ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҒАЛЛА ВА МАҲСУЛОТИ КОРКАРДИ ОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2018, №2, мод.65)
(Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1790)
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 13 декабри соли 2017 № 969
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 феврали соли 2018 № 505
ҷонибдорӣ карда шуд.
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он, талабот оид ба сифати ғалла ва тайёр кардани ғаллаи озуқавӣ, инчунин еми ҳайвоноти кишоварзӣ ва тухмиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- ғалла - ҳосили зироатҳои хӯшадор, лӯбиёӣ ва равғандор, ки мутобиқи стандартҳо ва регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасниф карда мешаванд;
- муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он - фаъолият оид ба истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, тайёркунӣ, фурӯш, воридоту содирот, инчунин истифодаи партовҳои ғалла ва маҳсулоти коркарди он;
- сифати ғалла (сифати маҳсулоти коркарди ғалла)маҷмӯи хусусиятҳои истеъмолии ғалла (маҳсулоти коркарди ғалла), ки ба талаботи стандартҳо, регламентҳои техникӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ғалла ва маҳсулоти коркарди он ҷавобгӯй мебошад;
- истеҳсоли ғалла - фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) вобаста ба кишт, парвариш, ҷамъоварӣ ва интиқоли ғалла барои коркарди минбаъда;
- маҳсулоти коркарди ғалла - орд, ярма, маҳсулоти нону макаронӣ, еми чорвою парранда ва маҳсулоти дигари коркарди ғалла;
- орд - озуқаворие, ки дар натиҷаи осиёб намудани донаҳои растаниҳои хӯшадор ва зироатҳои лӯбиёӣ ҳосил мешавад;
- ярма - озуқаворие, ки аз ғалладонаҳои бутун ва (ё) майда кардашудаи растаниҳои хӯшадор ва зироатҳои лӯбиёй ҳосил мегардад;
- нигоҳдории ғалла - раванди технологии фароҳам овардани шароит барои таъмини бехатарӣ, ки ба нигоҳ доштани хусусиятҳои истеъмолии он мусоидат мекунад;
- коркарди ғалла - тозакунӣ, хушконидан ва (ё) безараргардонӣ, инчунин бартараф кардани қисмҳои дорои арзиши пасти хӯрокворӣ бо мақсади таъмин намудани бехатарии ғалла ва беҳсозии хусусиятҳои истеъмолии он;
- безараргардонии ғалла - таъсиррасонии кимиёвӣ, радиатсионӣ ё физикӣ ба ғалла бо мақсади нобуд сохтани зараррасонҳо ва микроорганизмҳо, аз ҷумла объектҳои карантинӣ;
- регламенти техникӣ - санади меъёрии муқарраркунандаи талаботи риояаш ҳатмӣ, ки вобаста ба бехатарии маҳсулот, ҷараёни коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш, коркарди партовҳои он, иҷрои кор ва хизматрасонӣ таҳия шудааст;
- ҳуҷҷатҳои техникӣ - ҳуҷҷатҳое (талаботи техникӣ, дастурамалҳои технологӣ, дастурҳо), ки мутобиқи онҳо истеҳсол, нигоҳдорӣ интиқол ва фурӯши ғалла ва маҳсулоти коркарди он амалӣ мегарданд;
- сертификати сифати ғалла (сертификати маҳсулоти коркарди ғалла) - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сифату бехатарии ғалла ва маҳсулоти коркарди он, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад;
- захираҳои давлатии ғалла - захираҳои мақсаднок, ки аз ғаллаи озуқавӣ, емӣ, тухмӣ, фурӯшӣ ва устуворгардонии бозори ғалла иборат мебошанд;
- истифодаи партовҳои ғалла ё маҳсулоти коркарди онистифодаи ғалла ё маҳсулоти коркарди он, ки ба талаботи стандартҳо ва регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯи набуда, аз мақсадҳои таъинотии ғалла ё маҳсулоти коркарди он фарқ мекунанд .
хориҷ карда шуд
Моддаи 2. Таснифоти ғалла
1. Вобаста ба таъиноти худ ғалла аз намудҳои озуқавӣ (бо мақсади хӯрокворӣ истифодашаванда), тухмӣ (барои кишт), инчунин вобаста ба сифатҳои навъӣ ва киштшаванда аз ғаллаи емӣ (барои хӯроки чорво ва парранда) иборат мебошад.
2. Таснифоти ғалла дар асоси маҷмӯи нишондиҳандаҳои биологию технологӣ тибқи стандартҳо ва регламентҳои техникӣ оид ба ғалла ва маҳсулоти коркарди он амалӣ карда мешавад.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 4. Вазифаҳои Қонуни мазкур
Вазифаҳои Қонуни мазкур иборатанд аз:
- коҳиш додани вобастагии истеъмолкунандагон ба бозори берунии ғалла, ба даст овардани тавозуни сатҳи зарурӣ ва воқеии истеҳсоли ғалла;
- муқаррар намудани асосҳои ҳуқуқии низоми назорати давлатии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он ба мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои субъектҳои хоҷагидор;
- мусоидат намудан ба тиҷоратикунонии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он, рушди бозори ғалла ва ташаккули фазои рақобатпазир;
- муқаррар намудани тартиби бақайдгирии миқдор ва сифати захираҳои ғалла ва маҳсулоти коркарди он;
- мусоидат ба мутобиқсозии сохтори истеҳсолии ғалла ба шароити табиию иқлимӣ ва вазъи бозор, такмили технологияи истеҳсол, нигоҳдорӣ, фурӯши ғалла ва маҳсулоти коркади он.
Моддаи 5. Субъектҳои хоҷагидоре, ки ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он машғуланд
Ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он субъектҳои хоҷагидоре мансубанд, ки:
- ғалла ва маҳсулоти коркарди онро истеҳсол мекунанд;
- нигоҳдории ғалла ва маҳсулоти коркарди онро анҷом медиҳанд;
- бо фурӯши ғалла ва маҳсулоти коркарди он машғуланд;
- бо воридоту содироти ғалла ва маҳсулоти коркарди он машғуланд.
Моддаи 6. Принсипҳои асосии ташкили фаъолият дар соҳаи муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он
Муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- кафолати манфиатҳои шаҳрвандон ва ҳифзи муҳити зист;
- самаранокӣ ва рақобати озод ҳангоми истеҳсоли ғалла ва маҳсулоти коркарди он;
- баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ ҳангоми истеҳсоли ғалла ва маҳсулоти коркарди он;
- истифодаи технологияи муосири истеҳсоли ғалла ва маҳсулоти коркарди он;
- шаффофияти иттилоот оид ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он;
- пешгӯӣ ва банақшагирӣ ҳангоми истеҳсоли ғалла ва маҳсулоти коркарди он;
- таъмини риояи стандартҳо ва регламентҳои техникӣ, талабот оид ба бехатарии меҳнат ва ҳифзи муҳити зист.
Моддаи 7. Ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидорие, ки ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он машғуланд
1. Субъеқтҳои хоҷагидоре, ки ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он машғуланд, ҳуқуқ доранд:
- маълумоти ба фаъолияташон вобастаро ба даст оранд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад;
- дар интихоби расмии намунаҳо, баркашидани расмӣ, санҷиши сифату бехатарии ғалла ва маҳсулоти коркарди он иштирок намоянд;
- ҳуқуқҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ намоянд.
