Тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2018 № 195

Санаи амалкуни: 08.02.2020

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "27" апрели соли 2018 № 195

тасдиқ шудааст

Тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 8.02.2020 № 83)

1. Тартиби мазкур баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" пешбинишударо ба танзим медарорад.

2. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда мешаванд, ки он қисми таркибии низоми иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар ҳудуди давлат расонидани ахбори ҳуқуқиро ба амал мебарорад ва махзани маълумоти ҳуқуқӣ мебошад. Пешбурди Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

3. Ба Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз 9 сентябри соли 1991 қабул шудаанд, дохил карда мешаванд:

- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- қонунҳои бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида;

- санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст;

- қонунҳои конститутсионӣ;

- кодексҳо, қонунҳо;

- қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- фармоишҳои вазоратҳо, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин қарорҳои кумитаҳои давлатӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон(қарори Ҳукумати ҶТ аз 8.02.2020 № 83);

- қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;

- қарорҳои раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;

- қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо ва ноҳияҳо;

- қарорҳои раисони шаҳрҳо ва ноҳияҳо;

- қарорҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот.

4. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди аз бақайдгирии давлатӣ гузаштан ба ҳисоб гирифта мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 8.02.2020 № 83).

5. Бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмӣ инҳоро дар бар мегирад:

- ташхиси ҳуқуқии мутобиқати ин санад ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- қабули қарор дар бораи зарурати бақайдгирии давлатии ин санад (баровардани хулоса);

- додани рақами бақайдгирӣ;

- ба Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дохил намудани санад.

6. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмӣ, новобаста аз муҳлати амал ва хусусияти маълумоти дар онҳо маҳфузбуда (аз он ҷумла санадҳои дорои муҳрҳои "барои истифодаи хизматӣ", "на барои интишор" ва "махфӣ") барои бақайдгирии давлатӣ равона карда мешаванд, яъне онҳо ба Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он сурат дохил карда мешаванд, ки меъёрҳои (меъёри) дар он мавҷудбуда ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар ҳуқуқҳо, озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, кафолати баамалбарории онҳо, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ёфтаанд, дахл дошта бошанд, инчунин механизми татбиқи ин ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии дар лаҳзаи пешниҳоди санад барои бақайдгирӣ амалкунандаро муқаррар менамоянд, тағйир медиҳанд, илова, дохил ё бекор менамоянд.

7. Санадҳои ҳуқуқии зерин дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта намешаванд:

- санадҳои ҳукуқии инфиродӣ (хусусияти фардидошта, хусусияти ташкилию амрдиҳидошта);

- санадҳои техникӣ (стандартҳои давлатӣ, меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, меъёру қоидаҳои санитарӣ, шакли ҳисоботҳои оморӣ, нархномаҳо ва ғайра) дар сурате, ки меъёрҳои танзимкунандаи ҳуқуқӣ надошта бошанд;

- санадҳои хусусияти тавсиявидошта; - санадҳои Бонки миллии Тоҷикистон, ки қурби асъори миллиро нисбат ба асъори хориҷӣ муайян менамояд.

8. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмие, ки мувофиқи банди 6 ҳамин Тартиб бояд аз қайди давлатӣ гузаранд, дар муҳлати на дертар аз 10 рӯз баъди имзои роҳбари мақоми давлатии дахлдор, дар ду нусха (матни аслӣ ва нусхаи тасдиқшуда) бо забони давлатӣ ва забони русӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд. Дар баробари ин, матни электронӣ ва маълумотномаи асосноккунандаи зарурати қабули онҳо низ пешниҳод карда мешавад.

Матни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд бо истифода аз ҳуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14 омода карда шавад.

9. Маълумотномаи асосноккунандаи қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд дорои иттилооти зерин бошад:

- асос ва зарурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ;

- маълумот оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандае, ки масъалаи мазкурро ба танзим медароранд;

- маълумот оид ба мувофиқа намудани санади меъёрии ҳуқуқӣ бо мақомоти манфиатдор;

- маълумот оид ба гузаронидани арзёбии идоравии зиддикоррупсионӣ;

- имзои роҳбари мақоми қабулкунандаи санади меъёрии ҳуқуқӣ.

10. Пешниҳод намудани санади меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмии якҷоя аз тарафи якчанд мақомоти давлатӣ қабулгашта, барои бақайдгирии давлатӣ ба зиммаи мақоме гузошта мешавад, ки дар қатори ашхоси имзокардаи (тасдиқкардаи) санад ташаббускори он мебошад.

11. Бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмӣ, ки дар банди 4 Тартиби мазкур пешбинӣ шудааст, аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати як моҳ аз лаҳзаи гирифтани санади меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ карда мешавад.

