Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 аз 31 майи соли 2018 № 285

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 майи соли 2018, № 285

Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022

 

1. Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 (минбаъд - барнома) ҷиҳати гузаронидани мониторинги доимӣ ва ба танзим даровардани маҷрои дарёҳо, гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва тоза намудани сойҳо, бо мақсади пешгирӣ намудани хавфи селу обхезиҳо ва шусташавии соҳилҳои дарёҳо таҳия гардидааст.

2. Тоҷикистон мамлакати кӯҳӣ буда, мунтазам дучори офатҳои табиӣ мегардад. Дар ҳудуди ҷумҳурӣ 947 дарё ва 276 сой бо дарозии умумии қариб 30 ҳазор километр мавҷуданд, ки аксарашон аз лиҳози сел хатарангез ба ҳисоб мераванд. Захираи бузурги обӣ баробари фоида ба мамлакат ҳамасола ҳисороти калони моливу ҷонӣ мерасонад. Ҳар сол дар мавсими баҳору тобистон обшавии бошиддати барфу пиряхҳо ва боришоти зиёд боиси обхезӣ, омадани ярч ва сел мегардад ки ба маҳалҳои аҳолинишин ва иншоотҳои хоҷагии халқ зарари калон мерасонанд.

3. Бо мақсади коҳиш додани офатҳои табиӣ хусусан селу обхезиҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар барномаи умумии амал пешбинӣ намудани чораҳои пешгирикунанда зарур аст. Ин имкон медиҳад, ки ҳифзи аҳолӣ, заминҳои кишоварзӣ, роҳҳо, пулҳо ва иншооти дигари муҳими хоҷагии халқ аз таъсири селу обхезиҳо таъмин карда шаванд.

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

4. Селу обхезиҳо офатҳои табии бештар паҳнгардида буда, қариб дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ мушоҳида карда мешаванд. Аз рӯи маълумоти мавҷудбуда селҳое, ки бо суръати 60-80 километр дар як соат ҳаракат менамоянд, ҳар даҳ сол зиёда аз 25 маротиба такрор мешаванд.

5. Минтақаҳое, ки ба сел нисбатан бештар дучор мешаванд, дар ҳавзаҳои дарёи Панҷ, Вахш, Сурхоб, Ёхсу, Қизилсу, Варзоб, Кофарниҳон, Хонақо, Қаратоғ, Зарафшон, Исфара ва сойҳои калони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Балҷувон, Темурмалик, Шамсиддин Шоҳин, Деваштич, Ашт, Спитамен, Панҷакент, Шаҳристон ва дигар ноҳияҳо ба ҳисоб мераванд. Дар ҳавзаҳои дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон дар як сол ба ҳисоби миёна то 70 маротиба сел меояд.

6. Обхезӣ ва селобаи моҳи июл ва заминҷунбии моҳи декабри соли 2015 ба 8 шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ба 10 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, 3 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва 6 шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зарари калони моддӣ ва ҷонӣ расонид, ки зарурати гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, баланд бардоштани эътимоднокии иншоотҳои зидди обхезиро дар ҷумҳурӣ ҷиҳати муҳофизати аҳолӣ ва иншоотҳои муҳими хоҷагии халқ бори дигар собит намуд.

7. Дар натиҷаи офати табиӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 105 километр шабакаи обёрӣ; 50 километр иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, 9 километр заҳбуру заҳкаш: 3 пойгоҳҳи обкашӣ осеб дида дар ҳаҷми 510 ҳазор метри мукааб аз сангу гил сойҳо пур шуданд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 43 километр иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, 68 километр шабакаи обёрӣ, 5 пойгоҳҳи обкашӣ ва 11 километр, заҳбуру заҳкаш осеб дида дар ҳаҷми 902 ҳазор метри мукааб аз қуму гил сойҳо пур шудаанд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 7 километр иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, 8 пойгоҳҳи обкашӣ, 10 километр селпарто, 0,4 километр дюкер, 13 километр шабакаи обёрӣ ва иншооти дигари гидротехникӣ зарар диданд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 7 километр иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, 5 километр шабакаи обёрӣ. 1 пойгоҳҳи обкашӣ ва 0,3 километр сарбанди наҳрҳои обёрикунанда осеб диданд.

8. Ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ шабакаҳои обёрӣ, иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, заҳбуру заҳкаш, сойҳо ва пойгоҳҳои обкашӣ ба маблағи 490306 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла 1411890 метри мукааб сойҳо ба маблағи 24210 ҳазор сомонӣ, 105,4 километр иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ ба маблағи 454142 ҳазор сомонӣ, 191 километр шабакаи обёрӣ ба маблағи 4191 ҳазор сомонӣ, 19,5 километр заҳбуру заҳкаш ба маблағи 3312 ҳазор сомонӣ ва 18 пойгоҳҳи обкашӣ ба маблағи 4451 ҳазор сомонӣ зарар диданд.

9. Маврид ба зикр аст, ки дар баробари гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ саддҳои муҳофизатӣ ва дагар иншооти обгардон бинобар сари вақт нагузаронидани таъмири ҷорӣ аз рух додани офатҳои табиӣ қисман ва дар баъзе ҳолатҳо пурра нобуд шуда истодаанд.

Тибқи ҳисобҳои пешакӣ соли 2016 дар натиҷаи офатҳои табиӣ ба иншоотҳои гидротехникӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ, пойгоҳҳои обкашӣ, сойҳо, шабакаҳои обёрӣ ва заҳбуру заҳкашҳо хисороти калони моддӣ расидааст.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд маблағи зарар 13570 ҳазор сомониро ташкил дод. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ мувофиқи ҳисобот ба иншоотҳои обёрӣ ва муҳофизати соҳил ба маблағи 7400 ҳазор сомонӣ хисорот расонида шудаст.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон асосан сойҳо, нахрҳо, саддҳои муҳофизатӣ ва иншооти гидротехникӣ дар натиҷаи рух додани офати табиӣ ба маблағи 14700 ҳазор сомонӣ зарар дидаанд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар натиҷаи офатҳои табиӣ марбут ба об иншооти обёрии вилоят ба маблағи 548 ҳазор сомонӣ зарар диданд

Дар натиҷаи рух додани офатҳои табиӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ба иншооти обёрӣ ва муҳофизати соҳил дар маҷмӯъ ба маблағи 36000 ҳазор сомонӣ зарари иқтисодӣ расонида шудааст.

10. Чораҳои асосӣ оид ба пешгирии таъсири обхезӣ ва селобҳо сохтмони саддҳо, обгардонҳо, селлартоҳо, иншооти дигар ва иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ мебошад, ки барои ин ҳамасола маблағҳои зиёд зарур мебошад. Барои иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ сафарбаркунии техникаву механизмҳо, мутахассиоон ва маблағҳо, аз ҳисоби буҷетҳои давлатӣ ва маҳаллӣ, инчунин маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ ва ҷалби манбаъҳои ғайрибуҷетӣ зарур аст.

Дар баробарн ин ҷиҳати паст кардани шиддати селу обхезиҳо, танзим намудани маҷрои дарёҳо тавассути коркарди мақсадноки сангу шағал ва обовардҳо зарур аст.

11. Омили дигаре, ки боиси обхезӣ ва зери об мондани маҳалҳои аҳолинишин ва заминҳои кишоварзӣ мегардад, ин баланд шудани маҷрои (қаъри) дарёҳо нисбати соҳилҳову заминҳои наздисоҳилӣ мебошад. Ин гуна ҳодисаҳо асосан дар дарёҳои кӯҳӣ, аз ҷумла ҳавзаҳои дарёҳои Вахш, Ёхсу ва Сурхоб, сойи Тебалай ва ҳудудҳои дигар мушоҳида мегарданд. Ҳамасола селҳои калон дар мавсими баҳору тобистон аз кӯҳҳо миқдори зиёди сангу обовардҳоро ба поён меоранд, ки онҳо дар қитъаҳои нисбатан ҳамвори дарё такшин мешаванд. Дар натиҷаи сари вақт тоза нагардидани маҷрои дарё дар давоми солҳои зиёд ҳаҷми чунин обовардҳо зиёд шуд, ки ин боиси обхезӣ ва аз соҳил баромадани маҷрои дарё мегардад.

