Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2016, № 529
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба Низомномаи Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2016, № 529 "Дар бораи таъсис додани Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо" тасдиқ шудааст, банди 8(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"8(1). Дар ҳолати набудани раиси кумита (рухсатии меҳнатӣ, беморӣ ва сафари хизматӣ) муовини он дорои ваколатҳои пешбининамудаи банди 8 Низомнома, ба истиснои ваколатҳои дар сархатҳои шашум, ҳафтум ва ҳаштуми банди мазкур нишондодашуда, мебошад.".
2. Ба замимаи 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2016, № 529 "Дар бораи таъсис додани Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо" пас аз калимаҳои "Аъзои Кумитаи ҳамоҳангсоз:" сархати якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 марти соли 2018 № 113
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменения и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 24 декабря 2016 года, №529
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1, Внести в Положение о Координационном комитете по упрощению процедур торговли, утверждённое постановлением Правительства Республики Таджикистан от 24 декабря 2016 года, №529 "О создании Координационного комитета по упрощению процедур торговли", следующие изменение и дополнение:
- дополнить пунктом 8(1) следующего содержания:
"8(1). В случаях отсутствия председателя комитета (трудовой отпуск, болезнь и служебная командировка) его заместитель обладает полномочиями, предусмотренными пунктом 8 настоящего Положения, за исключением полномочий, указанных в абзацах шестом, седьмом и восьмом данного пункта.";
- в пункте 12 слова "Комиссией" заменить словом "Комитетом".
2. Приложение 2 постановления Правительства Республики Таджикистан от 24 декабря 2016 года, №529 "О создании Координационного комитета по упрощению процедур торговли", после слов "Член Координационного комитета" дополнить первым абзацем следующего содержания:
"Первый заместитель министра экономического развития и торговли Республики Таджикистан;".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 3 марта 2018 года, №113