Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2018 № 485 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, № 600 "Дар бораи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ" тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар муқаддима калимаҳои "моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ"" ба калимаҳои "моддаи 11 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- дар бандҳои 2, 3, 4 ва 5 калимаҳои "Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" мувофиқан ба калимаҳои "Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

2. Ба Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, № 600 тасдиқ гардидааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар банди 1 калимаҳои "моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ"" ба калимаҳои "моддаи 11 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- дар тамоми матн калимаҳои "Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ" иваз карда шаванд;

- бандҳои 6(1),6(2),6(3),6(4),6(5),6(6) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"6(1). Талабот оид ба ҳаҷм, муҳлати иҷро ва ҳаққи хизматрасонии тиббию санитарӣ бо шартномаи тарафайн муайян карда мешавад, агар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

6(2). Истеъмолкунанда шахси воқеӣ ё ҳуқуқие мебошад, ки дар асоси шартнома хизматрасонии тиббию санитариро фармоиш медиҳад.

6(3). Иҷрокунанда муассисаи давлатии тиббӣ мебошад, ки хизматрасонии тиббию санитариро барои истеъмолкунанда тибқи шартнома дар бораи хизматрасонӣ таъмин менамояд.

6(4). Иҷрокунанда ҳуқуқ надорад бе розигии истеъмолкунанда хизматрасонии тиббию санитарии иловагиро амалӣ намояд.

6(5). Муқаррароти Тартиби мазкур бо таври дастрасу возеҳ аз ҷониби иҷрокунанда ба маълумоти истеъмолкунанда расонида мешавад.

6(6). Иҷрокунанда уҳдадор аст, ки ҷойгир намудани маълумотро оид ба номгӯи хизматрасонии тиббию санитарӣ, нархномаи хизматрасонӣ, дар бораи шароит ва тартиби пардохти хизматрасонии тиббию санитарӣ дар сомонаи интернетии муассисаи давлатии тандурустӣ ва дар гӯшаҳои иттилоотӣ ба роҳ монад.";

- дар банди 14 калимаҳои "Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ" ба калимаҳои "Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- банди 25 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"25. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Тартиби мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.".

3. Ба зербанди 1.3 Номгӯи хизматрасониҳои тиббию санитарии ройгон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, № 600 тасдиқ шудааст, сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"амалиёти хатна дар шароити дармонгоҳӣ ва беморхонавӣ;".

4. Дар зербанди в) банди 10 Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017, № 90 "Дар бораи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019" тасдиқ шудааст, сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

5. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустиро ба қарори мазкур мутобиқ намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ Раҳмон

аз 25 сентябри соли 2018 № 485

ш.Душанбе