ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2019, №273
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Дар замима ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2019, № 273 "Дар бораи Андоза ва тартиби пардохти стипендия ба донишҷӯён, аспирантон ва докторантон аз рӯи ихтисос, докторантон ва постдокторантон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва илмию таҳқиқотӣ" тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
- аз банди 25 калимаҳои "интернатура, ординатура ва" хориҷ карда шаванд;
- банди 25(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"25(1). Стипендияи давлатии академӣ барои интернҳо ва магистрҳо-ординаторони клиникӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ дар як моҳ ба андозаи зерин муқаррар карда мешавад:
- барои интернҳо 917 сомонӣ;
- барои магистрҳо-ординаторони клиникӣ 1018 сомонӣ.".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 30 марти соли 2024, № 207
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О внесении изменения и дополнения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 31 мая 2019 года, №273
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:
Внести в приложение к постановлению Правительства Республики Таджикистан от 31 мая 2019 года, №273 "О Размере и порядке выплаты стипендий студентам, аспирантам и докторантам по специальности, докторантам и постдокторантам учреждений среднего и высшего профессионального образования и научноисследовательских учреждений" следующие изменение и дополнение:
- из пункта 25 слова "интернатура, ординатура и" исключить;
- пункт 25(1) дополнить в следующей редакции:
"25(1). Государственная академическая стипендия для интернов и магистров-клинических ординаторов устанавливается за счет средств государственного бюджета в месяц в следующем размере:
- для интернов 917 сомони;
- для магистров-клинических ординаторов 1018 сомони.".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе
от 30 марта 2024 года №207