶУЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ВА ОЛИИ КАСБӢ

7. Стипендияи давлатии академӣ дар асоси ҷамъбасти натиҷаҳои сессияҳои имтиҳонӣ (зимистона ва тобистона) дар як соли таҳсил ду маротиба (барои ҳар як давраи академӣ) бо дар назар доштани дастовардаҳои таълимии донишҷӯён ҳангоми азхудкунии барномаҳои таълимии фанҳо, соҳиб гардидани рейтинги баланди академӣ, натиҷаҳои назарраси илмию таҳқиқотӣ ва иштироки фаъолонаи ӯ дар корҳои ҷамъиятии муассисаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ таъин ва пардохт карда мешавад.

8. Фонди стипендияи давлатии академӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба андозаи 60 фоизи шумораи умумии донишҷӯён муқаррар карда мешавад. Ин таносуб ба донишҷӯёне, ки аз ҳисоби буҷети давлат дар шуъбаи рӯзона таҳсил мекунанд, тааллуқ дорад.

9. Барои донишҷӯёне, ки дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсил мекунанд, стипендия тибқи муқаррароти шартнома аз тарафи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ таъин ва пардохт карда мешавад.

10. Стипендияи давлатии академӣ барои донишҷӯёни курси 1 аз давраи академии (семестри) якум аз рӯи натиҷаи баҳои дар имтиҳони дохилшавӣ гирифтаи онҳо бо тартиби муқарраршуда таъин карда мешавад.

11. Дар давраи академии (семестри) дуюми курси 1 ва давраҳои минбаъдаи академии (семестрҳои) курсҳои болоии донишҷӯён ва курсҳои 2-4 (ё 2-5) - барои зинаи бакалавр (ё мутахассис) ва курси 2 барои зинаи магистратураи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ стипендияи давлатии академӣ дар асоси натиҷаи сессияҳои имтиҳонӣ аз моҳи аввали семестри минбаъда таъин карда мешавад.

12. Ба донишҷӯёни гурӯҳи буҷетӣ, ки барномаи таълимии ҳар як фанни таълимиро мутобиқи талаботи нақшаи таълимии самти (ихтисоси) амалкунанда дар ҳудуди на камтар аз 65 фоиз (дар вақти муайяншудаи сессияи имтиҳонӣ) аз худ менамоянд, стипендияи давлатии академӣ муқаррар карда мешавад. Дар ҳолати аз ҳадди ақалли фоизи таъин намудани стипендияи давлатии академӣ ба натиҷаи пасттар соҳиб гардидани аксарияти донишҷӯёни гурӯҳи буҷетӣ муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ метавонад ин нишондиҳандаро бо қарори шӯрои олимон камтар муқаррар намояд.

13. Ба донишҷӯёне, ки баҳои Ғ (ғайриқаноатбахш) гирифтаанд, ё ин ки дар имтиҳонҳо иштирок накардаанд, баъди итмоми сессияи имтиҳонӣ, новобаста аз он ки кадом баҳои мусбатро мегиранд, стипендияи давлатии академӣ дода намешавад. Натиҷаи баҳои таҷрибаомӯзӣ, фанҳои иловагӣ ва тахассусӣ зимни муқаррар намудани стипендия ба инобат гирифта намешаванд.

14. Барои донишҷӯёни ятиму бепарастор, маъюбони гурӯҳҳои I ва II стипендияи давлатии академӣ, новобаста ба натиҷаи таҳсил, пардохт карда мешавад.

Ба донишҷӯёни тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилкунанда, ки натиҷаи азхудкунии барномаҳои таълимии фанҳо аз ҷониби онҳо аз 65 фоиз паст мебошад, дар асоси қарори комиссияи стипендиядиҳӣ бо нишон додани вазъи таъминоти иқтисодию иҷтимоӣ стипендияи давлатии академӣ муқаррар карда мешавад.

15. Ба донишҷӯёне, ки аз дигар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ё аз як факултет ба факултети дигар интиқол шудаанд, аз таҳсилоти ғоибона ба таҳсилоти рӯзона гузаштаанд, баъд аз бартараф кардани тамоми қарзҳо мувофиқи нақшаи таълимӣ вобаста аз натиҷаи охирини сессияи имтиҳонӣ стипендияи давлатии академӣ амалӣ карда мешавад.

16. Дар давраи рухсатии академӣ ба донишҷӯён стипендияи давлатии академӣ пардохт карда намешавад. Баъди бозгашт аз рухсатии академӣ пардохти стипендия мувофиқи натиҷаи сессияи имтиҳонии охирин (то баромадан ба рухсатии академӣ) амалӣ карда мешавад.