2. Субъектҳои хоҷагидоре, ки ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он машғуланд, уҳдадоранд:
- чорабиниҳоро оид ба пешгирии вайроншавии ғалла ва маҳсулоти коркарди он таҳия ва амалӣ гардонанд;
- чорабиниҳоро оид ба таъмини бақайдгирии миқдору сифати ғалла таҳия карда, амалӣ намоянд;
- стандартҳо ва регламентҳои техникӣ, талаботи санитарӣ, санитарию байторӣ, экологӣ ва бехатарӣ аз сӯхторро риоя кунанд;
- сифат ва бехатарии ғалла ва маҳсулоти коркарди онро тавассути истифодаи озмоишгоҳҳои истеҳсолӣ ва марказҳои санҷишии бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияшуда таъмин намоянд;
- қоидаҳои ташкил ва амалисозии ҷараёнҳои технологиро дар элеваторҳо ва корхонаҳои қабулкунандаи ғалла, корхонаҳои ордбарорӣ, ярмабарорӣ ва корхонаҳои истеҳсоли хӯроки омехтаи чорво риоя кунанд;
- уҳдадориҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро кунанд.
Моддаи 8. Баҳисобгирии миқдору сифати ғалла
1. Баҳисобгирии миқдору сифати ғалла аз низоми мураттаби ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ ва ҷамъбаст намудани иттилоот оид ба амалиёти хоҷагидорӣ вобаста ба ғалла ва маҳсулоти коркарди он тавассути баҳисобгирии саросарӣ, бефосила ва ҳуҷҷатӣ мебошад, ки бо мақсадҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- назорати истеҳсол, нигоҳдорӣ ва истифодаи босамари ғалла;
- муайян намудани тағйирёбии нишондиҳандаҳои миқдору сифати ғалла ҳангоми истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди он;
- таъмини иҷрои дахлдори уҳдадориҳо мувофиқи шартномаҳои нигоҳдории ғалла дар анбор;
- пешгирии вайроншавӣ ва паст шудани сифати ғалла.
2. Баҳисобгирии миқдору сифати ғалларо субъектҳои хоҷагидор бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ амалӣ менамоянд .
БОБИ 2. МУОМИЛОТИ ҒАЛЛА ВА МАҲСУЛОТИ КОРКАРДИ ОН
Моддаи 9. Хусусиятҳои муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он
1. Муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
2. Воридоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он, ки аз лиҳози ирсӣ дигаргун (модификатсия) карда шудаанд, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.
3. Тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври транзит интиқол додани ғалла ва маҳсулоти коркарди он, ки аз лиҳози ирсӣ дигаргун (модификатсия) карда шудаанд, тибқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
4. Муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он бе ҳуҷҷатҳои дахлдори тасдиқкунандаи ҷавобғӯй будани онҳо ба талаботи бехатарӣ манъ аст.
5. Шахсоне, ки муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди онро амалӣ менамоянд, уҳдадоранд назорати истеҳсолии бехатарии онро ташкил кунанд ва анҷом диҳанд, инчунин талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникиро риоя кунанд.
Моддаи 10. Кишт ва истеҳсоли ғалла
1. Кишти ғалла бо назардошти дастовардҳои селексионӣ, ноҳиябандии навъҳои он, инчунин маҷмӯи чорабиниҳои муосири агротехнологӣ анҷом дода мешавад.
2. Дар таркиби тухмии барои кишт истифодашавандаи ғалла миқдори пайвастагиҳои эҳтимолан хавфноки кимиёвӣ ва биологӣ, миқдори боқимондаи пеститсидҳо ва заҳрдоруҳо, моддаю омехтаҳои зарарнок набояд аз меъёрҳои ҷоизи муқаррарнамудаи регламентҳои техникӣ зиёд бошад.
3. Субъектҳои хоҷагидор уҳдадоранд, ки истеҳсоли ғалларо бо усулҳои таъминкунандаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ, инчунин маҳдудкунандаи таъсири номатлуб ба муҳити зист, ба роҳ монанд.
Моддаи 11. Нигоҳдорӣ ва хизматрасонӣ оид ба нигоҳдории ғалла
1. Нигоҳдории ғалла дар анборҳое, ки ба талабот ва меъёрҳои экологӣ, сохтмонӣ, зиддисӯхторӣ, санитарию эпидемиологӣ ва фитосанитарӣ ҷавобгӯй мебошанд, анҷом дода мешавад.
2. Хизматрасонӣ оид ба нигоҳдории ғалла тибқи талаботи тахассусӣ ва дар асоси шартномаи интихоби намунаи ғалла барои ташхис сурат мегирад.
3. Талаботи бехатариро ҳангоми нигоҳдории ғалла аз рӯии дараҷаи хавфнокӣ регламентҳои техникӣ муқаррар менамоянд.
4. Масъулият барои нигоҳдории ғаллаи қабулшуда, таъмини сифати он ва риояи меъёрҳои талафоти табиии ғалла дар муддати нигоҳдорӣ ба зиммаи субъекти хоҷагидор вогузор карда мешавад, агар дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.
Моддаи 12. Коркарди ғалла
1. Коркарди ғалла бо мақсади тозакунӣ, хушконидан ва (ё) безараргардонӣ, инчунин бартараф кардани қисмҳои дорои арзиши пасти хӯрокворӣ (бехтан, тоза ва ҷудо кардан, дурушт кардан) ҷиҳати таъмин намудани бехатарии он ва беҳсозии хусусиятҳои истеъмолии ғалла анҷом дода мешавад.
2. Меъёрҳои талафёбии табиии ғалла ҳангоми тоза намудан, хушконидан ё безараргардонии он бо регламентҳои техникӣ муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 13. Маҳсулоти коркарди ғалла
1. Маҳсулоти коркарди ғалла бояд дар шароити аз ҷиҳати гигиенӣ тоза истеҳсол, баркашида ва бандубаст шаванд, дар таркиби онҳо моддаҳои зараровар набошанд (ё ба сатҳи барои организми инсон безарар бошанд), ҳангоми нигоҳдорӣ, интиқол ва фурӯш бехатарии он таъмин карда шавад. Таҷҳизот, мавод ва маҳсулоти дар ҷараёни коркарди ғалла истифодашаванда бояд ба талаботи сифат ва бехатарӣ вобаста ба чунин таҷҳизот, мавод ва маҳсулот ҷавобгӯй бошанд.
2. Меъёри ҳосилшавии маҳсулоти коркарди ғалла (миқдор ё таносуби фоизии маҳсулоти ҳосилшуда, ки дар натиҷаи коркарди миқдори муайяни ғалла ба вуҷуд меояд) бо регламентҳои техникӣ муқаррар карда мешавад.
3. Арзишнокии ғизоии маҳсулоти коркарди ғалла, аз ҷумла бо илова намудани витамину маъданҳо, бояд ба талаботи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ мутобиқ бошад ва эҳтиёҷоти физиологии инсонро ба моддаҳои зарурӣ ва нерӯӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда тавонад.
