Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби амали намудани муҳоҷирати экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 233)
Мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳоҷират" ва бо мақсади танзими масъалаҳои муҳоҷирати экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Тартиби амалӣ намудани муҳоҷирати экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои саривақтии қарори мазкурро таъмин намоянд .
3) Ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шавад :
- ҳамасола рӯйхати ном ба номи хоҷагиҳо ва оилаҳои дар минтақаҳои хавфноки экологӣ иқоматдоштарр тартиб дода, барои тасдиқ ба комиссияи доимоамалкунанда дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд ;
- дар байни аҳолии минтақаҳои хавфноки экологӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, дар ҳолати саркашӣ аз кӯчидан ба минтақаҳои бехавф аз оқибатҳои манфии имконпазир хаттӣ огоҳ намоянд.
4) Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар нимсола аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда оид ба кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд .
5) Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 ноябри соли 2000 № 467 "Дар бораи Низомномаи тартиби кӯчонидани хоҷагиҳо аз минтақаҳои хавфноки экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 майи соли 2010 № 211
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Порядке осуществления экологической миграции в Республике Таджикистан
(в редакции постановления Правительства РТ от 02.05.2019г.№233)
В соответствии со статьёй 5 Закона Республики Таджикистан "О миграции" и в целях упорядочения вопросов экологической миграции в Республике Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1) Утвердить Порядок осуществления экологической миграции в Республике Таджикистан (прилагается).
2) Министерству труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан, Министерству финансов Республики Таджикистан, Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан, Министерству транспорта Республики Таджикистан, Министерству сельского хозяйства Республики Таджикистан, Министерству энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан, Министерству внутренних дел Республики Таджикистан, Министерству образования и науки Республики Таджикистан, Агентству по мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан, Государственному комитету по земельному управлению и геодезии Республики Таджикистан, Комитету по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан, Комитету по архитектуре и строительству при Правительстве Республики Таджикистан, Главному управлению геологии при Правительстве Республики Таджикистан, открытой акционерной холдинговой компании "Барки Точик" и местным исполнительным органам государственной власти Республики Таджикистан обеспечить своевременное выполнение данного постановления
3) Поручить Министерству труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов республики
- ежегодно составлять поименные списки хозяйств и семей, проживающих в экологически опасных зонах и представить на утверждение в постоянно действующую комиссию при Правительстве Республики Таджикистан
- проводить разъяснительную работу среди жителей экологически опасных зон, в случае отказа от переселения в безопасные зоны, письменно предупреждать о возможных отрицательных последствиях.
4) Министерству труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан о проделанных работах по переселению экологических мигрантов каждое полугодие представить информацию в Правительство Республики Таджикистан
5) Считать утратившим силу постановление Правительство Республики Таджикистан от аз 9 ноября 2000 года № 467 "О Положение порядка переселения хозяйств из экологически опасных зон Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 3 мая 2010 года № 211
г. Душанбе