ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ғалла
Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки дар раванди истеҳсол, тозакунӣ, нигоҳдорӣ ва фурӯши ғалла, идоракунии сифати ғалла ва тайёр кардани ғаллаи озуқаворӣ, маводи ему хошоки чорво, парранда ва тухмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меоянд, танзим менамояд.
БОБИ 1 МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода шудаанд:
-ғалла -ҳосили зироатҳои хӯшадор, лӯбиёӣ ва равғандор, ки ба мақсадҳои хӯрокворӣ, тухмӣ, ему хошоки чорво, парранда ва техникӣ истифода мешаванд;
-истеҳсоли ғалла- маҷмӯи чорабиниҳои агротехникие, ки барои парвариши ғалла равона карда шудааст;
-ғаллаи озуқаворӣ- ғаллае, ки ба мақсади хӯрокворӣ истифода бурда мешавад;
-ғаллаи тухмӣ -ғаллае, ки аз рӯи сифат ва навъҳо ҷудо карда шудааст ва ба мақсадҳои кишт кардан истифода бурда мешавад;
-ғаллаи маводи ему хошок-ғаллае, ки барои хӯроки чорво ва паррандаҳо истифода бурда мешавад;
-бехатарии озуқаворӣ-ҳолати иқтисодиёт, аз ҷумла комплекси агросаноатии он, ки бо захираҳои дахлдор, иқтидор ва кафолатҳо таъмин карда шудааст, новобаста аз шартҳои дохилӣ ва берунӣ, ки зимни он талаботи аҳолӣ ба маводи хӯрокворӣ мутобиқи меъёрҳои физиологии ғизо қонеъ гардонида мешавад;
-захираҳои давлатии ғалла -захираҳои давлатии ғалла, ки бо мақсади таъмини бехатарии озуқаворӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳои давлатӣ, инчунин барои ҳимоя ва танзими бозори ғалла пешбинӣ карда шудаанд;
...