Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он
(қарои Ҳукумати ҶТ аз 9.02.2019 № 64, аз 15.08.2019 № 413, аз 14.02.2020 № 103, аз 12.02.2022 № 24, аз 13.02.2023 № 35)
Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи алоқаи барқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба қарори мазкур мутобиқ намояд;
- иҷрои Тартиби мазкурро аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва истифодабарандагони хизмати алоқаи барқӣ таъмин намояд.
3. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба номи як шахс ба расмият даровардани на зиёда аз ду симкорт дар ҳамаи операторони хизмати алоқаи барқӣ ва азнавбақайдгирии симкортҳои шахсоне, ки шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014-ро надоранд, то 15 феврали соли 2024 чораҷӯӣ намояд
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 апрели соли 2016 № 207-7
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Порядке и требованиях подключения к сетям электрической связи и оказания услуг, связанных с ними
(в редакции постановления Правительства РТ от 09.02.2019г.№64, от 15.08.2019г.№413, от 14.02.2020года, №103, от 12.02.2022г.№24, от 13.02.2023 №35)
В соответствии со статьей 6 Закона Республики Таджикистан "Об электрической связи" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Порядок и требования подключения к сетям электрической связи и оказания услуг, связанных с ними (прилагается).
2. Службе связи при Правительстве Республики Таджикистан:
- привести свои нормативные правовые акты в соответствие с настоящим постановлением;
- обеспечить исполнение настоящего Порядка государственными органами и пользователями услуг электрической связи.
3. Службе связи при Правительстве Республики Таджикистан принять меры до 15 февраля 2024 года по оформлению на имя одного лица не более двух симкарт во всех операторах услуг электрической связи и перерегистрации симкарт лиц, не имеющих паспорта гражданина Республики Таджикистан образца 2014 года
Председатель
Правительств Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 30 апреля 2016 года, № 207-7