ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2019, № 273
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Андоза ва тартиби пардохти стипендия ба донишҷӯён, аспирантон ва докторантон аз рӯи ихтисос, докторантон ва постдокторантон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва илмию таҳқиқотӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2019, № 273 «Дар бораи Андоза ва тартиби пардохти стипендия ба донишҷӯён, аспирантон ва докторантон аз рӯи ихтисос, докторантон ва постдокторантон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва илмию таҳқиқотӣ» тасдиқ шудааст, иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1) ба бандҳои 7, 9 ва 18 пас аз калимаҳои «таъин ва» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд;
2) ба банди 14 пас аз калимаи «таҳсил» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд;
3) ба банди 16 пас аз калимаҳои «(то баромадан ба рухсатии академӣ)» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд;
4) ба банди 26 пас аз калимаи «сомонӣ» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд;
5) ба бандҳои 27 ва 28 пас аз калимаи «давлатӣ» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 декабри соли 2024, № 680
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О внесении дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 31 мая 2019 года, №273
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:
Внести в Размер и порядок выплаты стипендий студентам, аспирантам и докторантам по специальности, докторантам и постдокторантам учреждений среднего и высшего профессионального образования и научно-исследовательских учреждений, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 31 мая 2019 года, №273 «О Размере и порядке выплаты стипендий студентам, аспирантам и докторантам по специальности, докторантам и постдокторантам учреждений среднего и высшего профессионального образования и научно-исследовательских учреждений», следующие дополнения:
1) пункт 7) после слова «назначается» дополнить словами «в безналичной форме»;
2) пункт 9) после слова «начисляется» дополнить словами «в безналичной форме»;
3) пункты 14), 18), 26), 27) и 28) после слова «выплачивается» дополнить словами «в безналичной форме»;
4) пункт 16) после слова «осуществляется» дополнить словами «в безналичной форме».
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 26 декабря 2024 года №680