Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 1998 № 967 "Дар бораи таъсис додани ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд"

Санаи амалкуни: 20.11.2018

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи таъсис додани ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд

(Фармони Президенти  ҶТ аз 7.06.2006 № 1768, аз 20.11.2018 № 1134)

Бо мақсади рушду инкишофи иқтидори илмӣ ва ҳавасманд намудани олимони ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти эҷодӣ фармон медиҳам:

1. Аз 1 майи соли 2006 ба олимони ҷавон барои дастовардҳои бузург дар соҳаи илм ва техника 12 ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, ҳар кадом ба маблағи баробар ба 1000 (ду ҳазор) доллари ШМА муқаррар карда шавад (Фармони Президенти  ҶТ аз 7.06.2006 № 1768, аз 20.11.2018 № 1134).

2. Муқаррар карда шавад, ки ҷоизаҳои ба номи Исмоили Сомонӣ аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд (Фармони Президенти  ҶТ аз 20.11.2018 № 1134).

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохти ҷоизаҳои соли 1998 аз ҳисоби фонди эҳтиётии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи зарурӣ ҷудо намояд (Фармони Президенти  ҶТ аз 20.11.2018 № 1134);

- ҳангоми ташаккули буҷети давлатӣ аз соли 1999 сар карда, барои пардохтани ҷоизаҳои мазкур ба ҳисоби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузори буҷетӣ пешбинӣ карда шавад (Фармони Президенти  ҶТ аз 20.11.2018 № 1134).

4. Ба Кумитаи кор бо ҷавонон вав варзиши  назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шавад, ки то 1 маи соли 1998 низомномаро дар бораи ҷоизаҳои ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом медиҳанд, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд (Фармони Президенти  ҶТ аз 20.11.2018 № 1134).

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон            Э.Раҳмонов

 

ш.Душанбе

20 марти соли 1998 № 967

 

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи таъсис додани ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд

(Фармони Президенти  ҶТ аз 7.06.2006 № 1768)

Бо мақсади рушду инкишофи иқтидори илмӣ ва ҳавасманд намудани олимони ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти эҷодӣ фармон медиҳам:

1. Аз 1 майи соли 2006 ба олимони ҷавон барои дастовардҳои бузург дар соҳаи илм ва техника 6 ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, ҳар кадом ба маблағи баробар ба 2000 (ду ҳазор) доллари ШМА муқаррар карда шавад (Фармони Президенти  ҶТ аз 7.06.2006 № 1768).

2. Муқаррар карда шавад, ки ҷоизаҳои ба номи Исмоили Сомонӣ аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонони назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ба Кумитаи кор бо ҷавонони назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохти ҷоизаҳои соли 1998 аз ҳисоби фонди эҳтиётии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи зарурӣ ҷудо намояд;

- ҳангоми ташаккули буҷети давлатӣ аз соли 1999 сар карда, барои пардохтани ҷоизаҳои мазкур ба ҳисоби Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузори буҷетӣ пешбинӣ карда шавад.

4. Ба Кумитаи кор бо ҷавонони назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шавад, ки то 1 маи соли 1998 низомномаро дар бораи ҷоизаҳои ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом медиҳанд, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон            Э.Раҳмонов

 

ш.Душанбе

20 марти соли 1998 № 967