12. Сабаби дигар ин дар буҷети мутамарказ пешбинӣ нагардидани маблағ барои нигоҳдошт, таъмир ва барқарорсозии иншоотҳои соҳилмустаҳкамкунӣ мебошад. Бо ин мақсад бояд ҳамасола вобаста аз арзиши тавозунии иншоотҳои мазкур дар андозаи 3,35 фоизи маблағҳои мақсаднок пешбинӣ карда шавад.

13. Дар баъзе ҳолатҳо сабаби рух додани офатҳои табиӣ омили инсонӣ мебошад. Солҳои охир ташкилоту корхонаҳои гуногун дар дохили сою дарёҳо ба коркарди бетартибонаи қум ва сангу шағал машғул шуда истодаанд, ки ин маҷрои обро дигаргун карда, боиси вайроншавии иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, рахнашавии соҳил ва зарар дидани аҳоливу иншооти иҷтимоию-иқтисодӣ мегардад.

14. Дар баробари мустаҳкамкунии соҳилҳои дарёҳо иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳилҳои обанборҳо низ хеле муҳим шуморида мешавад. Дар ҷумҳурӣ 11 обанбор мавҷуд буда, нигоҳдошт ва истифодаи самараноки онҳо таваҷҷуҳи махсусро талаб менамояд.

15. Дар ҷумҳурӣ аз 1386 километр саддҳои муҳофизатӣ 410 километри он дар ҳолати корношоям қарор дорад, 710 селпарто бо масофаи умумии 503 километр мавҷуд мебошад. Ба ҳолати 1 январи соли 2018 дар ҷумҳурӣ 416 километр садди муҳофизатӣ ва 137 километр селпарто бар асари обхезӣ ва селҳо вайрон гардиданд.

16. Мутобиқи қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2005-2010 барои иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва барқарор намудани иншоотҳои гидротехникии аз офатҳои табиӣ зарардидаи ҷумҳурӣ 112000 ҳазор сомонӣ сарф карда шудааст, ки аз он 63000 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 49000 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Бонки Осиёгии Рушд мебошад.

17. Бо мақсади назорати доимӣ ва ба танзим даровардани маҷрои дарёҳо, эмин нигоҳ доштани иншоотҳои хоҷагии халқ ва пешгирӣ намудани шусташавии соҳилҳои дарёҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, №112 Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20112015 қаблан қабул гардид.

18. Дар маҷмӯъ тибқи барномаи мазкур дар солҳои 2011-2015 барои иҷро намудани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар масофаи 121 километр аз ҳамаи сарчашмаҳо 275700 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети мутамарказ 82110 ҳазор сомонӣ, буҷети маҳаллӣ 20747 ҳазор сомонӣ, маблағгузории хориҷӣ 165751 ҳазор сомонӣ ва ҳаққи хизмати обрасонӣ 7092 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ шуда буд.

19. Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар солҳои 2011-2015 ба маблағи 214620 ҳазор сомонӣ (79,0 фоиз), аз ҷумла аз ҳисоби буҷети мутамарказ ба маблағи 38962 ҳазор сомонӣ (47,5 фоиз), буҷети маҳаллӣ 89861 ҳазор сомонӣ (433 фоиз), аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ ба маблағи 2527 ҳазор сомони (35,6 фоиз), аз ҳисоби сармояи хориҷӣ 64636 ҳазор сомонӣ (39,0 фоиз), ба таври ҳашар 16364 ҳазор сомонӣ ба иҷро расонида шуд. Аз ҳисоби Агентии захираҳои моддии давлатӣ ба маблағи 2270 ҳазор сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ дастрас карда шуд. Дар натиҷаи амалисозии барномаи мазкур 90,1 километр саддҳои муҳофизатӣ сохта ва барқарор карда шуд, ки 75 фоизи нақшаро ташкил менамояд