Моддаи 14. Фурӯши ғалла ва маҳсулоти коркарди он
1. Фурӯши ғалла ва маҳсулоти коркарди он бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
2. Маҳсулоти коркарди ғаллаи барои фурӯш тайёршуда бояд ба стандартҳо, регламенти техникӣ ва меъёрҳои дигаре, ки талаботро нисбат ба маҳсулоти хурокворӣ, аз ҷумла ба тамғагузории он муқаррар менамояд, ҷавобгӯ бошад.
3. Дар варақаи замимаи борҷомаи маҳсулоти коркарди ғалла, тамғакоғаз ё борҷома бояд ба забони давлатӣ маълумоти ҳаммонандкунандаи маҳсулот, аз ҷумла маълумоте, ки номгӯйи он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон муқаррар карда шудааст, дарҷ гардад.
4. Фурӯши ғалла ва маҳсулоти коркарди он бе риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникӣ, қоидаю меъёрҳои санитарӣ, байторӣ ва фитосанитарӣ манъ аст.
5. Ҳангоми риоя накардани қоидаю меъёрҳои дар қисми 4 моддаи мазкур муқарраршуда, ки дар натиҷа ғалла ва маҳсулоти коркарди он хусусияти хавфнок пайдо мекунанд, соҳибони онҳо уҳдадоранд, чунин ғалла ва маҳсулоти коркарди онро аз фурӯш гиранд ва тибқи хулосаи ташхиси дахлдор коркард, инчунин партовҳоро аз нав истифода баранд ё нобуд созанд.
6. Маҳсулоти коркарди ғаллаи муҳлати истифодааш гузашта бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад барои хӯроки чорво ва парранда коркард ва (ё) нобуд карда шавад.
Моддаи 15. Воридот ва содироти ғалла ва маҳсулоти коркарди он
1. Воридоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Ба муомилоти озод баровардани навъи ғалла ва маҳсулоти коркарди он, ки дар феҳристи давлатӣ ба қайд гирифта шудаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гумрук дар сурати мавҷуд будани сертификати мутобиқат ё шаҳодатномаи эътирофи он, агар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро муқаррар накарда бошанд, иҷозат дода мешавад.
2. Ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ғалла ва маҳсулоти коркарди он, ки сертификати дахлдорро надоранд, танҳо барои ба намоиш гузоштан, инчунин бо мақсадҳои тадқиқотӣ ва санҷиш бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ворид карда шавад.
3. Содироти ғалла ва маҳсулоти коркарди он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Моддаи 16. Истифодаи партовҳои ғалла ва маҳсулоти коркарди он
1. Истифодаи партовҳои ғалла ё маҳсулоти коркарди он дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ амалӣ карда мешавад
2. Соҳиби ғалла ва маҳсулоти коркарди он уҳдадор аст, ки имконияти минбаъд аз рӯйи таъинот истифода бурдани онро истисно намояд. Имконияти минбаъдаи истифодаи ғалла ё маҳсулоти коркарди он ба сифати хӯроки чорво ва парранда бо хулосаи экспертиза муайян шуда, бо хадамоти давлатии байторӣ мувофиқа карда мешавад.
3. Соҳиби ғалла ва маҳсулоти коркарди он усулу шартҳои истифодаи партовҳои онҳоро интихоб намуда, бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ мувофиқа мекунад
4. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ бо мақсади пешгирӣ намудани заҳролудшавии эҳтимолии шаҳрвандон, ҳайвонот ва парранда, паҳншавии бемориҳо ва олудашавии муҳити зист ҳуқуқ дорад дар бораи партовҳои ғалла ва маҳсулоти коркарди он, ки барои истифодаи минбаъда корношоям мебошанд, қарор қабул намояд ва уҳдадор аст нобудсозии онҳоро назорат кунад.
БОБИ 3. ТАНЗИМ ВА ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ МУОМИЛОТИ ҒАЛЛА ВА МАҲСУЛОТИ КОРКАРДИ ОН
Моддаи 17. Принсипу усулҳои танзими давлатии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он
1. Танзими давлатии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он аз маҷмӯи чорабиниҳое, ки фаъолияти дахлдори бозори ғалла, сифату бехатарии ғалла ва маҳсулоти коркарди онро таъмин менамоянд, иборат мебошад.
2. Танзими давлатии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он ба принсипҳои зерин асос меёбанд:
- афзалиятнокии таъмини бехатарии инсон ва муҳити зист;
- самарабахшии истифодаи ғалла бо назардошти шартҳои захиравӣ, истеҳсолию технологӣ, экологӣ, иҷтимоӣ ва шартҳои дигар;
- фаъолияти озоди иқтисодӣ, ягонагии фазои иқтисодӣ, таъмини риояи принсипҳои умумии ташкил ва танзими муносибатҳои иқтисодӣ оид ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он;
- волоияти Қонун, муттасилӣ, муназзамӣ, мушоҳидашавандагӣ, маҷмӯият ва пешгӯишавии рушди соҳаи муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он.
3. Усулҳои танзими давлатии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он аз инҳо иборатанд:
- муқаррар намудани талаботи зиддиинҳисорӣ нисбат ба ташкили муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он;
- муқаррар намудани талаботи ҳатмӣ барои татбиқ ва иҷро нисбат ба ғалла ва маҳсулоти коркарди он дар ҷараёни истеҳсол, нигоҳдорӣ, коркард, тозакунӣ, хушконидан, безараргардонӣ, интиқол ва истифодаи партовҳо;
- дастгирии давлатии субъектҳои хоҷагидор, ки муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди онро амалӣ менамоянд;
- назорати давлатии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он;
- сертификатсияи ғалла ва маҳсулоти коркарди он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- назорати фаъолияти озмоишгоҳҳои ташхиси сифати ғалла ва маҳсулоти коркарди он;
- ташаккули захираҳои давлатии ғалла ва назорати миқдору сифати он;
- маблағгузории давлатии чорабиниҳо оид ба ҳифз ва карантини растанӣ.
4. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дигар усулҳои танзими давлатии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он истифода карда шавад.
