Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар хусуси Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои миллии сайёҳӣ ва осори қадимаи Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои миллии сайёҳӣ ва осори қадимаи Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки 17 марти соли 2016 дар шаҳри Дубай ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
2. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалигардонии Ёддошти тафоҳуми мазкур чораҳои зарурӣ андешад.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраргардида тарафи Амороти Муттаҳидаи Арабро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо намудани Ёддошти тафоҳуми мазкур заруранд, огоҳ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 15 январи соли 2018 № 19
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Меморандуме о взаимопонимании между Комитетом по делам молодежи, спорту и туризму при Правительстве Республики Таджикистан и Национальным советом по туризму и наследию Объединенных Арабских Эмиратов о сотрудничестве в области туризма
В соответствии со статьей 13 Закона Республики Таджикистан "О международных договорах Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Меморандум о взаимопонимании между Комитетом по делам молодежи, спорту и туризму при Правительстве Республики Таджикистан и Национальным советом по туризму и наследию Объединенных Арабских Эмиратов о сотрудничестве в области туризма, подписанный 17 марта 2016 года в городе Дубай.
2. Комитету по развитию туризма при Правительстве Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами принять необходимые меры по реализации настоящего Меморандума о взаимопонимании.
3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить Объединенные Арабские Эмираты о выполнении Республикой Таджикистан внутригосударственных процедур, необходимых для вступления в силу настоящего Меморандума о взаимопонимании.
Председатель
Правительства Pecпублики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 15 января 2018 года, №19
*прилагается на тадж.языке