Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019 № 85 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2006, № 414"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2006, № 414

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Дастурамали баҳисобгирии омории ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва феҳристи чунин ҷиноятҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2006, № 414 "Дар бораи тасдиқи Дастурамали баҳисобгирии омории ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва феҳристи чунин ҷиноятҳо" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- банди 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"6. Субъектони Ҳисоботи омории Шакли 1 - коррупсия мақомоти зерин мебошанд:

- мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз ҷумла мақомоти прокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон);

- мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон; - - мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мақомоти назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мақомоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мақомоти дигари таҳқиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи оғози парвандаи ҷиноятӣ ва гузаронидани таҳқиқи пешакӣ доранд.

Доираи субъектони қисмҳои мушаххаси Ҳисоботи омории Шакли №1 - коррупсия ва субъектон оид ба таҳияи ҳисоботҳои ҷамъбастии умумиҷумҳуриявӣ аз рӯи қисмҳои мушаххас бо боби 2 фасли IV Дастурамали мазкур муайян карда шудаанд.";

- банди 8 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"8. Бақайдгирии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, парвандаҳои ҷиноятӣ ва шахсоне, ки чунин ҷиноятҳоро содир намудаанд, тибқи Тартиби пешбурди баҳисобгирӣ, қайди ягонаи ҷиноятҳо ва шахсони ҷиноят содирнамуда, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2009, №676 тасдиқ шудааст, амалӣ карда мешавад.";

- сархати ҳафтуми банди 11 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада;";

- банди 13 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"13. Кирдорҳои дар қисми 1 моддаи 262 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада" пешбинишуда ҳамчун ҷинояти коррупсионӣ фақат дар ҳолате ба ҳисоб гирифта мешавад, ки агар он ба қонунигардонии (барасмиятдарории) даромадҳои дар натиҷаи кирдорҳои коррупсионӣ бадастомада вобаста бошад.

Кирдори дар банди "в" қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда, новобаста аз манбаъ ва шакли ғайриқонунӣ ба даст овардани даромадҳо, ҳамчун ҷинояти коррупсионӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.

Кирдорҳои дар бандҳои дигари қисми 2, инчунин кирдорҳои дар қисми 3 моддаи 262 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда дар ҳолате ҳамчун ҷинояти коррупсионӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд, ки агар онҳо бо қонунигардонии (барасмиятдарории) даромадҳои дар натиҷаи содир намудани ҷинояти коррупсионӣ вобаста бошанд ё аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шуда бошанд.";

- дар ҷумлаи панҷуми банди 14 рақами "37" ба рақами "38" иваз карда шавад;

- дар банди 16 калимаи "амният" ба калимаҳои "амнияти миллӣ" иваз карда шавад;

- дар ҷумлаи дуюми банди 17 калимаҳои "фикри айбдорӣ" ба калимаҳои "фикри айбдоркунӣ" иваз карда шаванд;

- дар ҷумлаи панҷуми банди 19 рақами "2" ба рақами "1" иваз карда шавад;

- дар банди 20 калимаҳои "Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- банди 25 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"25. Дар сатри 25 фасли 1 ва дар ҳама фаслҳои дигари ҳисобот таҳти мафҳуми "Сохторҳои низомӣ" ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудаанд.";

- дар банди 27 калимаҳои "Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- дар ҷумлаи якуми банди 28 калимаи "нимсола" ба калимаи "семоҳа" иваз карда шавад;

- ҷумлаҳои дуюм, сеюм ва чоруми банди 28 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

"Субъектони фаслҳои 1-2 ҳисобот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ҳисоботи худро барои ҷамъбаст ба ёрдамчиёни Сарпрокурори ҳарбӣ, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, ба шуъбаи таҳлил ва омори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз санаи 1-уми моҳи навбатии баъди семоҳаи (соли) ҳисоботӣ пешниҳод менамоянд.

Раёсату шуъбаҳои Прокуратураи генералӣ, ёрдамчиёни Сарпрокурори ҳарбӣ) прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон, инчунин мақомоти марказии (ҷумҳуриявии) субъектони ҳисоботҳои мазкур ҳисоботи омориро аз рӯи фаслҳои 1-2 ба шуъбаи таҳлил ва омори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз санаи 5уми моҳи навбатии баъди семоҳаи (соли) ҳисоботӣ пешниҳод менамоянд.

Шуъбаи таҳлил ва омори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа ва солона дар муҳлати на дертар аз санаи 10уми моҳи аввали баъди давраи ҳисоботӣ аз рӯи фаслҳои 1-2 ҳисоботи ҷумҳуриявиро тартиб дода, ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маълумот ва истифода дар таҳияи ахбор ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.";

- дар ҷумлаи якуми банди 29 калимаҳои "Раёсати ахбори" ба калимаҳои "сармаркази иттилоотӣ - таҳлилии" иваз карда шаванд;

- дар ҷумлаи дуюм банди 29 калимаҳои "нимсола" ва "Кумитаи давлатии омори" мувофиқан ба калимаҳои "семоҳа" ва "Агентии омори назди Президенти" иваз карда шаванд;

- дар банди 30 калимаи "амният" ба калимаҳои "амнияти миллӣ" иваз карда шавад;

- банди 31 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"31. Субъектони Ҳисоботи омории Шакли № 1 - коррупсия аз рӯи фасли 7 "Баррасии судии ҷиноятиҳои хусусияти коррупсионидошта", фасли 8 "Оид ба ҷазоҳои таъиннамудаи судҳо барои содиркунии

ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта", фаслн 9 "Оид ба шахсони барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта маҳкумшуда" судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки аз рӯи маълумоти ҷамъшуда мутобиқи шаклҳо ҳисоботи худро ҳар семоҳа ва солона таҳия менамоянд.

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи ҷамъбастиро аз рӯи фаслҳои номбурда ҳар семоҳа ва солона дар муҳлати на дертар аз санаи 5-уми моҳи навбатии баъди давраи (семоҳаи, соли) ҳисоботӣ ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.":

- дар банди 32 калимаҳои "Раёсати ахбори" ва "нимсола" мувофиқан ба калимаҳои "Сармаркази иттилооти таҳлилии" ва "семоҳа" иваз карда шаванд;

- банди 33 хориҷ карда шавад;

- эзоҳ дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Эзоҳ: Ҳисоботи омории Шакли № 1 - коррупсия дигар шаклҳои амалкунандаи ҳисоботи омории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро иваз ё бекор намекунад.

Маълумоти ба Ҳисоботи омории Шакли № 1 - коррупсия дохилшаванда иловагӣ буда, бояд ба маълумоти дигар шаклҳои амалкунандаи ҳисоботи омории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба меъёрҳои дигари баҳисобгирии ҷиноятҳо ва шахсони онҳоро содирнамуда асос ёфтаанд, такя намоянд.";

- Ҳисоботи омории Шакли № 1 - коррупсия дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 марти соли 2019 № 85

ш.Душанбе

Замима