Моддаи 18. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он мансубанд:
- таъмини татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он;
- ташкили захираҳои давлатии ғалла ва маҳсулоти коркарди он;
- қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба танзим ва рушди бозори ғалла;
- таъмини устувории нархи ғалла тавассути мудохилаи (интервенсияи) - давлатӣ ба бозори ғалла дар шакли харид ва мудохилаи молӣ;
- муқаррар намудани талабот нисбат ба субъектҳои хоҷагидор, ки нигоҳдории ғалла ва маҳсулоти коркарди онро барои эҳтиёҷоти давлатӣ анҷом медиҳанд;
- муқаррар намудани шаклҳои дастгирии давлатӣ;
- муайян намудани самтҳои асосии ҳамкории байналмилалӣ;
хориҷ карда шуд
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 19. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ оид ба истеҳсол ва муомилоти ғалла ваколатҳои зерин дорад:
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ оид ба истеҳсолу муомилоти ғалла, мусоидат ба ташкили бозори ғалла, ҳамоҳангсозии фаъолияти иштирокчиёни он;
- таҳия намудани барномаҳо ва дурнамоҳои давлатӣ вобаста ба истеҳсоли ғалла;
- гузаронидани мониторинги бозори ғалла;
- мусоидат ба рушди селексия, тухмипарварӣ, технологияи коркарди зироатҳои ғалладонагӣ, нигоҳ доштани ҳосилхезии хок ва ҳифзи растаниҳо;
- таҳия ва бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи омор мувофиқа намудани шаклҳои намунавии ҳисоботи субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи истеҳсол, нигоҳдорӣ, тозакунӣ, фурӯш ва истифодаи партовҳои ғалла;
- додани тавсияҳо ҷиҳати риоя намудани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истеҳсоли ғалла ва муомилоти он;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав оид ба истеҳсоли саноатии маҳсулоти коркарди ғалла ваколатҳои зерин дорад:
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи истеҳсоли саноатии маҳсулоти коркарди ғалла;
- таҳия намудани барномаҳо ва дурнамоҳои давлатии истеҳсоли маҳсулоти коркарди ғалла;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ оид ба бехатарии озуқавории ғалла ва маҳсулоти коркарди ғалла ваколатҳои зерин дорад:
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ оид ба бехатарии озуқаворӣ дар соҳаи муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он;
- назорати давлатии бехатарии ғалла, маҳсулоти коркарди ғалла ва карантини растанӣ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
4. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо оид ба стандарт ва сифати ғалла ваколатҳои зерин дорад:
- стандартикунонии техникӣ ва баҳодиҳии мутобиқати ғалла;
- назорати давлатии риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва стандартҳои давлатии истеҳсол ва муомилоти ғалла;
- назорати фаъолияти озмоишгоҳҳои санҷиши сифати ғалла оид ба риояи тартиби гузаронидани ташхиси сифати ғалла; амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
5. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи захираҳои моддии давлатӣ оид ба захираи давлатии ғалла ваколатҳои зерин дорад:
- назорати истифодаи захираи давлатии ғалла ва маҳсулоти коркарди он, пурра намудани захираи ғалла дар ҳаҷми муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон .
Моддаи 20. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он
Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он дохил мешаванд:
- тасдиқи барномаҳои маҳаллии рушди истеҳсоли ғалла ва маҳсулоти коркарди он, назорати иҷрои онҳо;
- ҷудо намудани қитъаҳои замин барои кишти ғалла бо назардошти дастовардҳои селексионӣ;
- назорати риояи талабот нисбати ноҳиябандии навъҳои зироатҳои кишоварзӣ, истифодаи мақсадноки қитъаҳои замин;
- мусоидат намудан ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидоре, ки ғаллаи хушсифатро бо мақсади ғанигардонии бозори истеъмолии дохилӣ истеҳсол мекунанд, инчунин ба субъектҳои дигар, ки нигоҳдорӣ, тозакунӣ, хушконидан, безараргардонӣ, интиқол ва истифодаи партовҳои ғалла ва маҳсулоти коркарди онро анҷом медиҳанд;
- бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор оид ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 21. Шаклҳои дастгирии давлатӣ
Бо мақсади таъмини устувории бозори ғалла шаклҳои зерини дастгирии давлатии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он амалӣ карда мешаванд:
- таъмини хоҷагиҳои махсуси тухмипарварӣ бо тухмиҳои аълосифат ва хушсифат бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҷудо кардани маблағ аз буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чорабиниҳои карантинӣ ва муҳофизати растанӣ;
- додани тухмӣ ба истеҳсолкунандагони ватании маҳсулоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он;
- мусоидат намудан ба истифодаи технологияҳои нав;
- ташкил намудани таҳвили лизингии техника ва таҷҳизот;
- хариди ғалла ва маҳсулоти коркарди он барои эҳтиёҷоти давлатӣ;
- шаклҳои дигари дастгирии давлатии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 22. Самтҳои дастгирии давлатии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он
1. Дастгирии давлатии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он дар самтҳои зерин анҷом дода мешавад:
- маблағгузории барномаҳои давлатии илмию тадқиқотӣ ва корҳои таҷрибавию конструкторӣ оид ба селексия, тухмипарварӣ, нигоҳдории ҳосилхезии хок, истеҳсол, такмилдиҳӣ, нигоҳдорӣ ва коркарди ғалла, инчунин таҳия ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар ин самт;
- рушди инфрасохтори бозори ғалла ва маҳсулоти коркарди он;
- суғуртаи фаъолият оид ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он;
- самтҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
2. Тартиби дастгирии давлатии истеҳсоли ғалла ва маҳсулоти коркарди онро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд.
БОБИ 4. СИФАТИ ҒАЛЛА ВА МАҲСУЛОТИ КОРКАРДИ ОН
Моддаи 23. Таъмини сифати ғалла ва маҳсулоти коркарди он
Сифати ғалла ва маҳсулоти коркарди он тавассути усулҳои зерин таъмин карда мешавад:
- бамеъёрдарории талабот;
- гузарондани ташхис;
- арзёбии сифати ғалла ва маҳсулоти коркарди он ва бақайдгирии давлатии гигиении он;
- сертификатсия;
- талабот нисбат ба бехатарии ғалла ва маҳсулоти коркарди он;
- назорати давлатӣ.
Моддаи 24. Бамеъёрдарории талабот нисбат ба сифати ғалла ва маҳсулоти коркарди он
1. Бамеъёрдарории талабот нисбат ба сифати ғалла ва маҳсулоти коркарди он, муайян кардани стандартҳо ва талабот нисбат ба шароити истеҳсол, тайёркунӣ, сифатнокӣ, интиқол, нигоҳдорӣ, коркард, фурӯши ғалла ва маҳсулоти коркарди он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ" анҷом дода мешаванд.
2. Сифати ғалла ва маҳсулоти коркарди он бояд ба талаботи Қонуни мазкур, регламентҳои техникӣ, қоидаю меъёрҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ, санадҳои дигари меъёрии техникӣ ҷавобгӯй бошад.
Моддаи 25. Экспертизаи сифати ғалла ва маҳсулоти коркарди он
1. Экспертизаи сифати ғалла ва маҳсулоти коркарди он аз ҷониби озмоишгоҳҳое, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, гузаронда мешаванд.
2. Ғалла ва маҳсулоти коркарди он, ки аз рӯйи натиҷаи тадқиқот барои истифодаи мақсаднок корношоям дониста шудаанд, бо мақсади муайян намудани имконияти истифодаи минбаъдаи он ва ё нобудсозии он бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми дахлдори давлатӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст, бояд аз ташхис гузаронда шаванд.
3. Ғалла ва маҳсулоти коркарди он, ки аз ташхис гузаронда мешаванд, бояд ба таври махсус, бо нишон додани ҳаҷми он ва риоя намудани шартҳои истиснокунандаи дастрасии онҳо, инчунин риояи талаботи бақайдгирии сифату миқдор нигоҳ дошта шаванд.
4. Хароҷоти вобаста ба ташхис, нигоҳдорӣ, интиқол, нобудсозии ғалла ва маҳсулоти коркарди он, ки барои истифода аз рӯйи таъиноти мақсаднок корношоям эътироф шудаанд, аз ҳисоби соҳиби онҳо пардохт карда мешаванд.
