Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, № 211
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, № 211 "Дар бораи Тартиби амалӣ намудани муҳоҷирати экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шаванд:
- банди 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"2) Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои саривақтии қарори мазкурро таъмин намоянд.";
- дар бандҳои 3 ва 4 калимаҳои "Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
- сархати якуми банди 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- ҳамасола рӯйхати ном ба номи хоҷагиҳо ва оилаҳои дар минтақаҳои хавфноки экологӣ иқоматдоштарр тартиб дода, барои тасдиқ ба комиссияи доимоамалкунанда дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд;".
2. Ба Тартиби амалӣ намудани муҳоҷирати экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, № 211 "Дар бораи тартиби амалӣ намудани муҳоҷирати экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ гардидааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар банди 4 калимаҳои "Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Агентӣ)" ба калимаҳои "Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Хадамот)" иваз карда шаванд;
- дар банди 5 баъд аз калимаи "ноҳияҳо" калимаҳо ва аломати "(минбаъд - Комиссияи маҳаллӣ)" илова карда шуда, ҷумлаи дуюми банди мазкур хориҷ карда шавад;
- дар бандҳои 6, 7, 14, 15, 24, 27, 33, 34, 35 ва 36 калимаи "Агентӣ" ба калимаи "Хадамот" иваз карда шавад;
- дар бандҳои 9, 29 ва 36 калимаҳои "Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
- сархати сеюми банди 12 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"дар асоси хулосаи муҳандисӣ-геологии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Комиссияи маҳаллӣ муайян гардидани мавзеи хавфноки экологӣ.";
- дар сархати даҳуми банди 16 баъд аз калимаҳои "хонаҳои истиқоматӣ" калимаҳои "ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо, аз қабили омода намудани нақшаи кулл ва шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ" илова карда шаванд;
- банди 21 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"21) Асос барои барӯйхатгирӣ ва эътироф кардани мақоми муҳоҷирони экологӣ ин муайян намудани мавзеи хатарноки экологӣ дар асоси пешниҳоди хулосаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.";
- дар банди 26 баъд аз калимаи "хулосаҳои" калимаҳои "муҳандисӣ-геологии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва" илова карда шаванд;
- дар банди 28 калимаи "кӯчонидани" ба калимаҳои "гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигии" иваз карда шаванд;
- дар банди 30 баъд аз калимаи "гардида," калимаҳои "аз ҷониби сохторҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" дар маҳалҳо" илова карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 майи соли 2019 № 233
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 мая 2010 года, №211
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 мая 2010 года, №211 "О Порядке осуществления экологической миграции в Республике Таджикистан" следующие изменения:
- пункт 2 изложить в следующей редакции;
"2) Министерству труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан, Министерству финансов Республики Таджикистан, Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан, Министерству транспорта Республики Таджикистан, Министерству сельского хозяйства Республики Таджикистан, Министерству энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан, Министерству внутренних дел Республики Таджикистан, Министерству образования и науки Республики Таджикистан, Агентству по мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан, Государственному комитету по земельному управлению и геодезии Республики Таджикистан, Комитету по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан, Комитету по архитектуре и строительству при Правительстве Республики Таджикистан, Главному управлению геологии при Правительстве Республики Таджикистан, открытой акционерной холдинговой компании "Барки Точик" и местным исполнительным органам государственной власти Республики Таджикистан обеспечить своевременное выполнение данного постановления.";
- в пунктах 3 и 4 слова "Министерству труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан" заменить словами "Министерству труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан";
- абзац первый пункта 3 изложить в следующей редакции:
" - ежегодно составлять поименные списки хозяйств и семей, проживающих в экологически опасных зонах и представить на утверждение в постоянно действующую комиссию при Правительстве Республики Таджикистан.".
2. В Порядок осуществления экологической миграции в Республике Таджикистан, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 мая 2010 года, №211 "О Порядке осуществления экологической миграции в Республике Таджикистан", внести следующие изменения и дополнения:
- в пункте 4 слова "Государственное агентство социальной защиты, занятости населения и миграции Министерства труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан (далееАгентство)" заменить словами "Миграционная служба Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан (далее -Служба)";
- пункт 5 после слова "районах" дополнить словами и символами "(далее - Местная комиссия)", второе предложение данного пункта исключить;
- в пунктах 6, 7, 24, 33, 34, 35 и 36 слово "Агентство" заменить словом "Служба";
- в пунктах б, 14 и 27 слово "Агентством" заменить словом "Службой";
- в пункте 15 слов " в Агентство" заменить словом "Службе";
- в пункте 27 слово "Агентства" заменить словом "Службы";
- в пунктах 9, 29 и 36 слова "Министерство труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан" заменить словами "Министерство труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан";
- абзац третий пункта 12 изложить в следующей редакции;
"- на основе инженерно-геологического заключения Главного управления геологии при Правительстве Республики Таджикистан определение экологически опасных зон Местной комиссией.";
- абзац десятый пункта 16 после слова "местах" дополнить словами " и оформление документов в виде подготовки генерального плана и свидетельство о государственной регистрации";
- пункт 21 изложить в следующей редакции:
"21) Основанием для составления списка и признания статуса экологического мигранта является определение экологически опасной зоны на основе представления заключения Главного управления геологии при Правительстве Республики Таджикистан.";
- пункт 26 перед словом "заключения" дополнить словами "инженерно-геологического", а после слова "заключения" дополнить словами "Главного управления геологии при Правительстве Республики Таджикистан и";
- пункт 28 слова "переселения мигрантов" заменить словами "получения приусадебного земельного участка мигрантами";
- пункт 30 после слов "получение кредита" дополнить словами "отделениями Государственного сберегательного банка Республики Таджикистан "Амонатбонк" на местах".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 2 мая 2019 года, №233