2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА

20. Мақсади асосии барномаи мазкур ба роҳ мондани қорҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, сохтмони саддҳо ва иншооти дигари муҳофизатии зидди обхезӣ, амаликунии чораҳои дигари иловагӣ ҷиҳати таъмин намудани ҳифзи аҳолӣ ва объектҳои муҳими хоҷагии халқ аз селу обхезиҳо ва баланд намудани масъулияти шаҳрвандон дар ин самт мебошад.

21. Қабули барномаи давлатӣ, ки дар он чорабиниҳои мушаххас ба нақша гирифта шудаанд, имконият медиҳад, ки корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ҷумҳурӣ ба низом дароварда шуда, манфиатдории мақомоти ваколатдор барои таъмини ҳифзи аҳолӣ ва иншооти хоҷагии халқ азселу обхезиҳо боз ҳам баланд бардошта шавад.

22. Вазифаҳои барнома:

- гузаронидани мониторинги ҳолати воқеии саддҳо ва иншооти дигари муҳофизатии зидди обхезии ҷумҳурӣ, бо мақсади барқарорсозӣ, нигоҳдорӣ ва ҳифзи онҳо;

- ба тартиб даровардани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, назорати истифодабарӣ ва ба танзим даровардани маҷрои дарёҳо ва сойҳо;

- ташкили назорати мунтазами ҷараёни гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ;

- ташкили махзани иттилоотӣ оид ба иншоотҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва ҳолати онҳо;

- таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҷиҳати ҷалби кумаки молиявии созмонҳои байналмилалӣ ва донорҳо.

3. НАТИҶАҲОИ БАРНОМА

23. Амалисозии барномаи мазкур имконият медиҳад, ки иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ҷумҳурӣ ба низом дароварда шуда, назорати мунтазами истифодабарии саддҳову обгардонҳо ва иншооти дигари муҳофизати зидди обхезӣ таъмин карда шавад.

24. Бо давра ба давра амалӣ гаштани барнома қисмати осебпазири соҳилҳои дарёҳо ва сойҳои ҷумҳурӣ бехатар гардонида шуда, хавфи обхезӣ ва сел коҳиш дода мешавад. Дар навбати худ ин ҳифзи аҳолӣ ва иншооти муҳими хоҷагии халқи мамлакатро аз чунин офатҳо эмин нигоҳ медорад.

4. МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА

25. Мутобиқи нақшаи маблағгузорӣ барнома барои 5 сол (солҳои 2018-2022) пешбинӣ шуда, амалисозии он аз ҳисоби маблағҳои буҷетҳои давлатӣ ва маҳаллӣ, инчунин маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ ва ҷалби манбаъҳои ғайрибуҷетӣ дар назар дошта шудаст (замимаҳои 1 ва 2).

26. Маблағи умумии амалигардидани барнома 409905 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети муттамарказ 65372 ҳазор сомонӣ, манбаъҳои ғайрибуҷетӣ 314003 ҳазор сомонӣ, буҷети маҳаллӣ 24480 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби хизмати обрасонӣ 6050 ҳазор сомонӣ.

5. НАЗОРАТИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА

27. Назорати амалисозии Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20182022 бо мақсади ба низом даровардани рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, истифодабарӣ ва коркарди маҷрои дарёҳо ва сойҳоро Агентии бехдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Саридораи геология ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъмин менамоянд.

 

ЗАМИМАИ 2

Приложение 1 к

постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 31 мая 2018 года, №285

Государственная программа берегоукрепительных работ в Республике Таджикистан на 2018-2022 годы

1. Государственная программа берегоукрепительных работ в Республике Таджикистан на 2018-2022 годы (далее - программа) разработана для проведения постоянного мониторинга и регулирования русел рек, проведения берегоукрепительных работ и очистка саев в целях предотвращения рисков селей и наводнений и размыва берегов рек.

