Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2019 № 64 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, № 207-7"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, № 207-7

 

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, № 207-7 "Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он" дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"3. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба номи як шахс ба расмият даровардани на зиёда аз ду симкорт дар ҳамаи операторони хизмати алоқаи барқӣ ва азнавбақайдгирии симкортҳои шахсоне, ки шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014-ро надоранд, дар давоми 6 моҳ чораҷӯӣ намояд.".

2. Ба Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, № 207-7 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар банди 1 баъд аз калимаҳои "бо мақсади" калимаҳои "ба тавозуни истифодабарандагони алоқаи мобилӣ гузаронидани маблағи пулӣ ва" илова карда шавад;

- банди 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"3. Пайвасткунии муштариён ба шабакаи алоқаи барқӣ бо роҳи бақайдгирии симкортҳо, пайваст кардани воситаҳои мобилии бе симкорт фаъолияткунанда ба шабакаи алоқаи мобилӣ, ҷудокунии хатти алоҳидаи алоқаи маҳаллӣ ва пайвасткунии хизматрасонии интернет ба амал бароварда мешавад.";

- дар сархати якуми банди 5 баъд аз калимаи "мувофиқи" калимаҳои "иҷозатномаи мақоми ваколатдор ва" илова карда шаванд;

- дар сархати дуюми банди 5, бандҳои 6, 8, сархати дуюми зербанди б) банди 13, сархати сеюми банди 17, сархати дуюми банди 18 ва сархати дуюми банди 19 калимаҳои "шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (корти идентификатсионӣ)" ба калимаҳои "шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014" иваз карда шаванд;

- аз банди 7 калима ва рақами "банди 5" хориҷ карда шаванд;

- банди 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"9. Хариду фурӯши симкортҳо ва пайвасткунии шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва гурезаҳо, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат доранд, ба шабакаи алоқаи барқӣ бо пешниҳоди гувоҳномаи иқомат барои шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, гувоҳномаи иқомат барои шахси бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шаҳодатномаи гуреза ба расмият дароварда мешавад.

Пайвасткунии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатӣ истиқомат доранд, тибқи ҳуҷҷати дахлдори тасдиқкунандан шахсият ва будубоши қонунии онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муҳлати иҷозати будубош - муҳлати амали раводид, барои шахсоне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби бераводид будубоши муваққатӣ доранд - ба муҳлати амали бақайдгирӣ ва барои шахсоне, ки бе бақайдгирӣ ҳуқуқи будубоши муваққатӣ доранд - ба муҳлати мазкур амалӣ карда мешавад.";

- ба зербанди "б" банди 13 сархатҳои панҷум, шашум ва ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- вобаста ба риояи талаботи Тартиби мазкур санҷиши дохилиидоравӣ гузаронида, барои риоя нагардидани меъёрҳои он чораҳои дахлдор андешанд;

- хизматрасонии симкортҳое, ки дар муҳлати 6 моҳ истифода бурда намешаванд, қатъ кунанд;

- ҳангоми пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ нусхаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшавандаро, аз ҷумла дар шакли электронӣ дар муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бойгонӣ нигоҳ доранд;";

- дар сархати чоруми зербанди "б" банди 13, номи боби 4, банди 14, номи боби 6 ва дар банди 19 калимаҳои "симкортҳоро", "симкортҳо", "симкортҳо (муштариён)" ва "симкортҳо (муштарӣ)" мувофиқан ба калимаҳои "алоқаи мобилиро" ва "алоқаи мобилӣ" иваз карда шаванд;

- ба банди 17 сархатҳои ёздаҳум ва дувоздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- насби камераҳои мушоҳидавиро дар нуқтаҳои хариду фуруши симкортҳо таъмин намоянд;

- зиёда аз ду симкортро ба номи як шахс (дар ҳамаи операторони хизмати алоқаи барқӣ) ба расмият надароранд;";

- сархати ёздаҳуми банди 17 дар тахрири зерин ифода карда шавад:

"- аз натиҷаи анҷом додани корҳо, ки барои риояи талаботи Тартиби мазкур равона карда шудаанд, ҳар моҳ тариқи хаттӣ маълумот ва ҳисоботи шакли муқарраршударо ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ пешниҳод намоянд.";

- ба банди 17 эзоҳ бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Эзоҳ: Пайвасткунии симкортхо барои таҷҳизоти ниҳоӣ, ки дар шабакаи интернет барои интиқол, қабул ва коркарди техникӣ истифода мешаванд (ғайр аз телефонҳои мобилӣ), бо бақайдгирии маълумоти дахлдори айниятдиҳандаи таҷҳизот бе маҳдудияти шумора тибқи Тартиби мазкур ба расмият дароварда мешавад.";

- ба банди 18 сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- насби камераҳои мушоҳидавиро дар нуқтаҳои хариду фурӯши симкортҳо таъмин намоянд;";

- банди 18(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"18(1). Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хариду фурӯши симкортҳои ширкатҳои хориҷӣ ва фурӯши симкортҳои ширкатҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирифташуда дар ҳудуди давлати хориҷӣ манъ аст.";

- банди 20 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"20. Ноболиғон аз синни 16 бо ризояти хаттии падару модар ё намояндагони дигари қонунӣ метавонанд бо пешниҳодн шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 симкортро ба номи худ дастрас намоянд. Падару модар ва намояндагони дигари қонунӣ уҳдадоранд истифодаи симкортро аз ҷониби фарзандони ноболиғ ва ё шахсони таҳти васоят ва парастории онҳо қарордошта назорат баранд.".

