Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2015 № 724 "Дар бораи Барномаи рушди чарогоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.03.2018 № 160 аз эътибор соқит дониста шуд.

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи рушди чарогоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон", бо мақсади беҳтар намудани чарогоҳҳои ҷумҳурӣ ва афзун гардонидани захираи хӯроки чорво, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи рушди чарогоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати молияи Ҷумҳурин Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Точикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалӣ намудани Барномаи мазкур ҳамасола ба Муассисаи давлатии "Трести чарогоҳу мелиоративӣ"-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷнкистон ҳангоми таҳияи Буҷети давлатӣ дар солҳои 2016-2020 дар ҳаҷми 300 ҳазор сомонӣ маблағро пешбинӣ намоянд.

3. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳои ҷумҳурӣ оид ба ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ чораҳои мущаххас андешанд.

4. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдор, раисони Вилоятн Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои татбиқи Барномаи мазкур тамоми тадбирҳои заруриро андешида, ҳар сол то 20 феврал аз ҷараёни иҷрои корҳои анҷомдодашуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот манзур намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                        Эмомалӣ Раҳмон

аз 28 ноябри соли 2015 № 724

ш.Душанбе

Утратило силу в редакции постановления Правительства РТ от 27 марта 2018 года, №160

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Программе развития пастбищ Республики Таджикистан на 2016 - 2020 годы

В соответствии со статьёй 7 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально - экономического развития Республики Таджикистан" в целях дальнейшего улучшения пастбищ республики и увеличения запасов животноводческого корма Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Программу развития пастбищ Республики Таджикистан на 2016-2020 годы (прилагается).

2. Министерству финансов Республики Таджикистан совместно с Министерством экономического развития и торговли Республики Таджикистан и Министерством сельского хозяйства Республики Таджикистан в целях реализации настоящей Программы ежегодно предусматривать при разработке Государственного бюджета на 2016-2020 годы сумму в размере 300 тысяч сомони для Государственного учреждения "Пастбищно - мелиоративный трест" Министерства сельского хозяйства Республики Таджикистан.

3. Министерству сельского хозяйства Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами с целью улучшения состояния пастбищ республики принять конкретные меры по привлечению отечественных и зарубежных инвестиций.

4. Министерству сельского хозяйства Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами, председателями Горно - Бадахшанской автономной области, областей, городов и районов принять все необходимые меры для реализации настоящей Программы и ежегодно до 20 февраля представлять информацию о ходе проделанных работ в Правительство Республики Таджикистан.

Председатель

Правительства Peспублики Таджикистан    Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

 от 28 ноября 2015 года, № 724