Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доранд, пешбурди фаъолияти таълимиро тибқи низомномаи мазкур ба роҳ монанд.
3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, № 118 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 21 июни соли 2018 № 306
ш.Душанбе