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 9 феврали соли 2019 № 64

ш.Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 30 апрели 2016 года, №207-7

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан, постановляет:

1. Пункт 3 постановления Правительства Республики Таджикистан от 30 апрели 2016 года, №207-7 "О Порядке и требованиях подключения к сетям электрической связи и оказания услуг, связанных с ними" изложить в следующей редакции:

"3. Службе связи при Правительстве Республики Таджикистан принять меры в течение 6 месяцев по оформлению на имя одного лица не более двух симкарт во всех операторах услуг электрической связи и перерегистрации симкарт лиц, не имеющих паспорта гражданина Республики Таджикистан образца 2014 года.".

2. В Порядок и требования подключения к сетям электрической связи и оказания услуг, связанных с ними, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 30 апрели 2016 года, №207-7, внести следующие изменения и дополнения:

- пункт 1 после слов "с целью" дополнить словами "пополнения баланса пользователей мобильной связи денежными средствами и";

- пункт 3 изложить в следующей редакции:

"3. Подключение абонентов к сети электрической связи осуществляется путем регистрации симкарт, соединения к сети мобильной связи мобильных средств, работающих без симкарт, выделения отдельной линии местной связи и соединения услуги интернет.";

- в пункте 4 слово "разрешением" заменить словом "лицензией".

- абзац первый пункта 5 после слова "соответствии" дополнить словами "лицензии уполномоченного органа и";

- в абзаце втором пункта 5, пунктах 6, 8, абзаце втором подпункта б) пункта 13, абзаце третьем пункта 17, абзаце втором пункта 18 и абзаце втором пункта 19 слова "паспорта гражданина Республики Таджикистан (идентификационные карты)" и "паспорта гражданина Республики Таджикистан (идентификационной карты)" заменить словами "паспорта гражданина Республики Таджикистан образца 2014 года";

- из пункта 7 слово и цифру "пункта 5" исключить;

- пункт 9 изложить в следующей редакции:

"9. Купля-продажа симкарт и подключение иностранных граждан, лиц без гражданства и беженцев, постоянно проживающих на территории Республики Таджикистан, к сети электрической связи оформляется по предъявлению вида на жительство для иностранного гражданина в Республике Таджикистан, вида на жительство лица без гражданства в Республике Таджикистан или удостоверения беженца.

Подключение иностранных граждан и лиц без гражданства, временно проживающих на территории Республики Таджикистан, осуществляется на основании соответствующего документа, удостоверяющего личность и их законного пребывания на территории Республики Таджикистан, сроком разрешения пребывания - в соответствии со сроком визы, для лиц, временно проживающих на территории Республики Таджикистан в безвизовом порядке - сроком действия регистрации и лицам, имеющим право временного проживания без регистрации - на данный срок.";

- подпункт "б" пункта 13 дополнить абзацами пятым, шестым и седьмым следующего содержания:

"- провести внутриведомственную проверку по соблюдению требований настоящего Порядка и принимать соответствующие меры за несоблюдение его требований;

- прекратить обслуживание симкарт, не используемых в течении 6 месяцев;

- сохранять копии документов, представляемых при подключении к сети электрической связи, а также в электронном формате в сроках, установленных законодательством Республики Таджикистан в сфере архива;".

- в абзаце четвёртом подпункта "б" пункта 13, названии главы 4, пункте 14., названии главы 6 и пункте 19 слова "пользователей симкарт", "симкарт (клиентов)" и "Пользователи симкарт" заменить соответственно словами "пользователей мобильной связи", "мобильной связи" и "Пользователи мобильной связи";

- пункт 17 дополнить абзацами одиннадцатым и двенадцатым следующего содержания:

"- обеспечить установление камер видеонаблюдения в пунктах купли-продажи симкарт;

- не оформлять на имя одного лица более двух симкарт (во всех операторах услуг электрической связи);";

- абзац одиннадцатый пункта 17 изложить в следующей редакции:

"- о результате проделанных работ, направленных на соблюдение требований настоящего Порядка, ежемесячно представлять уполномоченному государственному органу в области электрической связи в письменном виде информацию и отчет установленной формы.";

- пункт 17 дополнить примечанием следующего содержания:

"Примечание: Подключение симкарт для оконечного оборудования, используемого в сетевом интернете для передачи, приёма и технической обработки (кроме мобильных телефонов), оформляется с регистрацией соответствующих данных индентифицирующего оборудования без ограничения количества в соответствии с настоящим Порядком.";

- пункт 18 дополнить абзацем четвертым следующего содержания:

"- обеспечить установление камер видеонаблюдения в пунктах купли-продажи симкарт;";

-дополнить пунктом 18(1) следующего содержания:

"18(1). На территории Республики Таджикистан купля-продажа симкарт иностранных компаний и продажа симкарт компаний, зарегистрированных в Республике Таджикистан, на территории иностранного государства запрещается.";

- пункт 20 изложить в следующей редакции:

"20. Несовершеннолетние с 16 лет могут получить симкарту с письменного согласия родителей или других законных представителей с предоставлением паспорта гражданина Республики Таджикистан образца 2014 года. Родители и другие законные представители обязуются вести контроль за использованием симкарт несовершеннолетними детьми или лицами, находящихся под их опекой и попечительства.".

 

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 9 февраля 2019 года, №64