Моддаи 26. Арзёбии сифати ғалла, маҳсулоти коркарди он ва бақайдгирии давлатии гигиении он
1. Сифати ғалла ва маҳсулоти коркарди он дар озмоишгоҳҳои махсус бо тартиби муқарраргардида аз рӯи усули ягона арзёбӣ мешавад.
2. Таркиби ғалла ва маҳсулоти коркарди он, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол мешаванд ё ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, аз рӯи нишондиҳандаҳои кимиёвӣ, биологӣ, токсикологӣ ва радиологӣ таҳлил ва арзёбӣ карда мешавад.
Моддаи 27. Сертификатсияи сифати ғалла ва маҳсулоти коркардд он
1. Сертификатсияи сифати ғалла ва маҳсулоти коркарди он дар ҳолатҳои зерин гузаронда мешавад:
- ҳангоми харид барои эҳтиёҷоти давлатӣ;
- ҳангоми воридот ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти он ба хориҷи ҷумҳурӣ;
- ҳангоми муроҷиати субъектҳои хоҷагидор, ки истеҳсол ва нигоҳдории ғалла ва маҳсулоти коркарди онро анҷом медиҳанд;
- ҳолатҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Тартиби сертификатсияи сифати ғалла ва маҳсулоти коркарди онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 28. Талабот нисбат ба бехатарии ғалла ва маҳсулоти коркарди он
1. Истеҳсолкунандагон вазифадоранд, ки ба харидорон ва (ё) истеъмолкунандагон оид ба бехатарии ғалла ва маҳсулоти коркарди он маълумоти пурра ва дақиқ пешниҳод намоянд.
2. Муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он бояд дар шароити таъмини бехатарӣ ва нигоҳдории нишондиҳандаҳои сифати он анҷом дода шавад.
Моддаи 29. Назорати давлатии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он
1. Назорати давлатии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
2. Назорати давлатии сифати ғалла, назорати муайян намудани нишондиҳандаҳои сифати ғалларо ҳангоми қабул дар корхонаҳои ғаллақабулкунанда, инчунин ҳамлу нақл, ҳолат ва миқдори онро дар бар мегирад.
БОБИ 5. ЗАХИРАҲОИ ДАВЛАТИИ ҒАЛЛА ВА МАҲСУЛОТИ КОРКАРДИ ОН
Моддаи 30. Захираҳои давлатии ғалла
1. Захираҳои давлатии ғалла аз инҳо иборатанд:
- захираҳои давлатии ғаллаи озуқавӣ;
- захираҳои давлатии ғаллаи емӣ;
- захираҳои давлатии тухмӣ;
- захираҳои давлатии ғаллаи фурӯшӣ;
- захираҳои давлатии устуворгардонии бозори ғалла.
2. Захираҳои давлатии ғаллаи озуқавӣ барои таъмини эҳтиёҷоти сафарбарӣ ва амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикисгон таъйин мегарданд. Захираҳои давлатии ғаллаи озуқавӣ дар ҳолатҳои истисноӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои танзими бозори дохилӣ истифода шуда метавонанд.
3. Захираҳои давлатии ғаллаи емӣ барои қонеъ гардондани эҳтиёҷоти ҳайвоноти кишоварзӣ таъин мегарданд.
4. Захираҳои давлатии тухмӣ барои расондани кӯмак ба истеҳсолкунандагони ватании маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳолатҳои фавқулода, таъмини устувори эҳтиёҷоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маводи тухмӣ, навкунии тухмӣ, ивазкунии навъҳои тухмӣ, таъмини иҷрои созишномаҳои байнидавлатӣ таъсис дода мешаванд.
5. Захираҳои давлатии ғаллаи фурӯшӣ барои навкунии меъёри захираҳои давлатии ғаллаи озуқавӣ, захираҳои давлатии тухмӣ, захираҳои давлатии ғаллаи емӣ, фурӯш дар бозори дохилӣ, расондани кумаки башардӯстона ва содироти ғалла таъсис дода мешаванд. Захираҳои давлатии ғаллаи фурӯшӣ метавонанд барои танзими бозори дохилӣ то ташаккули захираҳои давлатии устуворгардонии бозори ғалла ва (ё) дар ҳолати норасоии онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қоидаҳои ташаккул, нигоҳдорӣ, навкунӣ, (ивазкунӣ) ҳамлу нақл ва истифодаи захираҳои давлатии ғалла мавриди истифода қарор дода шаванд.
6. Захираҳои давлатии устуворгардонии бозори ғалла барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва танзими бозори дохилӣ бо назардошти қонеъгардонии эҳтиёҷоти минтақаҳои ҷумҳурӣ таъсис дода мешаванд.
7. Хароҷоти вобаста ба нигоҳдорӣ ва интиқоли захираҳои давлатии ғалла барои захираҳои давлатии ғаллаи озуқавӣ, захираҳои давлатии устуворгардонии бозори ғалла, захираҳои давлатии тухмӣ, захираҳои давлатии ғаллаи емӣ ва захираҳои давлатии ғаллаи фурӯшӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.
Моддаи 31. Ташаккули захираҳои давлатии ғалла ва маҳсулоти коркарди он
1. Ташаккули захираҳои давлатии ғалла ва маҳсулоти коркарди он бо роҳҳои зерин сурат мегирад:
- хариди давлатӣ;
- таҳвилҳои ройгони мақсаднок.
2. Талабот оид ба ташаккул, нигоҳдорӣ, навкунӣ (ивазкунӣ), ҷойгиронӣ ва истифодаи захираҳои давлатии ғалла ва маҳсулоти коркарди онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
3. Захираҳои давлатии ғалла ва маҳсулоти коркарди он аз ҳисоби истеҳсоли дохилию воридот таъсис дода мешаванд ва моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 32. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 33. Аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ғалла"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006 "Дар бораи ғалла" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №7, мод.348) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 34. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
21 феврали соли 2018 № 1506
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҒАЛЛА ВА МАҲСУЛОТИ КОРКАРДИ ОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 13 декабри соли 2017 № 969
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 феврали соли 2018 № 505
ҷонибдорӣ карда шуд.