17. Ба донишҷӯёне, ки бо сабабҳои гуногун ба курсашон такроран мондаанд, дар тамоми вақти соли таҳсили такрорӣ стипендияи давлатӣ таъин ва пардохт карда намешавад.

18. Ба донишҷӯёне, ки нафақапулӣ ё дигар намуди кумаклулӣ мегиранд, стипендияи давлатии академӣ аз рӯи талаботи умумӣ мувофиқи тартиби мазкур таъин ва пардохт карда мешавад.

3. ТАРТИБИ ПАРДОХТИ СТИПЕНДИЯИ ДАВЛАТӢ БА АСПИРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОН АЗ РӯИ ИХТИСОС, ДОКТОРАНТОН ВА ПОСТДОКТОРАНТОН ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ВА ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТӢ

19. Ба аспирантон ва докторантон аз рӯи ихтисос, докторантон ва постдокторантони шуъбаи рӯзонаи гурӯҳҳои буҷетӣ дар асоси қарори шӯрои олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмию таҳқиқотӣ стипендияи давлатӣ таъин карда мешавад.

20. Ба аспирантоне, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмию таҳқиқотӣ таҳсил мекунанд, дар муддати рухсатӣ стипендияи давлатиро муассисаҳои мазкур пардохт менамоянд.

21. Таъмини постдокторантон бо стипендияи давлатӣ дар постдокторантураи мақсаднок ба зиммаи муассисае, ки онҳоро ба постдокторантура равон намудааст, вогузор гардида, ҳангоми мавҷуд будани созишномаҳои байнидавлатӣ амалӣ карда мешавад.

4. АНДОЗАИ СТИПЕНДИЯИ ДАВЛАТИИ АКАДЕМӢ БА ДОНИШҶӯЁН, СТИПЕНДИЯИ ДАВЛАТӢ БА АСПИРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОН АЗ РӯИ ИХТИСОС, ДОКТОРАНТОН ВА ПОСТДОКТОРАНТОН ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАЮ ОЛИИ КАСБӢ ВА ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТӢ

22. Андозаи стипендияи давлатии академӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, стипендияи давлатӣ ба аспирантон ва докторантон аз рӯи ихтисос, докторантон ва постдокторантон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуда, дар мавриди қабули фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба зиёдшавии стипендияҳои мазкур тағйир меёбад.

23. Стипендияи давлатии академӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба андозаи зерин муқаррар карда мешавад:

- ба дорандагони баҳоҳои А, А- ("аъло") -150 сомонӣ дар як моҳ;

- ба дорандагони баҳоҳои В+, В, В ("хуб") ва А, А- ("аъло")105 сомонӣ дар як моҳ;

- ба дорандагони баҳоҳои В+, В, В, С+, С, С- ("аъло", "хуб" ва "қаноатбахш"), ки миқдори баҳои "қаноатбахш"-и онҳо аз 20 фоиз зиёд набошад, 40 сомонӣ дар як моҳ.

24. Стипендияи давлатии академӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба андозаи зерин муқаррар карда мешавад:

- ба дорандагони баҳоҳон А, А- ("аъло") - 208 сомонӣ дар як моҳ;

- ба дорандагони баҳоҳои В+, В, В ("хуб") ва А, А- ("аъло")150 сомонӣ дар як моҳ;

- ба дорандагони баҳоҳои В+, В, В: С+; С, С- "аъло", "хуб" ва "қаноатбахш", ки миқдори баҳои "қаноатбахш"-и онҳо аз 20 фоиз зиёд набошад, 56 сомонӣ дар як моҳ.

25. Стипендияи давлатии академӣ барои донишҷӯёни магистратураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмию таҳқиқотӣ ба андозаи зерин муқаррар карда мешавад:

- ба дорандагони баҳоҳои А, А- ("аъло") - 250 сомонӣ дар як моҳ;

- ба дорандагони баҳоҳои В+, В, В- ("хуб") ва А, А- ("аъло")200 сомонӣ дар як моҳ.

26. Ба аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмию таҳқиқотӣ стипендияи давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ дар як моҳ 490 сомонӣ пардохт карда мешавад.

27. Ба докторантон аз рӯи ихтисос ба андозаи стипендияи давлатии барои аспирантон муқарраргардида стипендияи давлатӣ пардохт карда мешавад.

28. Ба докторантон ва постдокторантон ба андозаи на камтар аз маоши дотсент стипендияи давлатӣ пардохт карда мешавад. Стипендияи мазкур аз тарафи муассисае, ки докторант ва ё постдокторантро фиристодааст, ҷудо карда мешавад.

29. Ба аспирантон ва докторантон аз рӯи ихтисос, докторантон ва постдокторантон муассиса метавонад аз ҳисоби маблағҳои махсус тариқи озмун стипендияҳои иловагиро дар доираи имконият муқаррар намояд.