Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи табдил додани муассисаи таълимии давлатии "Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон" ба муассисаи таълимии "Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон"
Мутобиқи моддаҳои 58 ва 59 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи таълимии давлатии "Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон" ба муассисаи таълимии "Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон" табдил дода шавад.
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва молиявии марбут ба муассисаи таълимии "Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон"-ро дар доираи маблағҳои пешбинишуда ҳал намоянд.
3. Дар сархати чоруми банди 12 Низомномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2015, № 187 "Дар бораи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, калимаҳои "Муассисаи таълимии давлатии "Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон" ба калимаҳои "муассисаи таълимии "Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
4. Дар сархати якуми Номгӯи муассиса ва ташкилотҳои системаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2015, № 187 тасдиқ гардидааст, калимаҳои "Муассисаи таълимии давлатии "Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон" ба калимаҳои "Муассисаи таълимии "Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
5. Дар сархати дувоздаҳуми Номгӯи муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатие, ки фаъолияташонро дар соҳаи маориф дар асоси созишномаҳои дуҷониба бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 145 "Дар бораи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, калимаҳои "Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон" ба калимаҳои "Муассисаи таълимии "Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 майи соли 2012, № 227 "Дар бораи Муассисаи таълимии давлатии "Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 27 марти соли 2018 № 169
ш.Душанбе