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он, талабот оид ба сифати ғалла ва тайёр кардани ғаллаи озуқавӣ, инчунин еми ҳайвоноти кишоварзӣ ва тухмиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- ғалла - ҳосили зироатҳои хӯшадор, лӯбиёӣ ва равғандор, ки мутобиқи стандартҳо ва регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасниф карда мешаванд;
- муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он - фаъолият оид ба истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, тайёркунӣ, фурӯш, воридоту содирот, инчунин истифодаи партовҳои ғалла ва маҳсулоти коркарди он;
- сифати ғалла (сифати маҳсулоти коркарди ғалла)маҷмӯи хусусиятҳои истеъмолии ғалла (маҳсулоти коркарди ғалла), ки ба талаботи стандартҳо, регламентҳои техникӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ғалла ва маҳсулоти коркарди он ҷавобгӯй мебошад;
- истеҳсоли ғалла - фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) вобаста ба кишт, парвариш, ҷамъоварӣ ва интиқоли ғалла барои коркарди минбаъда;
- маҳсулоти коркарди ғалла - орд, ярма, маҳсулоти нону макаронӣ, еми чорвою парранда ва маҳсулоти дигари коркарди ғалла;
- орд - озуқаворие, ки дар натиҷаи осиёб намудани донаҳои растаниҳои хӯшадор ва зироатҳои лӯбиёӣ ҳосил мешавад;
- ярма - озуқаворие, ки аз ғалладонаҳои бутун ва (ё) майда кардашудаи растаниҳои хӯшадор ва зироатҳои лӯбиёй ҳосил мегардад;
- нигоҳдории ғалла - раванди технологии фароҳам овардани шароит барои таъмини бехатарӣ, ки ба нигоҳ доштани хусусиятҳои истеъмолии он мусоидат мекунад;
- коркарди ғалла - тозакунӣ, хушконидан ва (ё) безараргардонӣ, инчунин бартараф кардани қисмҳои дорои арзиши пасти хӯрокворӣ бо мақсади таъмин намудани бехатарии ғалла ва беҳсозии хусусиятҳои истеъмолии он;
- безараргардонии ғалла - таъсиррасонии кимиёвӣ, радиатсионӣ ё физикӣ ба ғалла бо мақсади нобуд сохтани зараррасонҳо ва микроорганизмҳо, аз ҷумла объектҳои карантинӣ;
- регламенти техникӣ - санади меъёрии муқарраркунандаи талаботи риояаш ҳатмӣ, ки вобаста ба бехатарии маҳсулот, ҷараёни коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш, коркарди партовҳои он, иҷрои кор ва хизматрасонӣ таҳия шудааст;
- ҳуҷҷатҳои техникӣ - ҳуҷҷатҳое (талаботи техникӣ, дастурамалҳои технологӣ, дастурҳо), ки мутобиқи онҳо истеҳсол, нигоҳдорӣ интиқол ва фурӯши ғалла ва маҳсулоти коркарди он амалӣ мегарданд;
- сертификати сифати ғалла (сертификати маҳсулоти коркарди ғалла) - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сифату бехатарии ғалла ва маҳсулоти коркарди он, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад;
- захираҳои давлатии ғалла - захираҳои мақсаднок, ки аз ғаллаи озуқавӣ, емӣ, тухмӣ, фурӯшӣ ва устуворгардонии бозори ғалла иборат мебошанд;
- истифодаи партовҳои ғалла ё маҳсулоти коркарди онистифодаи ғалла ё маҳсулоти коркарди он, ки ба талаботи стандартҳо ва регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯи набуда, аз мақсадҳои таъинотии ғалла ё маҳсулоти коркарди он фарқ мекунанд;
- мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он (минбаъд - мақомоти ваколатдори давлатӣ)мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки татбиқи сиёсати давлатиро дар бозори ғалла, ҳамоҳангсозӣ ва танзими фаъолияти иштирокчиёни он, инчунин идора намудани захираҳои давлатии ғалларо амалӣ менамоянд.
Моддаи 2. Таснифоти ғалла
1. Вобаста ба таъиноти худ ғалла аз намудҳои озуқавӣ (бо мақсади хӯрокворӣ истифодашаванда), тухмӣ (барои кишт), инчунин вобаста ба сифатҳои навъӣ ва киштшаванда аз ғаллаи емӣ (барои хӯроки чорво ва парранда) иборат мебошад.
2. Таснифоти ғалла дар асоси маҷмӯи нишондиҳандаҳои биологию технологӣ тибқи стандартҳо ва регламентҳои техникӣ оид ба ғалла ва маҳсулоти коркарди он амалӣ карда мешавад.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 4. Вазифаҳои Қонуни мазкур
Вазифаҳои Қонуни мазкур иборатанд аз:
- коҳиш додани вобастагии истеъмолкунандагон ба бозори берунии ғалла, ба даст овардани тавозуни сатҳи зарурӣ ва воқеии истеҳсоли ғалла;
- муқаррар намудани асосҳои ҳуқуқии низоми назорати давлатии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он ба мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои субъектҳои хоҷагидор;
- мусоидат намудан ба тиҷоратикунонии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он, рушди бозори ғалла ва ташаккули фазои рақобатпазир;
- муқаррар намудани тартиби бақайдгирии миқдор ва сифати захираҳои ғалла ва маҳсулоти коркарди он;
- мусоидат ба мутобиқсозии сохтори истеҳсолии ғалла ба шароити табиию иқлимӣ ва вазъи бозор, такмили технологияи истеҳсол, нигоҳдорӣ, фурӯши ғалла ва маҳсулоти коркади он.
Моддаи 5. Субъектҳои хоҷагидоре, ки ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он машғуланд
Ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он субъектҳои хоҷагидоре мансубанд, ки:
- ғалла ва маҳсулоти коркарди онро истеҳсол мекунанд;
- нигоҳдории ғалла ва маҳсулоти коркарди онро анҷом медиҳанд;
- бо фурӯши ғалла ва маҳсулоти коркарди он машғуланд;
- бо воридоту содироти ғалла ва маҳсулоти коркарди он машғуланд.
Моддаи 6. Принсипҳои асосии ташкили фаъолият дар соҳаи муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он
Муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- кафолати манфиатҳои шаҳрвандон ва ҳифзи муҳити зист;
- самаранокӣ ва рақобати озод ҳангоми истеҳсоли ғалла ва маҳсулоти коркарди он;
- баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ ҳангоми истеҳсоли ғалла ва маҳсулоти коркарди он;
- истифодаи технологияи муосири истеҳсоли ғалла ва маҳсулоти коркарди он;
- шаффофияти иттилоот оид ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он;
- пешгӯӣ ва банақшагирӣ ҳангоми истеҳсоли ғалла ва маҳсулоти коркарди он;
- таъмини риояи стандартҳо ва регламентҳои техникӣ, талабот оид ба бехатарии меҳнат ва ҳифзи муҳити зист.
Моддаи 7. Ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидорие, ки ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он машғуланд
1. Субъеқтҳои хоҷагидоре, ки ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он машғуланд, ҳуқуқ доранд:
- маълумоти ба фаъолияташон вобастаро ба даст оранд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад;
- дар интихоби расмии намунаҳо, баркашидани расмӣ, санҷиши сифату бехатарии ғалла ва маҳсулоти коркарди он иштирок намоянд;
- ҳуқуқҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ намоянд.
2. Субъектҳои хоҷагидоре, ки ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он машғуланд, уҳдадоранд:
- чорабиниҳоро оид ба пешгирии вайроншавии ғалла ва маҳсулоти коркарди он таҳия ва амалӣ гардонанд;
- чорабиниҳоро оид ба таъмини бақайдгирии миқдору сифати ғалла таҳия карда, амалӣ намоянд;
- стандартҳо ва регламентҳои техникӣ, талаботи санитарӣ, санитарию байторӣ, экологӣ ва бехатарӣ аз сӯхторро риоя кунанд;
- сифат ва бехатарии ғалла ва маҳсулоти коркарди онро тавассути истифодаи озмоишгоҳҳои истеҳсолӣ ва марказҳои санҷишии бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияшуда таъмин намоянд;
- қоидаҳои ташкил ва амалисозии ҷараёнҳои технологиро дар элеваторҳо ва корхонаҳои қабулкунандаи ғалла, корхонаҳои ордбарорӣ, ярмабарорӣ ва корхонаҳои истеҳсоли хӯроки омехтаи чорво риоя кунанд;
- уҳдадориҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро кунанд.