12. Бақайдгирии санади меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмӣ рад карда мешавад, агар санади меъёрии ҳуқуқии пешниҳодшуда:

- ба қонунгузории амалкунанда мухолифат кунад;

- ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро, ки қонунгузорӣ муқаррар кардааст, маҳдуд созад ё ба зиммаи онҳо уҳдадориҳои пешбининакардаи қонунгузориро гузорад;

- аз доираи ваколати мақоме, ки онро тасдиқ кардааст, барояд;

- дорои омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия бошанд.

13. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмие, ки бақайдгирии давлатии онҳо рад карда шудааст, ба мақоме, ки онро тасдиқ кардааст, бо нишон додани мухолифати роҳдодашудаи он ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида мешаванд. Дар баробари ин, як нусхаи он дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

14. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмӣ ба мақоме, ки онро тасдиқ кардааст, бе баррасӣ баргардонида мешаванд, агар ҳангоми пешниҳоди санад талаботи бандҳои 8-9 ҳамин Тартиб риоя нагардида бошад.

15. Дар ин ҳолат санади меъёрии ҳуқуқӣ бо дар назар доштани эроду пешниҳодҳо такмил дода шуда, дар муҳлати як моҳ такроран барои бақайдгирии давлатӣ, ё ин ки нусхаи санади дахлдор дар бораи аз эътибор соқит намудани он ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

16. Дар ҳолати аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рад намудани бақайдгирии санади меъёрии ҳуқуқӣ, мақоми давлатие, ки ин санадро қабул кардааст, метавонад ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят пешниҳод намояд.

17. Баъд аз бақайдгирии давлатии санади меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмӣ як нусхаи он (матни аслӣ) бо рақами додашудаи бақайдгирии давлатӣ ба мақоми дахлдори идоракунии давлатӣ фиристонида мешавад. Нусхаи дуюми санад дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад.

18. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмӣ тибқи тартиби муқарраргардида (ғайр аз санадҳое, ки сирри давлатӣ ё дигар сирреро, ки қонун ҳифз менамояд, дар бар мегиранд) дар нашрияҳои расмӣ интишор карда мешаванд ва ба шарте эътибор пайдо мекунанд, ки дар ин нашрияҳо чоп шаванд.

19. Баъд аз бақайдгирии давлатии санади меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмӣ, ки дар банди 4 Тартиби мазкур пешбинӣ шудааст, на дертар аз 15 рӯз, мақоме, ки ин санадро қабул кардааст ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотро дар бораи сарчашмаи интишори ин санади меъёрии ҳуқуқӣ (дар шакли нусхаи чопшудаи санади меъёрии ҳуқуқии идоравӣ) пешниҳод менамояд. Ҳангоми интишори санади меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмӣ нишон додани рақами бақайдгирӣ ва таърихи бақайдгирии давлатӣ ҳатмист.

20. Дар ҳолати пешниҳод накардани маълумот дар бораи сарчашмаи интишори расмӣ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ кардани он қарор қабул намуда, барои маълумот ва аз эътибор соқит донистани санади меъёрии ҳуқуқӣ ба мақоми онро қабулнамуда мефиристад.

21. Тағйиру иловаҳои ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмӣ воридгашта, ки аз қайди давлатӣ гузаштаанд, бо тартиби умумӣ ба қайд гирифта шуда, рақами пешинаи санади меъёрии ҳуқуқӣ гузошта, дар тарафи рости қисми болои ин рақамҳо бо рақамҳои арабӣ аз рақами як сар карда рақамгузорӣ карда мешавад, ки ин намуд рақамгузорӣ (ишора) номида мешавад.

22. Шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқие, ки талаботи Тартиби мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "27" апрели соли 2018 № 195

тасдиқ шудааст

Тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Тартиби мазкур баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" пешбинишударо ба танзим медарорад.

2. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда мешаванд, ки он қисми таркибии низоми иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар ҳудуди давлат расонидани ахбори ҳуқуқиро ба амал мебарорад ва махзани маълумоти ҳуқуқӣ мебошад. Пешбурди Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

3. Ба Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз 9 сентябри соли 1991 қабул шудаанд, дохил карда мешаванд:

- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- қонунҳои бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида;

- санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст;

- қонунҳои конститутсионӣ;

- кодексҳо, қонунҳо;

- қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- фармоишҳои вазоратҳо, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин қарорҳои кумитаҳои давлатӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон;

- қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;

- қарорҳои раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;

- қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо ва ноҳияҳо;

- қарорҳои раисони шаҳрҳо ва ноҳияҳо;

- қарорҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот.

4. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди аз бақайдгирии давлатӣ гузаштан ба ҳисоб гирифта мешаванд.