2. Таджикистан, являясь горной страной, постоянно подвергается природным катаклизмам. На территории республики находятся 947 рек и 276 саев общей протяженностью около 30 тысяч километров многие из которых являются селеопасными. Огромные водные ресурсы приносят в стране как пользу, так и ежегодный материальный ущерб и человеческие жертвы. Ежегодно в весенне-летний период резкое таяние снега и ледников, обильные осадки являются причиной наводнений, схода оползней и селевых потоков, которые наносят огромный ущерб населенным пунктам и объектам народного хозяйства.

3. В целях снижения воздействия стихийных бедствий, особенно селей и паводков в Республике Таджикистан необходимо предусмотреть превентивные меры в составе общей программы действий. Это позволит обеспечить защиту населения и сельскохозяйственных угодий, дорог, мостов и других важных объектов народного хозяйства от селей и паводков.

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

4. Селевые потоки и наводнения, являясь наиболее распространенными стихийными бедствиями и наблюдаются почти во всех регионах республики. Согласно имеющимся данным селевые потоки, движущиеся со скоростью до 60-80 километров в час, повторяются до 25 раз в каждое десятилетие.

5. Наиболее подвержены селевым явлениям местности, расположенные в бассейнах рек Пяндж, Вахш, Сурхоб, Яхсу, Кизилсу, Варзоб, Кафирниган, Хонако, Каратаг, Зеравшан, Исфара и больших саев в городах и районах Куляб, Бальджуванском, Темурмалик, Шамсиддин Шохин, Деваштич, Аштском, Спитамен, Пенджикент, Шахристанском и других районах. В бассейнах рек Пяндж, Вахш и Зеравшан ежегодно происходит до 70 селевых явлений.

6. Наводнения и селевые потокам в июле и землетрясение в декабре 2013 года нанесли большой материальный и жизненный ущерб в 8 городах и районах Горно-Бадахшанской автономной области, 10 городах и районах Хатлонской области, 3 городах и районах Согдийской области, 7 городах и районах республиканского подчинения, что еще раз подтверждает необходимость проведения берегоукрепительных работ, повышения надежности противопаводковых сооружений в республике для защиты населения и важных народно-хозяйственных объектов.

7. В результате стихийных бедствий в Горно - Бадахшанской автономной области было повреждено 105 километров оросительных сетей, 50 километров берегоукрепительных сооружений, 9 километров коллекторно-дренажных сетей, 3 насосных станций, сайи заполнены наносами и песком в объёме 510 тысяч кубических метров.

В городах и районах Хатлонской области были повреждены 43 километров берегоукрепительных сооружений, 68 километров оросительных сетей, 5 насосных станций, 11 километров коллекторно-дренажных сетей, сайи заполнены наносами и песком в объёме 902 тысяч кубических метров.

В городах и районах Согдийской области были повреждены 7 километров берегоукрепительных сооружений, 8 насосных станций, 10 километров селесбросов, 0,4 километров дюкера, 13 километров оросительных сетей и другие гидротехнические сооружения.

В районах республиканского подчинения повреждены 7 километров берегоукрепительных сооружений, 5 километров оросительных сетей, 1 насосная станция и 0,3 километра головных сооружений оросительных каналов.

8. Всего в республике оросительные сети, берегоукрепительные сооружения, коллекторно-дренажные сети, сайи и насосные станции  повреждены на сумму 490306 тысяч сомони, в том числе по селеруслам в объёме 1411890 кубических метров на сумму 24210 тысяч сомони, 105,4 километров берегоукрепительныех сооруженй на сумму 454142 тысяч сомони, 191 километров оросительных сетей на сумму 4191 тысяча сомони, 19,5 километров коллекторно-дренажных сетей на сумму 3312 тысяч сомони и 18 насосных станций на сумму 4451 тысяч сомони.

9. Стоит отметить что наряду с проведением берегоукрепительных работ, защитных дамб и других защитных сооружений, в результате несвоевременного проведения текущих ремонтов, в случае повторного появления стихийных бедствий, эти сооружения частично и в некоторых случаях полностью разрушаются.

