Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022
Мутобиқи моддаи 6 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади барқарорсозӣ, нигоҳдорӣ ва ҳифзи иншооти муҳофизатии зидди обхезӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва нақшаи гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1 ва 2).
2. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои об, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида ҷиҳати амалӣ намудани барномаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷетҳои давлатӣ ва маҳаллӣ, инчунин маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ ва ҷалби манбаъҳои ғайрибуҷетӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
3. Вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Саридораи геология ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолияти корхонаҳои коркарди қуму шағалро ба танзим дароварда, онҳоро ҷиҳати гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва ба танзим даровардани маҷрои дарёҳо ҷалб намоянд.
4. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рафти иҷрои Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 2018-2022-ро таҳти назорат қарор дода, ҳар нимсола аз ҷараёни иҷрои он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 майи соли 2018 № 285
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Государственной программе берегоукрепительных работ в Республике Таджикистан на 2018-2022 годы
В соответствии со статьей 6 Водного кодекса Республики Таджикистан, в целях восстановления, содержания и защиты противопаводковых сооружений в Республике Таджикистан, Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Государственную программу и план проведения берегоукрепительных работ в Республике Таджикистан на 2018-2022 годы (приложения 1 и 2).
2. Агентству мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан совместно с министерствами финансов, экономического развития и торговли, энергетики и водных ресурсов, Государственным комитетом по инвестициям и управлению государственным имуществом и местными исполнительными органами государственной власти в установленном порядке принять необходимые меры по реализации данной программы за счет средств государственного и местного бюджетов, а также средств за услуги по водоснабжению и привлечения внебюджетных источников.
3. Министерствам промышленности и новых технологий, энергетики и водных ресурсов, Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом, Комитету по зашите окружающей среды, Агентству мелиорации и ирригации, Главному управлению геологии и местным исполнительным органам государственной власти урегулировать деятельность предприятий по переработке песка и щебня, и привлечь их для проведения берегоукрепительных работ и регулированию русел рек.
4. Агентству мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан взять под контроль ход выполнения Государственной программы берегоукрепительных работ в Республике Таджикистан на 2018-2022 годы и о ходе её реализации каждое полугодие представлять информацию в Правительство Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 31 мая 2018 года, №285