Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 180
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 180 "Дар бораи Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика" тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
- банди 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1. Низомнома, сохтори дасттоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ ва номгӯи муассисаю ташкилоти системаи Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).";
- дар банди 2 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Маблағгузории 146 воҳид, аз ҷумла 47 воҳиди дастгоҳи марказӣ, 99 воҳиди нақшаи идоракунӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва 11 воҳиди муассисаю ташкилотҳои системаи Хадамот аз ҳисоби маблағҳои махсуси Хадамот анҷом дода шавад.".
2. Ба замимаи 2 "Сохтори дастгоҳи марказии Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №180 тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар сархатҳои сеюм ва нуҳум калимаи "Шӯъбаи" ба калимаи "Бахши" иваз карда шавад;
- сархатҳои чорум ва шашум хориҷ карда шаванд.
3. Ба замимаи 3 "Нақшаи идоракунии Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №180 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар сархатҳои дуюм, чорум, панҷум, ҳафтум, ҳаштум, нуҳум ва даҳум баъди калимаи "давлатии" калимаи "энергетикии" илова карда шавад;
- дар сархати сеюм пас аз калимаи "давлатии" калимаи "энергетикии шаҳру" илова карда шавад;
- дар сархати шашум калимаи "Шӯъбаи" ба калимаи "Бахши" иваз карда шуда, баъд аз калимаи "давлатии" калимаи "энергетикии" илова карда шавад;
- сархатҳои ёздаҳум ва дувоздаҳум хориҷ карда шаванд.
4. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 180 "Дар бораи Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика" замимаи 4 илова карда шавад (замима мегардад).
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 21 июни соли 2018 № 336
ш.Душанбе
Замимаи 4
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "21" июни соли 2018, № 336
тасдиқ шудааст
Номгӯи муассисаю ташкилоти системаи Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика
Муассисаи давлатии "Маркази танзимӣ дар соҳаи энергетика"
Озмоишгоҳи санҷиши энергетикӣ