Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018 № 615 "Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани мониторинг ва арзёбии амалишавии ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ, барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани мониторинг ва арзёбии амалишавии ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ, барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 13 ва 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", бо мақсади таъмини пайгирии мунтазами равандҳои амалисозии чорабиниҳо оид ба ноил гаштан ба ҳадафу вазифаҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар алоқамандӣ бо Ҳадафҳои рушди устувор, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қоидаҳои гузаронидани мониторинг ва арзёбии амалишавии ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ, барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдор оид ба ҳамоҳанг сохтани низоми мониторинг ва арзёбии амалишавии ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ, барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.

3. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои соҳавӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ шаклҳои ҳисоботдиҳиро оид ба низоми мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ, барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушд таҳия намуда, мувофиқи тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намояд.

4. Вазорату идораҳои соҳавӣ ҳамасола то 1 март ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботро оид ба иҷрои барномаҳои соҳавӣ ва барномаҳои миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои дахлдор пешниҳод намоянд.

5. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҳамасола то 10 феврал ҳисоботро оид ба рафти иҷрои барномаҳои маҳаллӣ ба Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷамъбаст пешниҳод намоянд. Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола то 1 март ҳисоботро ҷамъбаст намуда, барои таҳлил ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо пешниҳод намояд.

6. Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дар доираи воҳидҳои кории мавҷуда шахсони масъулро барои гузаронидани мониторинг ва арзёбии раванди амалишавии ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ, барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушд муайян намуда, рӯйхати онҳоро ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намоянд.

7. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2008, № 216 "Дар бораи мониторинг ва арзёбии татбиқи стратегияҳои миёнамӯҳлати паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

аз 29 декабри соли 2018 № 615

ш.Душанбе