Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҷавонон, варзаш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои миллии сайёҳӣ ва осори қадимаи Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ аз 17 марти соли 2016

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Тасдиқ карда шудааст

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 январи соли 2018 № 19

Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҷавонон, варзаш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои миллии сайёҳӣ ва осори қадимаи Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои миллии сайёҳӣ ва осори қадимаи Амороти Муттаҳидаи Араб, ки минбаъд "Тарафҳо" номида мешаванд,

бо хоҳиши мусоидат ва таҳкими робитаҳои дустӣ байни ду кишвар тавассути рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ,

бо эътирофи аҳамияти сайёҳӣ дар ҳавасмандгардонии рушди иқтисодиёт, ҳамдигарфаҳмӣ, нияти нек ва робитаҳои наздик миёни мардум,

ба мувофиқаи зайл расиданд:

Моддаи 1

Тарафҳо ҳамкориҳоро байни кишварҳои худ дар соҳаи сайёҳӣ тибқи қонунгузории миллии худ ва бе маҳдудият ба уҳдадориҳои байналмилалии худ пеш бурда, ҳавасманд мегардонанд.

Моддаи 2

Тарафҳо талош мемамоянд, то ба гурӯҳҳои сайёҳони кишварҳои худ тибқи қонунгузории миллӣ ва бе маҳдудият ба уҳдадориҳои байналмилалии худ мусоидат намуда, ҳамкориро байни огентиҳои сайёҳӣ, инчунин корхонаю ташкилотҳои дар соҳаи сайёҳӣ фаъолияткунанда ҳавасманд намоянд.

Моддаи 3

Тарафҳо мутақобилан сайёҳиро тавассути мубодилаи иттилоот, нашрияҳо ва дигар маводи ташвиқотӣ бо мақсади беҳдар шинос намудани аҳолии Тарафи дигар аз мавзеъҳои сайёҳатӣ ва афзудани гурӯҳҳои сайёҳӣ ташвиқ менамоянд.

Моддаи 4

Тарафҳо ҳамкориро дар соҳаи рушди устувори сайёҳӣ, бахусус рушди сайёҳии хос, ба монанди агроэкосайёҳӣ, сайёҳии фарҳангӣ ва сайёҳии баҳри роҳандозӣ менамоянд. Бо ин мақсад, Тарафҳо мубодилаи ташрифи коршиносон ва таҷрибаи пешсаф, инчунин ташкили чорабиниҳо, лексияҳо ва семинарҳоро ҳавасманд менамоянд.

Моддаи 5

Тарафҳо мубодилаи иттилоот ва ҳуҷҷатгузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, омӯзиш ва бозомӯзии хизматрасонӣ дар меҳмонхона, ташкили шароити зарурии мусоид ва шаклҳои имконпазири ҳамкорӣ дар ин соҳа, аз ҷумла бозомӯзии амалӣ, мубодилаи донишҷӯён, омӯзгорон ва коршиносони мактабҳои касбии сайёҳӣ ва ташкили семинару чоабиниҳо барои хизматчиён ва коршиносони соҳаи сайёҳиро ба роҳ мемонанд.

Моддаи 6

Тарафҳо татбиқи Ёддошти тафоҳуми мазкурро ба зиммаи мақомоти зерин вогузор менамоянд:

аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон: Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

аз ҷониби Амороти Муттаҳидаи Араб: Шӯрои миллии сайёҳӣ ва осори қадима.

Моддаи 7

Дилхоҳ ихтилофҳо, ки аз татбиқ ва тафсири ин Ёддошти тафоҳум ба миён меоянд, тавассути гуфтушунид ва машваратҳои Тарафҳо дӯстона ҳаллу фасл мешаванд. Ҷузъиётҳо бо роҳҳои дипломатӣ мувофиқа мешаванд.

Моддаи 8

Бо розигии хаттии Тарафҳо ба Ёддошти тафоҳуми мазкур метавонанд тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд. Чунин тағйиру иловаҳо тибқи муқаррароти моддаи 9 Ёддошти тафоҳуми мазкур эътибор пайдо менамоянд, агар Тарафҳо ба созиши дигаре нарасида бошанд.

Моддаи 9

Ёддошти тафоҳуми мазкур пас аз гирифтани охирон огоҳиномаи хаттӣ, ки тавассути он Тарафҳои Аҳдкунанда якдигарро бо роҳҳои дипломатӣ дар бораи анҷом додани расмиёти дохилидавлатӣ, ки барои эътибор пайдо намудани Ёддошти тафоҳуми мазкур зарур аст, огоҳ мекунанд, эътибор пайдо менамояд.

Ёддошти тафоҳуми мазкур ба мӯҳлати 5 сол амал мекунад ва он худ аз худ ба давраҳои панҷсолаҳои минбаъда тамдид меёбад, агар яке аз Тарафҳо на дертар аз шаш моҳи то ба охир расидани мӯҳлати навбатии дахлдор оид ба нияти қать кардани амали он Тарафи дигарро бо роҳҳои дипломатӣ ба таври хаттӣ огоҳ накунад.

Қатъ гаштани Ёддошти тафоҳуми мазкур ба хотима ёфтани лоиҳаҳо, барномаҳо ва дигар ташаббусҳо, ки таҳти Ёддошти тафоҳум оғоз ёфтаанд ва ё пурра татбиқ нашудаанд, бинобар қатъ гаштани он, таъсир намерасонад, агар Тарафҳо ба созиши дигаре нарасида бошанд.

Бо тасдиқи ҳамин имзокунандагони зерин, ки ба таври дахлдор аз ҷониби ҳукуматҳояшон ваколатдор шудаанд, Ёддошти тафоҳуми мазкурро ба имзо расониданд.

Ёддошти тафоҳуми мазкур дар ш. Дубай "17" марти соли 2016 дар ду нусхаи асл, ҳар кадом бо забонҳои тоҷикӣ, арабӣ ва англисӣ ба имзо расида, ҳамаи матнҳо эътибори якхела доранд. Дар сурати ба миён омадани ихтилофот дар тафсир ин Ёддошти тафоҳум, афзалият ба матни англисӣ дода мешавад.

 

Аз ҷониби Кумитаи ҷавонон,

варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Аз ҷониби Шӯрои миллии сайёҳӣ

ва осори қадимаи Амороти Муттаҳидаи Араб

 

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Меморандуме о взаимопонимании между Комитетом по делам молодежи, спорту и туризму при Правительстве Республики Таджикистан и Национальным советом по туризму и наследию Объединенных Арабских Эмиратов о сотрудничестве в области туризма

В соответствии со статьей 13 Закона Республики Таджикистан "О международных договорах Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Меморандум о взаимопонимании между Комитетом по делам молодежи, спорту и туризму при Правительстве Республики Таджикистан и Национальным советом по туризму и наследию Объединенных Арабских Эмиратов о сотрудничестве в области туризма, подписанный 17 марта 2016 года в городе Дубай.

2. Комитету по развитию туризма при Правительстве Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами принять необходимые меры по реализации настоящего Меморандума о взаимопонимании.

3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить Объединенные Арабские Эмираты о выполнении Республикой Таджикистан внутригосударственных процедур, необходимых для вступления в силу настоящего Меморандума о взаимопонимании.

Председатель

Правительства Pecпублики Таджикистан   Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 15 января 2018 года, №19

*прилагается на тадж.языке