Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби баргардонидани маблағҳо аз ҷониби мутахассисони ҷавоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил намудаанд
Мутобиқи моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби баргардонидани маблағҳо аз ҷониби мутахассисони ҷавоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил намудаанд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорату идораҳо, ки дар сохторашон муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ доранд, баргардонидани маблағҳоро аз ҷониби мутахассисони ҷавоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил намудаанд, дар асоси Тартиби мазкур таъмин намоянд.
3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2009, № 391 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои баргардонидани маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби мутахассисони ҷавон, ки тибқи роҳхат ба ҷои кор ҳозир нашудаанд" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 майи соли 2019 № 260
ш.Душанбе