Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин аз 4 апрели соли 2018 № 1042

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "4" апрели соли 2018, № 1042

тасдиқ шудааст

Бо фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "4" апрели соли 2018, № 1042

тасдиқ шудааст

Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин 

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

(Фармони Президенти ҶТ аз 01.04.2025 № 1015)

1. Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин (минбаъд - Консепсия) мақсаду вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи динро бо дар назар доштани манфиатҳои миллии кишвар муайян ва танзим менамояд.

2. Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин (минбаъд - сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин) дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин бо дар назар доштани манфиатҳои миллию давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати дунявӣ ташаккул меёбад.

3. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин дар пояи ғояҳои дунявӣ, озодии виҷдон, озодии пайравӣ ба дин, гуногунандешии динӣ, таҳаммулпазирию эҳтиром ба тамоми дину мазҳабҳо ва баробарии пайравони тамоми динҳо дар назди қонун амалӣ карда мешавад.

4. Ҳадафи асосии Консепсия муқаррар намудани дурнамои дарозмуҳлат ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои динии инсон ва шаҳрванд, рушди пояҳои давлати дунявӣ, густариши таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба тамоми дину мазҳабҳо, таъмини амният ва ҳамдигарфаҳмиву ризоият дар фазои динии кишвар мебошад.

5. Дар Консепсия мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

- мазҳаб - шохаи ягон дин, аз ҷумла мактабҳои динии ҳуқуқӣ;

- мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин - мақомоти марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати давлатиро оид ба таъмини ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, танзими ҷашну маросим амалӣ менамояд ва муносибати байни давлат ва иттиҳодияҳои диниро ҳамоҳанг месозад (Фармони Президенти ҶТ аз 01.04.2025 № 1015);

...

Утверждена

указом Президента

Республики Таджикистан

от 4 апреля 2018 года, №1042

Утверждена

указом Президента

Республики Таджикистан

от 4 апреля 2018 года, №1042

Концепция государственной политики Республики Таджикистан в сфере религии

(в редакции Указа Президента РТ от 01.04.2025 №1015)

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Концепция государственной политики Республики Таджикистан в сфере религии (далее - Концепция) определяет и регулирует цели, задачи и приоритетные направления государственной политики Республики Таджикистан в сфере религии с учётом национальных интересов страны.

2. Государственная политика Республики Таджикистан в сфере религии (далее - государственная политика в сфере религии) формируется на основе Конституции Республики Таджикистан, международных правовых актов, признанных Таджикистаном, Закона Республики Таджикистан "О свободе совести и религиозных объединений" и других нормативных правовых актов Республики Таджикистан, поручений и наставлений Президента Республики Таджикистан, также с учётом национальных и государственных интересов Республики Таджикистан как светского государства.

3. Государственная политика в сфере религии реализуется на основе светских идей, свободы совести, свободы вероисповедания, религиозного плюрализма, толерантности и уважение ко всем религиям и конфессиям, равенства последователей всех религий перед законом.

4. Основной целью Концепции является установление долгосрочных перспектив для защиты религиозных прав и свобод человека и гражданина, развитие основ светского государства, распространение толерантности и уважение ко всем религиям и конфессиям, обеспечение безопасности, взаимопонимание и согласие в религиозной среде страны.

5. В Концепции используются следующие основные понятия:

- конфессия (мазхаб) - ветвь какой-либо религии, в том числе религиозно-правовые школы;

- государственный уполномоченный орган по делам религии - центральный исполнительный орган государственной власти Республики Таджикистан, осуществляющий государственную политику по обеспечению права на свободу совести и свободу вероисповедания, упорядочению торжеств и обрядов, и координирует отношения между государством и религиозными объединениями(в редакции Указа Президента РТ от 01.04.2025 №1015);

...