Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2019 № 237 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, № 332"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, № 332

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба банди 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, № 332 "Дар бораи масъалаҳои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" пас аз калимаи "муовини якум" калимаҳои "ва ҳайати мушовара иборат аз 5 нафар" илова карда шаванд.

2. Ба Низомномаи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, № 332 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:

- дар тамоми матни Низомнома калимаҳои "иҷрочиёнро", "иҷрочиёни суд", "иҷрочии калон ва раёсатҳои иҷро дар вилоятҳо", "иҷрочиён", "иҷрочиро" ва "иҷрочӣ" мувофиқан ба калимаҳои "иҷрочиёни мақомоти иҷроро", "иҷрочиёни мақомоти иҷро", " ,иҷрочии калони мақомоти иҷро, раёсатҳои иҷро дар вилоятҳо ва шуъбаи иҷро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон", "иҷрочиёни мақомоти иҷро", "иҷрочии мақомоти иҷроро" ва "иҷрочии мақомоти иҷро" иваз карда шаванд;

- ба банди 11 сархати нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- ҳайати мушовараро роҳбарӣ мекунад;";

- дар банди 14 калимаи "кӯчаи _________" ба калимаҳои "кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 8" иваз карда шавад.

 ѓ

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

...

аз 2 майи соли 2019 № 237

ш.Душанбе