Моддаи 8. Баҳисобгирии миқдору сифати ғалла
1. Баҳисобгирии миқдору сифати ғалла аз низоми мураттаби ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ ва ҷамъбаст намудани иттилоот оид ба амалиёти хоҷагидорӣ вобаста ба ғалла ва маҳсулоти коркарди он тавассути баҳисобгирии саросарӣ, бефосила ва ҳуҷҷатӣ мебошад, ки бо мақсадҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- назорати истеҳсол, нигоҳдорӣ ва истифодаи босамари ғалла;
- муайян намудани тағйирёбии нишондиҳандаҳои миқдору сифати ғалла ҳангоми истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди он;
- таъмини иҷрои дахлдори уҳдадориҳо мувофиқи шартномаҳои нигоҳдории ғалла дар анбор;
- пешгирии вайроншавӣ ва паст шудани сифати ғалла.
2. Баҳисобгирии миқдору сифати ғалларо субъектҳои хоҷагидор бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ амалӣ менамоянд.
БОБИ 2. МУОМИЛОТИ ҒАЛЛА ВА МАҲСУЛОТИ КОРКАРДИ ОН
Моддаи 9. Хусусиятҳои муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он
1. Муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
2. Воридоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он, ки аз лиҳози ирсӣ дигаргун (модификатсия) карда шудаанд, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.
3. Тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври транзит интиқол додани ғалла ва маҳсулоти коркарди он, ки аз лиҳози ирсӣ дигаргун (модификатсия) карда шудаанд, тибқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
4. Муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он бе ҳуҷҷатҳои дахлдори тасдиқкунандаи ҷавобғӯй будани онҳо ба талаботи бехатарӣ манъ аст.
5. Шахсоне, ки муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди онро амалӣ менамоянд, уҳдадоранд назорати истеҳсолии бехатарии онро ташкил кунанд ва анҷом диҳанд, инчунин талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникиро риоя кунанд.
Моддаи 10. Кишт ва истеҳсоли ғалла
1. Кишти ғалла бо назардошти дастовардҳои селексионӣ, ноҳиябандии навъҳои он, инчунин маҷмӯи чорабиниҳои муосири агротехнологӣ анҷом дода мешавад.
2. Дар таркиби тухмии барои кишт истифодашавандаи ғалла миқдори пайвастагиҳои эҳтимолан хавфноки кимиёвӣ ва биологӣ, миқдори боқимондаи пеститсидҳо ва заҳрдоруҳо, моддаю омехтаҳои зарарнок набояд аз меъёрҳои ҷоизи муқаррарнамудаи регламентҳои техникӣ зиёд бошад.
3. Субъектҳои хоҷагидор уҳдадоранд, ки истеҳсоли ғалларо бо усулҳои таъминкунандаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ, инчунин маҳдудкунандаи таъсири номатлуб ба муҳити зист, ба роҳ монанд.
Моддаи 11. Нигоҳдорӣ ва хизматрасонӣ оид ба нигоҳдории ғалла
1. Нигоҳдории ғалла дар анборҳое, ки ба талабот ва меъёрҳои экологӣ, сохтмонӣ, зиддисӯхторӣ, санитарию эпидемиологӣ ва фитосанитарӣ ҷавобгӯй мебошанд, анҷом дода мешавад.
2. Хизматрасонӣ оид ба нигоҳдории ғалла тибқи талаботи тахассусӣ ва дар асоси шартномаи интихоби намунаи ғалла барои ташхис сурат мегирад.
3. Талаботи бехатариро ҳангоми нигоҳдории ғалла аз рӯии дараҷаи хавфнокӣ регламентҳои техникӣ муқаррар менамоянд.
4. Масъулият барои нигоҳдории ғаллаи қабулшуда, таъмини сифати он ва риояи меъёрҳои талафоти табиии ғалла дар муддати нигоҳдорӣ ба зиммаи субъекти хоҷагидор вогузор карда мешавад, агар дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.
Моддаи 12. Коркарди ғалла
1. Коркарди ғалла бо мақсади тозакунӣ, хушконидан ва (ё) безараргардонӣ, инчунин бартараф кардани қисмҳои дорои арзиши пасти хӯрокворӣ (бехтан, тоза ва ҷудо кардан, дурушт кардан) ҷиҳати таъмин намудани бехатарии он ва беҳсозии хусусиятҳои истеъмолии ғалла анҷом дода мешавад.
2. Меъёрҳои талафёбии табиии ғалла ҳангоми тоза намудан, хушконидан ё безараргардонии он бо регламентҳои техникӣ муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 13. Маҳсулоти коркарди ғалла
1. Маҳсулоти коркарди ғалла бояд дар шароити аз ҷиҳати гигиенӣ тоза истеҳсол, баркашида ва бандубаст шаванд, дар таркиби онҳо моддаҳои зараровар набошанд (ё ба сатҳи барои организми инсон безарар бошанд), ҳангоми нигоҳдорӣ, интиқол ва фурӯш бехатарии он таъмин карда шавад. Таҷҳизот, мавод ва маҳсулоти дар ҷараёни коркарди ғалла истифодашаванда бояд ба талаботи сифат ва бехатарӣ вобаста ба чунин таҷҳизот, мавод ва маҳсулот ҷавобгӯй бошанд.
2. Меъёри ҳосилшавии маҳсулоти коркарди ғалла (миқдор ё таносуби фоизии маҳсулоти ҳосилшуда, ки дар натиҷаи коркарди миқдори муайяни ғалла ба вуҷуд меояд) бо регламентҳои техникӣ муқаррар карда мешавад.
3. Арзишнокии ғизоии маҳсулоти коркарди ғалла, аз ҷумла бо илова намудани витамину маъданҳо, бояд ба талаботи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ мутобиқ бошад ва эҳтиёҷоти физиологии инсонро ба моддаҳои зарурӣ ва нерӯӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда тавонад.
Моддаи 14. Фурӯши ғалла ва маҳсулоти коркарди он
1. Фурӯши ғалла ва маҳсулоти коркарди он бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
2. Маҳсулоти коркарди ғаллаи барои фурӯш тайёршуда бояд ба стандартҳо, регламенти техникӣ ва меъёрҳои дигаре, ки талаботро нисбат ба маҳсулоти хурокворӣ, аз ҷумла ба тамғагузории он муқаррар менамояд, ҷавобгӯ бошад.
3. Дар варақаи замимаи борҷомаи маҳсулоти коркарди ғалла, тамғакоғаз ё борҷома бояд ба забони давлатӣ маълумоти ҳаммонандкунандаи маҳсулот, аз ҷумла маълумоте, ки номгӯйи он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон муқаррар карда шудааст, дарҷ гардад.
4. Фурӯши ғалла ва маҳсулоти коркарди он бе риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникӣ, қоидаю меъёрҳои санитарӣ, байторӣ ва фитосанитарӣ манъ аст.
