Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи чорводорӣ, зиёд намудани саршумор, истеҳсоли маҳсулот, таъмини аҳолӣ бо гӯшт, шир, тухм, моҳӣ ва асал, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Иҷрои Барномаи маҷмӯавӣ дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ, инчунин ҷалби маблағҳои сармоягузории (гранти) ташкилотҳои дохилию хориҷӣ ва дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, амалӣ карда шавад.
3. Вазоратҳои кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Барномаи мазкур ҷиҳати ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
4. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо амалисозии самараноки Барномаи мазкурро таъмин намуда, ҳар сол то 10 феврал оид ба рафти иҷрои он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
5. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:
- аз 28 ноябри соли 2015, № 724 "Дар бораи Барномаи рушди чарогоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020";
- аз 30 декабри соли 2015, № 792 "Дар бораи Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 27 марти соли 2018 № 160
ш.Душанбе