По предварительным расчётам в 2016 году в результате стихийных бедствий гидротехническим сооружениям, берегоукрепительным сооружениям, насосным станциям, селеруслам, оросительным и коллекторно-дренажным сетям нанесен большой материальный ущерб.

В городах и районах Согдийской области сумма ущерба составила 13570 тысяч сомони.

В городах и районах республиканского подчинения в целом по подсчетам специалистов оросительным сетям и берегоукрепительным сооружениям нанесен ущерб в сумме 7400 тысяч сомони.

В городах и районах Хатлонской области в основном сайям, каналам, защитным дамбам и гидротехническим сооружениям нанесен ущерб в сумме 14700 тысяч сомони.

В Горно - Бахшанской автономной области в результате стихийных бедствий оросительным сетям нанесен ущерб в сумме 548 тысяча сомони.

В результате стихийных бедствий в масштабах республики оросительных сетям и берегоукрепительным сооружениям нанесен ущерб в общей сумме 36000 тысяч сомони.

10. Основными мерами по предотвращению воздействий наводнений и селевых потоков является строительство дамб, шпор, селесбросов, других сооружений и выполнение берегоукрепительных работ, на что ежегодно требуются большие средства. Для выполнения берегоукрепительных работ требуется мобилизация специалистов, техники, механизмов и средств за счет государственного и местного бюджетов, а также средств за услуги по водоснабжению и привлечение внебюджетных источников.

Наряду с этим для снижения натиска селей и наводнений необходимо регулировать русло рек путём целенаправленной разработки щебня, песка и наносов.

11. Другим фактором наводнения и затопления населенных пунктов и сельскохозяйственных угодий является повышение уровня русел дна рек по отношению к берегам и прилегающим к ним землям. Эти явления наблюдаются в горных реках, в частности в поймах рек Вахш, Яхсу, Сурхоб (Кизилсу), сая Тебалай и других территориях. Ежегодно селевые потоки во время весенне-летних паводков приносят с гор большое количество камней и наносов, которые оседают на равнинных участках рек. В результате несвоевременного проведения очистки русел рек на протяжении многих лет привело к отложению большого объема наносов, что приводит к выходу потока воды из берегов и приводит к наводнению.

12. Другой причиной является непредусмотрение в централизованном бюджете необходимых средств для содержания, ремонта и восстановления берегоукрепительных сооружений. С этой целью в зависимости от балансовой стоимости сооружений необходимо ежегодно предусматривать 3,35 процентов целевых средств.

13. В некоторых случаях причиной бедствий является человеческий фактор. В последнее время различные организации и предприятия в поймах рек и саев занимаются беспорядочной разработкой песка, камня и гравия, что приводит к изменению направлений потоков воды и разрушению берегоукрепительных сооружений и наносит ущерб населению и социально-экономическим объектам.

14. Наряду с укреплением берегов рек, выполнение берегоукрепительных работ на водохранилищах считается также важной задачей. В республике существуют 11 водохранилищ, полноценное обслуживание и эксплуатация которых требует особого внимания.

15. В республике существуют 1386 километров защитных дамб и 710 селесбросов, общей протяженностью 503 километра. По состоянию на 1 января 2018 года в республике 416 километров защитных дамб и 136,5 километров селесбросов разрушены из-за паводков и селевых потоков.

16. В соответствии с постановлениями и поручениями Правительства Республики Таджикистан в течение 2005-2010 годов для выполнения берегоукрепительных работ и восстановления гидротехнических сооружений, пострадавших в результате стихийных бедствий, затрачено 112000 тысяч сомони, в том числе 63000 тысяч сомони за счет средств Правительства Республики Таджикистан и 49000 тысяч сомони за счет средств Азиатского Банка Развития.

17. В целях постоянного контроля и регулирования русел рек, обеспечения безопасности населения и объектов народного хозяйства и предотвращения размыва берегов рек, постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2011 года, №112 принята Государственная Программа берегоукрепительных работ в Республике Таджикистан на 2011-2015 годы.

