Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқ намудани меъёрҳои тавсиявии физиологии истеъмолии маҳсулоти асосии озуқаворӣ ба ҳар сари аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи амнияти озуқаворӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Меъёрҳои тавсиявии физиологии истеъмолии маҳсулоти асосии озуқаворӣ ба ҳар сари аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
2. Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав дар мавриди зарурӣ ҷиҳати ворид намудани тағйирот ба меъёрҳои тавсиявии физиологии истеъмолии маҳсулоти асосии озуқаворӣ ба ҳар сари аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 августи соли 2018 № 451
ш.Душанбе
Замима
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 1997, № 462
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Замимаи 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 1997, № 462 "Дар бораи дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷират" дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 сентябри соли 2019 № 451
ш.Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 сентябри соли 2019, № 451
тасдиқ шудааст
Ҳайати Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раиси комиссия - муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарпарасти соҳа;
- муовини раиси комиссия - вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- котиби масъули комиссия - сармутахассиси раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аъзои комиссия:
- сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини директори генералии корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ".