Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2008, № 468 "Дар бораи Низомномаи тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Низомномаи тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ

Бо мақсади таҳкими дастгоҳи давлатӣ, таъмини болоравии мансабии хизматчиёни давлатии мақомоти давлатӣ ва мутобиқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" фармонмедиҳам:

1. Низомномаи замимагардидаи тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ тасдиқ карда шавад.

2. Роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва хадамоти кадрии онҳо аттестатсияи минбаъдаи хизматчиёни давлатиро тибқи Низомномаи мазкур ба роҳ монанд.

3. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2002 № 878 "Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи тартиб ва шароити гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ" беэътибор дониста шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                        Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 майи соли 2008 № 468

ш. Душанбе

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Положении о порядке и условиях проведения аттестации административных государственных служащих

В целях укрепления государственного аппарата, обеспечения карьерного роста государственных служащих государственных органов и в соответствии со статьёй 20 Закона Республики Таджикистан "О государственной службе" постановляю:

1.Утвердить прилагаемое Положение о порядке и условиях проведения аттестации административных государственных служащих.

2.Руководителям центральных и местных органов государственной власти, органов самоуправления посёлка и сёл и их кадровым службам дальнейшую аттестацию государственных служащих проводить в соответствии с настоящим Положением.

3.Указ Президента Республики Таджикистан от 30 августа 2002 года №878 "Об утверждении Положения о порядке и условиях проведения аттестации государственных служащих" признать утратившим силу.

Президент

Республики Таджикистан                                                Эмомали Рахмон

г. Душанбе

30 мая 2008 года №468