5. Ҳангоми риоя накардани қоидаю меъёрҳои дар қисми 4 моддаи мазкур муқарраршуда, ки дар натиҷа ғалла ва маҳсулоти коркарди он хусусияти хавфнок пайдо мекунанд, соҳибони онҳо уҳдадоранд, чунин ғалла ва маҳсулоти коркарди онро аз фурӯш гиранд ва тибқи хулосаи ташхиси дахлдор коркард, инчунин партовҳоро аз нав истифода баранд ё нобуд созанд.
6. Маҳсулоти коркарди ғаллаи муҳлати истифодааш гузашта бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад барои хӯроки чорво ва парранда коркард ва (ё) нобуд карда шавад.
Моддаи 15. Воридот ва содироти ғалла ва маҳсулоти коркарди он
1. Воридоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Ба муомилоти озод баровардани навъи ғалла ва маҳсулоти коркарди он, ки дар феҳристи давлатӣ ба қайд гирифта шудаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гумрук дар сурати мавҷуд будани сертификати мутобиқат ё шаҳодатномаи эътирофи он, агар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро муқаррар накарда бошанд, иҷозат дода мешавад.
2. Ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ғалла ва маҳсулоти коркарди он, ки сертификати дахлдорро надоранд, танҳо барои ба намоиш гузоштан, инчунин бо мақсадҳои тадқиқотӣ ва санҷиш бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ворид карда шавад.
3. Содироти ғалла ва маҳсулоти коркарди он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Моддаи 16. Истифодаи партовҳои ғалла ва маҳсулоти коркарди он
1. Истифодаи партовҳои ғалла ё маҳсулоти коркарди он дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад.
2. Соҳиби ғалла ва маҳсулоти коркарди он уҳдадор аст, ки имконияти минбаъд аз рӯйи таъинот истифода бурдани онро истисно намояд. Имконияти минбаъдаи истифодаи ғалла ё маҳсулоти коркарди он ба сифати хӯроки чорво ва парранда бо хулосаи экспертиза муайян шуда, бо хадамоти давлатии байторӣ мувофиқа карда мешавад.
3. Соҳиби ғалла ва маҳсулоти коркарди он усулу шартҳои истифодаи партовҳои онҳоро интихоб намуда, бо мақомоти ваколатдори давлатӣ мувофиқа мекунад.
4. Мақомоти ваколатдори давлатӣ бо мақсади пешгирӣ намудани заҳролудшавии эҳтимолии шаҳрвандон, ҳайвонот ва парранда, паҳншавии бемориҳо ва олудашавии муҳити зист ҳуқуқ дорад дар бораи партовҳои ғалла ва маҳсулоти коркарди он, ки барои истифодаи минбаъда корношоям мебошанд, қарор қабул намояд ва уҳдадор аст нобудсозии онҳоро назорат кунад.
БОБИ 3. ТАНЗИМ ВА ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ МУОМИЛОТИ ҒАЛЛА ВА МАҲСУЛОТИ КОРКАРДИ ОН
Моддаи 17. Принсипу усулҳои танзими давлатии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он
1. Танзими давлатии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он аз маҷмӯи чорабиниҳое, ки фаъолияти дахлдори бозори ғалла, сифату бехатарии ғалла ва маҳсулоти коркарди онро таъмин менамоянд, иборат мебошад.
2. Танзими давлатии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он ба принсипҳои зерин асос меёбанд:
- афзалиятнокии таъмини бехатарии инсон ва муҳити зист;
- самарабахшии истифодаи ғалла бо назардошти шартҳои захиравӣ, истеҳсолию технологӣ, экологӣ, иҷтимоӣ ва шартҳои дигар;
- фаъолияти озоди иқтисодӣ, ягонагии фазои иқтисодӣ, таъмини риояи принсипҳои умумии ташкил ва танзими муносибатҳои иқтисодӣ оид ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он;
- волоияти Қонун, муттасилӣ, муназзамӣ, мушоҳидашавандагӣ, маҷмӯият ва пешгӯишавии рушди соҳаи муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он.
3. Усулҳои танзими давлатии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он аз инҳо иборатанд:
- муқаррар намудани талаботи зиддиинҳисорӣ нисбат ба ташкили муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он;
- муқаррар намудани талаботи ҳатмӣ барои татбиқ ва иҷро нисбат ба ғалла ва маҳсулоти коркарди он дар ҷараёни истеҳсол, нигоҳдорӣ, коркард, тозакунӣ, хушконидан, безараргардонӣ, интиқол ва истифодаи партовҳо;
- дастгирии давлатии субъектҳои хоҷагидор, ки муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди онро амалӣ менамоянд;
- назорати давлатии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он;
- сертификатсияи ғалла ва маҳсулоти коркарди он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- назорати фаъолияти озмоишгоҳҳои ташхиси сифати ғалла ва маҳсулоти коркарди он;
- ташаккули захираҳои давлатии ғалла ва назорати миқдору сифати он;
- маблағгузории давлатии чорабиниҳо оид ба ҳифз ва карантини растанӣ.
4. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дигар усулҳои танзими давлатии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он истифода карда шавад.
Моддаи 18. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он мансубанд:
- таъмини татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он;
- ташкили захираҳои давлатии ғалла ва маҳсулоти коркарди он;
- қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба танзим ва рушди бозори ғалла;
- таъмини устувории нархи ғалла тавассути мудохилаи (интервенсияи) - давлатӣ ба бозори ғалла дар шакли харид ва мудохилаи молӣ;
- муқаррар намудани талабот нисбат ба субъектҳои хоҷагидор, ки нигоҳдории ғалла ва маҳсулоти коркарди онро барои эҳтиёҷоти давлатӣ анҷом медиҳанд;
- муқаррар намудани шаклҳои дастгирии давлатӣ;
- муайян намудани самтҳои асосии ҳамкории байналмилалӣ;
- муайян намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 19. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ
Ба ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дохил мешаванд:
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ оид ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он, мусоидат ба ташкили бозори ғалла, ҳамоҳангсозии фаъолияти иштирокчиёни он;
- таҳия ва тасдиқи дастур оид ба бартараф намудани ҳолатҳои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он;
- додани дастур оид ба бартараф намудани оқибатҳои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он, баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муқаррар намудани қоидаҳо ва гузарондани мониторинги бозори ғалла;
- назорати давлатии сифат ва бехатарии ғалла;
- назорати фаъолияти озмоишгоҳҳои ташхиси сифати ғалла ҷиҳати риояи тартиби гузарондани ташхиси сифати ғалла;
- мусоидат ба рушди селексия, тухмипарварӣ, технологияи коркарди зироатҳои ғалладонагӣ, нигоҳ доштани ҳосилхезии хок, ҳифз ва карантини растанӣ;
- таҳияи низомномаи нозирони давлатии ғалла, тартиби гузарондани ташхиси сифати ғалла ва додани шиносномаи сифати ғалла, регламентҳои техникии истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди ғалла ва пешниҳоди онҳо барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳия ва бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи омор мувофиқа намудани шаклҳои намунавии ҳисоботи субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи истеҳсол, нигоҳдорӣ, тозакунӣ, хушконидан, безараргардонӣ, интиқол ва истифодаи партовҳои ғалла;
- назорати истифодаи захираҳои давлатии ғалла дар доираи ваколатҳои муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;