18. В целом согласно указанной программы, в течении 2011-2015 годов для проведения берегоукрепительных работ протяженностью 121 километр, из всех источников было предусмотрено 275700 тысяч сомони, в том числе из централизованного бюджета 82110 тысяч сомони, местного бюджета 20747 тысяч сомони, иностранных инвестиций 165751 тысяч сомони и услуг по водоснабжению 7092 тысяч сомони.

19. Берегоукрепительные работы в 2011-2015 годах выполнены на сумму 214620 тысяч сомони (79 процентов), в том числе из централизованного бюджета 38962 тысячи сомони (47,5 процента), местного бюджета 89861 тысяч сомони (433 процента), услуги водоподачи 2527 тысяч сомони (35,6 процента), иностранных инвестиций 64636 тысяч сомони и методом хашара 16364 тысячи сомони. За счет Агентства по государственным  материальным резервам выделены строительные материалы на сумму 2270 тысяч сомони. В результате реализации указанной Программы было построено и восстановлено 90,1 километров защитных дамб, что составляет 75 процентов от плана.

2. ЦЕЛИ И ЗАДАЧИ ПРОГРАММЫ

20. Основной целью настоящей программы является организация берегоукрепительных работ, строительство дамб и других противопаводковых сооружений, осуществление других дополнительных мер по защите населения и объектов народного хозяйства от селевых потоков и наводнений и повышению ответственности граждан в этом направлении.

21. Принятие государственной программы, в которой предусмотрены конкретные мероприятия, позволяет упорядочить выполнение берегоукрепительных работ, повысить заинтересованность уполномоченных структур в защите населения и народнохозяйственных объектов от селевых потоков и наводнений.

22. Задачами программы являются:

- проведение мониторинга дамб и других противопаводковых сооружений республики с целью их восстановления, содержания и защиты;

- упорядочение берегоукрепительных работ, контроль над использованием и регулирование русел рек и саев;

- организация постоянного контроля за ходом выполнения берегоукрепительных работ;

- создание информационной базы о берегозащитных сооружениях и их состоянии;

- разработка инвестиционных проектов для привлечения финансовой помощи международных организаций и доноров.

3. РЕЗУЛЬТАТЫ ПРОГРАММЫ

23. Реализация настоящей программы позволит упорядочить выполнение берегоукрепительных работ в республике, обеспечить постоянный контроль за использованием дамб, шпор и других защитных противопаводковых сооружений.

24. Поэтапная реализация программы улучшит состояние уязвимых участков рек и саев, снизит опасность селевых потоков и наводнений. В свою очередь это обеспечит безопасность населения и объектов народного хозяйства от стихийных бедствий. 

4. ФИНАНСИРОВАНИЕ ПРОГРАММЫ

25. Согласно плану финансирования программа расчитана на 5 лет (2018-2022 годы) и реализация ее предусматривается за счет средств государственного и местного бюджета, а также средств за услуги по водоснабжению и привлечения внебюджетных источников (приложения 1 и 2).

26. Общая стоимость реализации программы составляет 409905 тысяч сомони, в том числе из средств централизованного бюджета 65372 тысячи сомони, из источников внебюджетных средств 314003 тысячи сомони, местного бюджета 24480 тысяч сомони и за счет услуг по водоснабжению предусмотренно 6050 тысяч сомони.

5. КОНТРОЛЬ НАД ВЫПОЛНЕНИЕМ ПРОГРАММЫ

27. Контроль над реализацией Государственной программы берегоукрепительных работ в Республике Таджикистан на 2018-2022 годы, в целях упорядочивания хода берегоукрепительных работ, эксплуатации и разработки русел рек и саев обеспечивают Агентство мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан совместно с министерствами промышленности и новых технологий, энергетики и водных ресурсов, Государственным комитетом по инвестициям и управлению государственным имуществом, Комитетом по защите окружающей среды, Главным управлением геологии и местными исполнительными органами государственной власти.

*Приложение