ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонмоддаи 69 и дин
(Фармони Президенти ҶТ аз 01.04.2025
№ 1015)
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Назорати амалӣ намудани Консепсияи мазкур ба зиммаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад (№ 1015).
3. Вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот:
- ҷиҳати фаҳмондани моҳият ва мақсади ҳуҷҷати мазкур корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳиро дар байни ҷомеа ба роҳ монанд;
- оид ба иҷрои Консепсияи мазкур ба Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз 15 январи ҳар сол гузориш пешниҳод намоянд (№ 1015).
4. Консепсияи мазкур дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда шавад.
5. Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи ҷамъбасти ҷараёни иҷрои Консепсияи мазкур на дертар аз 15 феврали ҳар сол ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд (№ 1015).
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе, 4 апрели соли 2018 № 1042
УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Концепции государственной политики Республики Таджикистан в сфере религии
(в редакции Указа Президента РТ от 01.04.2025
№1015)
В соответствии со статьей 69 Конституции Республики Таджикистан постановляю:
1. Утвердить Концепцию государственной политики Республики Таджикистан в сфере религии (прилагается).
2. Реализацию настоящей Концепции возложить на Комитет по религии, упорядочению торжеств и обрядов при Правительстве Республики Таджикистан№1015
3. Министерствам, ведомствам, местным органам государственной власти, органам местного самоуправления поселков и дехотов:
- провести агитационно - разъяснительные работы среди общественности по разъяснению сущности и целей данного документа;
- представлять информацию о выполнении настоящей Концепции в Комитет по религии, упорядочению торжеств и обрядов при Правительстве Республики Таджикистан не позднее 15 января каждого года №1015
4. Реализовать настоящую Концепцию в рамках предусмотренных средств государственного бюджета и других источников, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан.
5. Комитету по религии, упорядочению торжеств и обрядов при Правительстве Республики Таджикистан по результатам обобщения хода исполнения настоящей Концепции представлять отчет Президенту Республики Таджикистан не позднее 15 февраля каждого года №1015
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 4 апреля 2018 года, №1042